Ҷейк Салливан, мушовири амнияти миллии Кохи Сафед рӯзи 12 июн гуфт, "ин иқдомҳо нафратангез ва ваҳшатнок аст. Кӯдакони украинӣ ба хонаводаҳояшон дар дохили Украина тааллуқ доранд.
Вай афзуд, "Русия на танҳо алайҳи артиши Украина, балки алайҳи мардуми Украина ҷанг ба роҳ андохтаааст".
Нашрияи Financial Times рӯзи чаҳоршанбе дар гузорише таҳқиқотӣ навишт, ки чаҳор кӯдаки украиниро шиносоӣ кардааст, ки ба Русия бурда шуда ва ном ва мушаххасоти дигари онҳоро барои фарзандхонӣ дар як вебсайти русӣ гузоштаанд.
Ин гузориш мегӯяд, ки ин кӯдакон аз 8 то 15-сола ҳастанд.
Бар асоси ин гузориш, номи яке аз бачаҳо ба исми русӣ тағйир ёфта ва ҳеҷ ишорае дар вебсайт ба ҳувият ва решаҳои украинии ӯ нашудааст.
Украина хостори бозгардонидани ҳудуди 20 ҳазор кӯдак аст, ки мегӯяд, русҳо аз оғози ин ҷанг дар соли 2022 то кунун онҳоро ба таври ғайриқонунӣ ба Русия бурдаанд.
Қаблан Додгоҳи байнулмилалии Гаага ба ҳамин далел эълон карда буд, ки қарори боздошти Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия ва Мария Лвова Беловаро ба иттиҳоми иштирок дар "рабудани кӯдакони украинӣ", содир кардааст.
Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Укарина моҳи гузашта ба хабаргузории "Франс-пресс" гуфт, ки мехоҳад дар Нишасти сулҳи Украина, ки рӯзҳои наздик дар Шведсария баргузор мешавад, масъалаи бозгашти ин кӯдакон ба кишвари худро ба яке аз мавзуъҳои асосӣ табдил диҳад.
Владимир Зеленский ҳушдор дод, ки вақт мегузарад ва ин кӯдакон дур аз хонавода дар қаламрави Путин тавре калон мешаванд, ки ба сарзамини модарии худ нафрат меварзанд.
Гуфтугӯ