Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

К.Шарипов: "Дар ихроҷи ман гурӯҳҳои мафиёӣ даст доранд". ВИДЕО


Каромат Шарипов, раиси як Созмони муҳоҷирони тоҷик, ки моҳи декабри соли 2017 ба Тоҷикистон ихроҷ шуд, мегӯяд, фаъолияти ӯ дар самти ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ дар Русия ба бархе “гурӯҳҳои мафиоёии тоҷик” писанд набуд.

Ӯ гуфт, дар ниҳоят ба ин гурӯҳҳо дар ҳамкорӣ бо бархе мақомоти сохторҳои интизомии Русия даст дод, ки ӯро ба Тоҷикистон ихроҷ кунанд. Вай гуфт, ки билохира шод аст, ки ба Тоҷикистон ихроҷ шуд ва ҳоло талош дорад аз Душанбе истода тасмими ихроҷи худро тавассути сохторҳои ҳифзи қонуни Тоҷикистон ба чолиш кашонад.

Каромат Шарипов рӯзи 13 декабр ба Тоҷикистон ихроҷ карда шуд ва

Боварӣ дорам, мақомоти Тоҷикистон вазорати корҳои дохилӣ санади нодурустии шаҳрвандии маро собит хоҳад кард ва ман ҳатман ва бо боварӣ метавонам бигӯям, ки ба зудӣ ба Русия бархоҳам гашт. Вале агар корҳо ранги дигар гирад, ба Додгоҳи олии Русия ва ба додгоҳҳои Аврупо шикоят хоҳам бурд

дар шарҳи расмии қарори додгоҳи Маскав гуфта шуд, ки сабаби аслии ихроҷи Шарипов “аз роҳи тақаллуб ба даст овардани шиносномаи шаҳрванди Русия" буд. Шаҳрвандии Русияи Шарипов бекор шуд ва ҳоло ӯ як шахси бидуни санадаи шаҳрвандӣ аст. Худи ӯ мегӯяд, ки ба унвони хизматкарда дар артиши Иттиҳоди Шӯравӣ соли 1993 аз ҳақи гирифтани шаҳрвандии Русия баъди пош хӯрдани СССР истифода кард. Ӯ мегӯяд, бо он ки зодаи Тоҷикистон аст, ҳеҷ гоҳ шаҳрванди ин кишвар набуд.

Сӯҳбати хабарнигори Радиои Озодӣ бо Каромат Шарипов рӯзи 6 январ пас аз дидораш бо вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода сурат гирифт.

Каромат Шарипов: Лозим шавад, то Додгоҳи Аврупо шикоят мекунам
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:30 0:00

Радиои Озодӣ: Сӯҳбати шумо бо вазири корҳои дохилӣ дар чӣ маврид буд?

Каромат Шарипов: Ин мулоқот бо хоҳиши ман сурат гирифт. Чанд санад, аз ҷумла оид ба баргаштан ба ватан ва санади шаҳрвандии ман, ки гӯё шаҳрванди Тоҷикистон ҳастам, мавриди баррасӣ шуд. Ман албатта ин ҳамаро рад мекунам ва ба вазир расонидам, ки ман

Каромат Шарипов

Каромат Шарипов соли 1963 дар ноҳияи Файзобод ба дунё омадааст. Соли 1984 Омӯзишгоҳи олии низомию сиёсии Симферопол ва соли 1989 – Мактаби олии ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравиро хатм кардааст. Соли 2010 дипломи Академияи хидмати давлатӣ дар Қафқози Шимолиро бо ихтисоси «мудирияти давлативу маҳаллӣ» ба даст овардааст.

Шарипов худро бештар чун як низомии собиқ муаррифӣ мекунад. Солҳои 1984-1986 дар артиши шӯравӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон ва солҳои 1986-1991 дар сафи артиши советӣ дар Олмон хизмат кардааст. Соли 1991 баъди хатми хизмат дар Олмон ба ҳайати фармондеҳии Округи низомии Туркистон ба Тоҷикистон рафт ва дар сафи артиши шӯравӣ дар Кофарниҳон хизмат кард. Солҳои 1993-1996 дар ҳайати дивизияи 201-уми Русия (ҳоло пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон) кор кардааст. Солҳои 1996-2000 зери назари фармондеҳии Округи низомии Маскав қарор дошт.

