Дилпурии ҲХДТ ба пирӯзии номзадаш дар моҳи ноябр

Чаро ҳизби ҳоким анҷумани пешазинтихоботиашро дар "охирин лаҳзаҳо" барпо мекунад? Ва чӣ омилҳоест, ки ҲХДТ-ро ба пирӯзӣ дар интихоботи моҳи ноябр чунин дилпур кардааст?
Кумитаи марказии иҷроияи ҳизби ҳокими халқии демократии Тоҷикистон анҷуманаш ба манзури пешбарии номзади ҳизб ба интихоботи рӯзи 6 ноябри раёсати ин ҷумҳуриро рӯзи 4 октябр даъват кардааст. Вале аз ҳоло маълум аст, ки ҳизби ҳоким ин дафъа низ ғолибан номзадии раисиҷумҳури кунунӣ Эмомалӣ Раҳмонро барои боз як давраи ҳафтсолаи раёсат пешбарӣ хоҳад кард. Дар сурати пирӯзӣ Эмомалӣ Раҳмон, ки аз соли 1992 зимоми раҳбарии Тоҷикистонро дар даст дорад, собиқаи раёсаташ бар ин фақиртарин кишвари Шӯравии собиқро ба 28 сол хоҳад расонд.

Аммо чаро ҳизби ҳокими халқии демократӣ анҷуманашро чунин дер, дар охирин рӯзҳои марҳалаи пешбарии номзадҳо, барпо мекунад? Оё дар 2 рӯзе ки то 7 октябр, яъне рӯзи ниҳоии ҷамъоварии имзоҳои тарафдорон боқӣ мемонад, ҳизби ҳоким хоҳад тавонист 210 000 имзои лозим ба тарафдорӣ аз номзадашро ҷамъ биорад? Ваё ин ҳама аз эътимоди зиёди мақомоти ин ҳизб бар пирӯзии номзадашон дар интихоботи рӯзи 6 ноябр маншаъ мегирад?

Ин суолҳоро рӯзи 2 сентябр дар як гуфтугӯи ихтисосӣ бо Усмон Солеҳ, сухангӯи ҳизби халқии демократӣ дар миён гузоштем.

Усмон Солеҳ мегӯяд, тибқи қонунгузорӣ, 4 октябр низ барои пешбарии номзади ҳизб чандон дер нест ва “номзаде, ки дар анҷуман пешбарӣ карда мешавад”, барои роҳандозии баъдии маъракаи таблиғотиаш низ як моҳи дигар фурсат хоҳад дошт, ки барои онҳо кофист.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Усмон Солеҳ: Ҳизби мо ба пирӯзии номзадаш дилпур аст



Усмон Солеҳ низ тасдиқ кард, ки ҳизби халқии демократӣ ба пирӯзиаш дар интихобот дилпур аст ва эҳтиёҷи зиёде ба таблиғи номзадаш надорад, чунки, ба таъбири ӯ, “ҳар номзаде ки анҷуман интихоб мекунад, нафари шинохтае хоҳад буд, ки мардум ӯро хуб мешиносанд.” Ҳарчанд бисёриҳо мегӯянд, ки номзади ҳизби ҳоким ин бор низ яқинан Эмомалӣ Раҳмон аст, Усмон Солеҳ аз бурдани кадом исми мушаххасе худдорӣ кард ва гуфт, ҳар як вакили анҷуман ҳаққ дорад, ҳар номзади дилхоҳашро пешбарӣ кунад.

