Мақомоти Русия дар минтақаҳои ишғолкардаи худ дар Украина бо ёрии "Юнармия" наврасонро барои ширкат дар ҷанг ба зидди ватанашон омода мекунанд. Баъд аз ҳамлаи Маскав ба Киев, кори ин созмони низомӣ тақвият ёфтааст. Санадҳоро дар ин бора гурӯҳи рахнагарони украинии KibOrg дастрас ва ба тарҳи таҳқиқотии "Схема"-и бахши украинии Радиои Озодӣ пешниҳод карданд.
"Юнармия", мероси Шойгу
Созмони "Юнармия" ё артиши ҷавонон соли 2016 бо ташаббуси вазири вақти мудофиаи Русия, Сергей Шойгу, таъсис дода шуд. Вай гуфта буд, ин созмон 1,3 миллион узв дорад. Кӯдакони аз 8-сола боло ба воситаи замимаи мобилӣ метавонанд, ба сафи ин созмон бипайванданд.
Ба иддаои муассисонаш, созмон дар рушди ҷисмӣ, зеҳнӣ ва ахлоқии ҷавонон мусоидат мекунад, онҳоро ба иҷрои уҳдадорӣ ва қарзи худ дар назди қонун ташвиқ ва ба хидмат дар сафи Нерӯҳои мусаллаҳи Русия омода мекунад.
Аъзои "Юнармия" соли 2017 дар парад ё намоиши низомӣ бахшида ба Рӯзи Ғалаба дар Маскав ҳамроҳи сарбозон раҳпаймоӣ карданд. Аъзои артиши ҷавонон аз минтақаҳои ғасбкардаи Русия дар Украина имсол дар чорабиниҳои низомӣ дар шаҳри Новосибирск ширкат намуданд.
Шуъбаи нахустини "Юнармия" дар минтақаи ишғолшудаи Қрим пас аз чанд моҳи таъсисёбии созмон ба кор сар кард. Ба гуфтаи Олег Оҳредко, муҳаққиқи Маркази таълими шаҳрвандии "Алмандо" (созмони украиние, ки мавридҳои нақзи ҳуқуқуи кӯдаконро дар шароити ҷанг сабт мекунад), то моҳи сентябри соли 2016 фаъолияти "Юнармия" дар тамоми нимҷазираи Баҳри Сиёҳ паҳн шуд. Русия дар соли 2014 Қримро ғасб ва дар минтақаҳои Донетску Луҳански Украина ҷангро сар кард.
"Созмони "Юнармия" маҳз бо ҳадафи тарбияи низомии кӯдакону наврасони на танҳо рус, балки аз минтақаҳои ишғолшудаи Украина таъсис ёфта буд," – гуфт Катерина Рашевская, ҳуқуқшиноси Маркази минтақаӣ оид ба ҳуқуқи башар. Вай баъд аз ишғоли Қрим ба Киев кӯч бастааст.
Ба иттилои Вазорати дифои Русия, як моҳ пеш аз оғози ҳамлаи Русия ба Украина созмон танҳо дар Қрим 29 ҳазор узв дошт.
"Ҷинояти ҷангӣ"
Мақомоти Украина раҳбарияти созмони "Юнармия"-ро дар Қрими ишғолшуда ба нақзи эъломияи Женева ва "ташвиқу ҷалби ғайринизомиён" муттаҳам карданд.
Ҳомии ҳуқуқи башар аз Қрим, Ирина Седова, ҳам аз изҳороти Киев пуштибонӣ кард. Ӯ гуфт: "Ба назари мо, кори созмон ҳуқуқи башари байнулмилалиро поймол мекунад ва раҳбарони он алайҳи сокинони Қрим ва махсусан кӯдакону наврасоне, ки ғайриихтиёрӣ ба "Юнармия" ҷалб карда мешаванд, ҷиноятҳои ҷангӣ содир мекунанд."
Владимир Коваленко, раҳбари созмон дар Севастопол, дар посух ба ин иттиҳом ҳукумати ҳозираи Украинаро ғайриқонунӣ ва иддаои онҳоро беасос хонд. Бо ин вуҷуд бо оғози ҳамлаи Русия ба Украина, баъзе аз аъзои собиқи "Юнармия" аз минтақаҳои ғасбшуда ба сафи артиши Русия пайваста, зидди Украина ҷангидаанд.