Баъди тарки карераи низомӣ соли 2001 дар Русия бунёди ҳимоят аз ҳуқуқи муҳоҷирони кории «Тоҷик-диаспора»-ро таъсис дод. Соли 2003 дар Маскав созмони ҷамъиятии "Народная Лига "Таджики"-ро ташкил кард.

Соли 2008 дар Маскав ҷумбиши "Таджикские трудовые мигранты" таъсис ва сабтином кард. Соли 2016 додгоҳи олии Русия бо талаби вазорати адлия созмонро бекор кард ва гуфт, ки ин ташкилот ба нақзи оинномаву протоколҳои анҷуман роҳ додааст.

Муассиси созмон Каромат Шариповро як шахси баҳсбарангез меноманд, ки бо изҳороти пурихтилофу моҷаробарангезаш дар матбуот маъруф шудааст. Аз ҷумла, дар қазияҳои марбут ба басташавии бозори Черкизов ва моҷароҳои муҳоҷирон дар бозори “Садовод”-и Маскав дар соли 2014 дахолат кардааст. Дар пайи моҷарои марбут ба латту кӯби як муҳоҷири тоҷик дар шоми 20-уми сентябри соли равон дар маркази тиҷоратии "Люблино", додситонии минтақаи ҳамномаи он дар шаҳри Маскав Каромат Шариповро дар ташкили эътирозҳои даҳҳо муҳоҷир айбдор кард. Додситонӣ ӯро ҳушдор дода буд, ки дар сурати такрори чунин нооромиҳо ба ҷавобгарӣ кашида мешавад. Худи Шарипов пайваста гуфтааст, ки аз ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ ҳимоят кардааст.

шаҳрванди Тоҷикистон нестам ва тасдиқи ин ҳамаро, ки ман шаҳрвандии Тоҷикистонро надорам, пурсон шудам. Вазир гуфт, ки хабар надорад, танҳо аз тариқи расонаҳо дар бораи ихроҷи ман медонистааст ва ба мақомот дастур дод, ки ин ҳамаро биомӯзанд ва ӯро дар ҷараён гузоранд. Аммо Рамазон Раҳимзода гуфт, ки ин гуна дархост аз ҷониби мақомоти Русия сурат нагирифтааст ва дурустии онро хоҳад санҷид.

Радиои Озодӣ: Ниҳоят шумо метавонед бигӯед, ки барои ихроҷи шумо Тоҷикистон бештар манфиатдор буд ва ё Русия?

Каромат Шарипов: Медонед, дар Русия гурӯҳҳое ҳастанд, ки бонуфуз ҳастанд, пул доранд. Онҳо тоҷик ва тоҷикзабон ҳастанд. Ин гуруҳҳо бо мақомоти пулиси Русия наздик ҳастанд ва гапашон мегузарад. Ана ҳамин гуруҳҳо маро бо дасти мақомоти Русия ихроҷ карданд ва ман хуб огоҳ ҳастам, ки онҳо пешниҳод кардаанд, ки аз Русия ба ҳарҷо, ки бошад, фиристонед, мешавад. Хуб шуд, ки Тоҷикистон ихроҷи маро ба ватан рад накард, вагарна онҳо метавонистанд маро ба ҳар ҷое, ки хоҳанд, ҳатто ба Сомалӣ фиристонанд.

Радиои Озодӣ: Чаро дар шаҳрвандии шумо шубҳа бархост?