Усмон Солеҳ гуфт, ҳизби халқии демократӣ нирӯву қудрати кофие дорад, ки бо ҳар номзади мухолифе ки дар баробараш ба майдон меояд, рақобат кунад: “Ба ҷуз аз 220 000 узви ҳизб, тибқи он хулосаву таҳлилҳое ки мо рӯи даст дорем, мо дар интихоботҳои гузашта аксаран беш аз 3 миллион овоз мегирифтем. Бо дарназардошти ин, мо омода ҳастем бо ҳар номзаде ки аз ҳизбҳои дигар пешбарӣ мешавад, рақобат кунем, рақобати солим. Аммо ман шахсан рақиби пурқувватеро дар баробари ҳизби худамон дар ҳоли ҳозир намебинам, чунки ҳам аз ҷиҳати шумораи аъзо ва ҳам аз ҷиҳати нуфузе ки дар кишвар дорад, ва ҳам аз ин ҷиҳат ки бо барномаҳои созандае ба маъракаҳои сиёсӣ меравад, ҳизби пешқадам ҳамин ҳизби мост, ки барномаҳояш ба мардум бештар хуш меояд.”

Усмон Солеҳ гуфт, аҳзоби мухолиф аз нигоҳи чӣ нуфуз ва чӣ шумори аъзо “чандон кирои гап” нестанд. Аз тарафи дигар, ба таъкиди сухангӯи ҳизби ҳоким, аҳзоби мухолиф чанд муддат боз дар марҳалаи интихоби номзади ягона дармондаанд.

Парлумони Тоҷикистон дар ҳафтаи гузашта 6 ноябрро рӯзи интихоботи навбатии раёсати ин ҷумҳурӣ таъйин кард. Куммиссиюни марказии интихобот ва раъпурсии Тоҷикистон (КМИРТ) ахиран эълон кард, ки ҳар довталаб бояд то 210 000 имзо ҷамъ биорад. Ҷамъоварии имзоҳо аз рӯзи пешбарии номзад то 7-уми октябр идома хоҳад ёфт. Аммо бино ба дастури КМИРТ, шаҳрвандони тоҷике, ки берун аз қаламрави Тоҷикистон ба сар мебаранд, на ҳаққи пешбарии номзадии худро доранд ва на ҳаққи додани имзо барои пешбарии ягон номзади дигарро.

Интихоботи рӯзи 6 ноябр шашумин интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон ба шумор рафта, тибқи Қонуни асосиаш, раисиҷумҳур барои 7 сол интихоб мешавад.

Дар нахустин интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи ноябри соли 1990 дар Шӯрои олӣ - парлумони вақти Тоҷикистони ҳанӯз Шӯравӣ доир шуд, Қаҳҳор Маҳкамов нахустин раисиҷумҳур интихоб шуд. Аммо ӯ моҳи августи соли 1991 таҳти фишори эътирозҳои густарда истеъфо дод.

Моҳи ноябри соли 1991 дар нахустин интихоботи саросарии президентӣ аз байни 10 номзад Раҳмон Набиев ғолиб омад, вале ӯ ҳам баъди камтар аз як соли раёсат таҳти фишор аз мақом рафт.

Дар се интихоботи баъдӣ дар солҳои 1994, 1999 ва 2006 дар интихоботҳои раёсатҷумҳурии Тоҷикистон раҳбари кунуниаш Эмомалӣ Раҳмон пирӯз шуд. Аммо ҳеҷ кадоме аз интихоботҳое, ки Тоҷикистон баъд аз касби истиқлолаш доир кардааст, аз ҷониби нозирони байналмилалӣ ҷавобгӯи меъёрҳои ҳадди ақали як интихоботи озоду демократӣ эътироф нашудааст.

Эмомалӣ Раҳмон моҳи апрели соли равон зимни боздидаш аз маркази Иттиҳодияи Аврупо дар Брюссел ваъда супурд, ки баргузории як интихоботи озоду демократиро дар моҳи ноябр замонат медиҳад. Аммо мунтақидон мегӯянд, маҳор шудани талошҳои мухолифин барои таҳияи шароити чунин интихоботи озод, аз ҷумла радд шудани пешниҳоди таҳрири қонуни интихобот, нишон медиҳад, ки интихоботи имсола низ аз интихоботҳои қаблӣ дар Тоҷикистон фарқи чандоне нахоҳад кард.