Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ бо пахши як изҳорот аз фишор болои хешутабор, тарафдорони ҳизб ва ширкатдорони ҳамоише бахшида ба 20-умин солгарди имзои Созишномаи сулҳ, ки дар шаҳри Дортмунди Олмон баргузор шуд, изҳори нигаронӣ кардааст.
Дар ин изҳорот, ки рӯзи 12 июл дар саҳифаи расмии ҲНИТ нашр шуд, гуфта мешавад, ки дар остонаи ҳамоиши Дортмунд ва баъди он хешутабори тахминан даҳ узви ҳизб мавриди фишори равонӣ ва бозпурсӣ қарор гирифтанд. Изҳорот аз номҳои мушаххас намуна овардааст, ки сокинони манотиқи мухталифи Тоҷикистон будаанд.
Ҳусейн Файзраҳмонов, бародари Маҳмудҷон Файзраҳмонов, яке аз фаъолони ҲНИТ рӯзи 13 июл дар сӯҳбати телефонӣ аз деҳаи Пахтакори ҷамоати Панҷи ноҳияи Ҷайҳун таъйид кард, ки мақомот субҳи 11 июл бо модари 61-солааш як сӯҳбате анҷом додаанд.
“Бо модарам сӯҳбат карда ва гуфтаанд, ки оё бо бародарам дар тамос ҳастанд, ё не? Ӯ дар куҷост, чӣ кор мекунад? Фақат гуфтаанд, ки бародарам баргардад ва имкони афв вуҷуд дорад. Дар ин суҳбат раиси маҳалла, имомхатиб ва дигарон ҳузур доштаанд. Ин бори аввал нест. Ҳар дафъа, ки бо хонавода суҳбат мекунанд, ҳамин масъалаи даъвати онҳо барои баргаштанро дар миён мегузоранд”.
ҲНИТ мегӯяд, ҳадафи мақомот - гирифтани пеши роҳи фаъолиятҳои сиёсии ин ҳизб дар хориҷи кишвар аст.
Аммо Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар вокуниш ба ин изҳорот гуфт, ки ин хабар бояд санҷида шавад, зеро то ҳол шикояте аз хешовандони тарафдорони ин ҳизб ба вазорат ворид нашудааст. Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12 июл ба Рдиои Озодӣ гуфт: “Бояд дақиқ кард, ки кадом ниҳоде ба манзили пайвандони онҳо (мухолифон) рафтаанд ва чӣ гуна фишорҳо карда бошанд. Аммо ба ниҳоди мо дар ин робита чизе нарасидааст ва мо низ бехабарем”.
Додгоҳи олии Тоҷикистон фаъолияти ҲНИТ-ро соли 2015, баъди шӯриши мусаллаҳони муовини пешини вазири дифои кишвар мамнуъ эълон кард ва беш аз даҳ мақоми аршади онро бо иттиҳоми терроризм барои солҳои тӯлонӣ ба зиндон фиристод. ҲНИТ, ки то баста шуданаш ягона ҳизби исломӣ дар қаламрави Осиёи Марказӣ ба шумор меомад, иттиҳоми терроризмро рад мекунад ва мегӯяд, ки ҳадаф берун кардани ҳизб аз саҳнаи сиёсӣ буд.
Дар вокуниш ба ин нишаст муовини аввали раиси Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон рӯзи 10 июл гуфт, ки фаъолияти ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ ва иттиҳоди гурӯҳҳои мухолиф дар хориҷа ба амнияти кишвар хатар дорад. Сайфулло Сафаров гуфт, ҳизби наҳзати исломӣ заминаи иҷтимоӣ дорад ва ҳамагуна фаъолиятҳои сиёсӣ ва муттаҳидшавиаш бо гурӯҳҳои дигар метавонад ба афкори ҷомеа дар дохили Тоҷикистон таъсир гузорад.