Каромат Шарипов: Фармони президент аз соли 1995 ҳаст. Нафароне, ки дар қувваҳои мусаллаҳи кишвари бегона фаъолият мекунанд, аз шаҳрвандии Тоҷикистон хориҷ карда шаванд. Ман пурсидам, ки вақте чунин сандҳо ҳастанд, чаро шумо масъалаи шаҳрвандии маро баррасӣ кардед. Ман, воқеан, як шаҳрвандӣ доштам ва ин сабаб дошт, яъне мондан дар қуваҳои мусаллаҳи шуравӣ ва баъд дар неруҳои мусаллаҳи Русия ва ин амалӣ шуду ман нафақа гирифтам, хона харидам, фарзандҳои ман дар онҷо ҳастанд. Пас ман чӣ гуна шаҳрвандии Тоҷикистонро дорам? Мақомоти Русия хостанд, ки хонаи маро гиранд ва фарзандҳои маро ихроҷ кунанд ҳоло вакилони мудофеи ман руи ин масъалаҳо дар Маскав таҳқиқ бурда истодаанд.

Радиои Озодӣ: Дар нисбати шумо бархе гуруҳҳо гуфтанд, ки дар Русия зидди Тоҷикистон кори ҷосусӣ мекунед.

Каромат Шарипов: Чаро ин гуна ҳарфҳо зада мешавад? Ҳар касе гунаҳкор аст, ҳатман ошкор мешавад. Ин гуна дасисабозиро кӣ мекунад? Охир инҳо на президенти Тоҷикистон ҳастанд, на вазири дохила. Инҳо афроде ҳастанд дар барои ободии Тоҷикистон фикре ҳам намекунанд. Ва ҳукумат ҳам аз онҳо безор шуда буд. Марҳамат, ба додгоҳ биёянд, даъво кунанд.

Радиои Озодӣ: Ҳоло бар асоси ихроҷе ки дар нисбати шумо содир шудааст, таи панҷ сол ҳақи ба Русия рафтан надоред. Чӣ кор карданӣ ҳастед, мунтазир мемонед?

Каромат Шарипов: Ман ҳаминро гуфтанӣ ҳастам, ки аз Тоҷикистон ҳеҷ талабе надорам ва ҳамчун фарзанд хизмат кардам, вале барои Русия хизмати давлатӣ кардам. 25 сол хизмат кардам, дар рӯзҳои ҷангу нооромиҳо хизмат кардам. Русия ба ман медалу орден медиҳад, хона медиҳад. Ман барои Тоҷикистон ҳам хиизмат кардаам ва бо кумаку пуштибонӣ аз муҳоҷирони корӣ миллиардҳо маблағ ба Тоҷикистон ворид кардаем. Ман фақат як даъво ва талаб доштаму дорам, яъне Русия ҳаққи заҳмати кории муҳоҷири тоҷикро гардонда диҳад, ҳамин аст талаби ман. Шумо мепурсед, ки бармегардед ё не? Ман мегӯям, ки рафтани ман ба Русия зарур аст. Ин барои номуси кишварам аст ва барои нодуруст будани санадҳое ҳастанд, ки маро ихроҷ карданд.

Радиои Озодӣ: Шонси баргаштани шумо ба Русия чанд дар сад аст?

Каромат Шарипов: Масъалаи аслӣ бар рӯи се санад аст. Аввал ихроҷ -выдворение, дуввум - аз хонаи хусусиам баровардани номи ман аст ва сеюм қабул накардани паспорти ман. Ин ҳама хандаовараст. Агар ин паспорти ман нодуруст буд, пас чӣ тавр паспорти дуввуми ман дар вақти ба нафақа баромадан қабул шуд? Пас масъуле, ки ба ман паспорт дод, бояд ба додгоҳ кашида мешуд. Боварӣ дорам, мақомоти Тоҷикистон вазорати корҳои дохилӣ санади нодурустии шаҳрвандии маро собит хоҳад кард ва ман ҳатман ва бо боварӣ метавонам бигӯям, ки ба зудӣ ба Русия бархоҳам гашт. Вале агар корҳо ранги дигар гирад, ба Додгоҳи олии Русия ва ба додгоҳҳои Аврупо шикоят хоҳам бурд.

XS
SM
MD
LG