Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзи интихоботи президентӣ эълон хоҳад шуд


Маҷлиси миллии Порлумони Тоҷикистон имрӯз барои баргузории ҷаласаи ғайринавбатии якҷояи Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллии Порлумони кишвар ҷаласаи навбатии худро барпо мекунад.

Дафтари матуботи маҷлиси милии Тоҷикистон, 29 август ба радиои Озодӣ гуфт, ки имрӯз ҳам Маҷлиси намоядагон ва ҳам Маҷлиси миллӣ барои баргузории Иҷлосияи муштарак, ки субҳи шанбеи 31 август сурат хоҳад гирифт омодагӣ доранд.
Тибқи қарор, дар ин иҷлосияи якҷоя рӯзи баргузории интихоботи президентии Тоҷикистон расман эълон карда хоҳад шуд.

Ба ин муносибат Маҷлиси миллӣ дар ҳамин рӯз барои қабули чанд масъалаи муҳим ҷаласаи худро баргузор хоҳад кард ва масоили марбут ба омодагӣ ба иҷлосияи якҷоя бо палатаи поёниро баррасӣ мекунад.

Зимнан Абдуманнон Додоев, сардори дастгоҳи Комиссияи интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон гуфт, ки пас аз баргузории иҷлосияи якҷояи палатаи поёнӣ ва болоии порлумон, нахустин ҷаласаи васеъи Комиссияи интихобот ва раъйпурсӣ рӯзи шанбеи 31 август сурат хоҳад гирифт, ки дар он ҳамаи масъалаҳои марбут ба интихобот баррасӣ карда мешавад.

Ҷаноби Додоев афзуд, ки дар ин ҷаласа рӯзноманигорон низ даъват шудаанд.
XS
SM
MD
LG