Иля Зозулскийи 23-сола, зодаи деҳаи Полтаваи Қрим, яке аз онҳост. Ба навиштаи расонаҳои Русия, ба ӯ нишони Жуков додаанд. Торнамои Mash соли 2023 хабар дод, ки Иля, яке аз 50 "муррабӣ"-и "Юнармия", дар ҷанг ширкат кардааст.
Зозулский ба зангу паёмҳои тарҳи "Схема" посух надод.
Бритониё рӯзи 19-уми ноябр алайҳи "Юнармия" таҳрим ҷорӣ кард ва онро "созмони низомии русӣ" хонд, ки "барои татбиқи ҳадафҳои Путин ва ҷалбу мағзшӯии ҷавонони украинӣ нақши калидӣ дорад". Дар изҳороти ин кишвар гуфта шудааст, ки "созмон мунтазам барои аз байн бурдани ҳувияти фарҳангӣ ва миллии Украина талош мекунад".
Таҳрим алайҳи созмон пас аз аввалин даъвати низомиёни Русия аз ҷавонони минтақаҳои ғасбшудаи Украина барои пайвастан ба артиш эълон шуд.
Фаъолияти "Юнармия" дар Донбас соли 2022, замоне сар шуд, ки Путин гуфт, вилоятҳои Донетск ва Луҳанску Запарожйе ва Херсон "аз Русия ҳастанд". Аз соли 2019 гурӯҳи дигаре бо номи "Молодая гвардия-Юнармия" ба фаъолият шуруъ кард.
Ба наврасон чӣ ёд медиҳанд?
Соли 2023 дар минтақаҳои ғасбшудаи Донетск ва Луҳанск "хона"-и Юнармия фаъол шуд. Аъзои он дар синфхонаҳои махсус дарси истифодаи силоҳ мегузаронанд. Тибқи санадҳое, ки гурӯҳи рахнагарони KibOrg дастрас кардаанд, созмони "Юнармия" аз бинои мактабҳо бепул истифода мебарад ва бо пуштибонии молии ҳукумати Русия кор мекунад.
Тарҳи "Схема" даҳҳо сабти ин кӯдакони мактабхонро дар минтақаҳои ғасбшуда дорад. Аксари онҳо ё аъзои "Юнармия" ҳастанд ё бо он ҳамкорӣ доранд.
Яке аз онҳо хонандаи синфи 8-ум дар як ноҳияи ишғолшудаи вилояти Донетск аст. Номи ноболиғ ошкор намешавад, аммо бино ба навиштае дар шабакаҳои иҷтимоӣ, вай дар урдугоҳи таълимии "Guardian-2024" ширкат карда, барои ба қисмҳо ҷудо ва ҷамъ кардани силоҳи АК-74 соҳиби медали биринҷӣ шудааст.
"Ширкатдорон тирандозиро тамрин карда, таълими ибтидоии ҳарбӣ гирифтанд ва усулҳои муосири ҷангро омӯхтанд," -- гуфта шудааст дар хабар. Ба гуфтаи масъулон, "беш аз 300 хонанда" аз Русия ва вилоятҳои Донетску Запарожйе "ба Юнармия савганди садоқат ёд карданд".
Аъзои собиқи "Молодая гвардия-Юнармия" дар бахшҳои ғасбшудаи Донетск аз тарафи Русия меҷанганд.
Станислав Сикорский аз Горловка соли 2018 мактаби миёнаро хатм кардааст ва узви созмони "Юнармия" ва ҳамзамон "Молодая гвардия-Юнармия" буд. Бино ба маълумоте, ки дар саҳифаи ин созмонҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ оварда шудааст, бо оғози ҳамлаи беасоси Русия ба Украина, Станислав "дар саф"-и низомиёни Русия буд ва дар ҷангҳои вилояти Херсон ширкат мекард.
Сикорский соли 2023 аз ҷанг баргаштааст. Ӯ ба зангу паёмҳои гурӯҳи таҳқиқотии "Схема" посух надод.
"Аксари онҳо кушта шуданд"
Анна Лисовенко ҳам соли 2017, ҳанӯз дар 17-солагӣ, ба сафи гурӯҳи "Молодая гвардия-Юнармия" пайваст. Бино ба навиштаҳояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ, вай ҳоло дар ҷанги зидди Украина ширкат дорад. Вазифааш оператори бесарнишин аст ва шомили гурӯҳи иктишофии низомиёни Русия.
"Ман узви Юнармия будам, ҳоло дар артиш хидмат мекунам. Қариб нисфи онҳое, ки бо мо мехонданд, роҳи низомиро интихоб карданд. Мутаассифона, аксари онҳо аллакай кушта шуданд. Баъзеи онҳо захм бардоштанд ва хидматро идома дода наметавонанд," -- нақл кард Лисовенко ба таҳқиқотгарони тарҳи "Схема".
Ба нақли вай, "малакаи истифода аз силоҳ, машқи ҷисмонӣ ва донишҳои таърихие, ки ӯ дар "Молодая гвардия-Юнармия" омӯхт, дар ҷанги алайҳи Украина кор омад."
Зозулский, Сикорский ва Лисовенко зодаи он минтақаҳои Украина ҳастанд, ки даҳ сол боз зери назорати Русия қарор доранд. Созмони "Юнармия" ҳам дар ҳудуди минтақаҳое фаъол аст, ки баъд аз оғози ҷанги Русия дар Украина дар соли 2022 аз сӯйи Маскав ғасб шудаанд.
Соли гузашта як бахши ин созмон дар Мариупол кӯдаконро дар ҳафт баст ба лагер ё фароғатгоҳе дар баҳри Азов ҷалб кард. Баробар бо омӯзишҳои дигар дар он ҷо ба кӯдакон тирандозиро ёд доданд.
Валерий Онатск, яке аз муасссисони лагер, раҳбари шуъбаи кор бо оила ва кӯдакони Мариуполи ишғолшуда аст. Таҳқиқоти "Схема" дар соли 2023 маълум кард, ки Онатск дар бурдани кӯдакони украинӣ аз минтақаҳои ишғолшуда ба Русия даст дорад. Ин амал сабаб шуда буд, ки Додгоҳи байнулмилалии ҷиноӣ қарори ҳабси Путинро содир кунад.
Моҳи ноябри соли 2022 ҳукуматҳои ишғолшуда эълон карданд, ки дар вилоятҳои Херсон ва Запарожйе шуъбаҳои "Юнармия" таъсис ёфт. Раҳбари созмон дар вилояти Запарожйе Фидаил Бикбулатов аст. Хадамоти ҷосусии Украина ӯро ба даст доштан дар рабудани гурӯҳии кӯдакон аз минтақаҳои ғасбшудаи Украина ба Русия айбдор медонад.
Бикбулатов дар суҳбат бо пажӯҳишгарони тарҳи "Схема" гуфт, "аъзои "Юнармия" оянда зиндагии худро бо хидмати ҳарбӣ мепайванданд." Вай афзуд: "Мо мебинем, ки онҳо лаёқат доранд, интизор дорем, ки низомӣ мешаванд. Мо онҳоро меомӯзонем, бо онҳо кор мекунем. Ҳатто Вазорати дифоъ ҳангоми шомил шудан ба созмон ба аъзои собиқи созмон имтиёзҳо медиҳад, вале ин ҳама ихтиёрӣ сурат мегирад."
Далелҳо баёнгари онанд, ки раҳбарияти “Юнармия” ба кори бахшҳои созмон аз рӯйи он баҳо медиҳад, ки чӣ қадар аъзои онҳо ба артиши Русия пайвастаанд. Виктор Кауров, муовини раҳбари “Юнармия”, моҳи октябр ба бахшҳои минтақаии созмон барои озмуни "арзёбии солона" дастур дод. Дар он ба кори бахшҳо вобаста ба ду чиз – "шумори аъзои ба хидмат даъватшуда ё ба Донишгоҳҳои низомӣ дохилшудаи Юнармия" ва "теъдоди тарбиягирандагон дар марказҳои таълимии Юнармия" баҳогузорӣ мешавад.
Масъулони идораи марказии "Юнармия" дар Маскав ба суолҳои муҳаққиқони "Схема" посух надоданд.