Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷашни асосии ваҳдат дар Ваҳдат. Аз имзои сулҳ 20 сол гузашт. АКС


Тоҷикистон аз бистумин солгарди имзои Созишномаи сулҳ, ки рӯзи 27-уми июни соли 1997 дар Маскав миёни ҳукумат ва мухолифин ба тасвиб расид, таҷлил мекунад. Мақомот гуфтанд, ки ҷашни асосӣ дар шаҳри Ваҳдат бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон – раиси ҷумҳури Тоҷикистон – оғоз шудааст. То кунун, ба гуфтаи онҳо, раиси ҷумҳур бинои нави идораи корҳои дохилӣ ва як бинои бисёрошёнаи истиқоматиро ба истифода додааст.

Барномаҳои умда ба муносибати Рӯзи Ваҳдат дар шаҳри Ваҳдат бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон – раиси ҷумҳури Тоҷикистон, баргузор мешаванд.

Маъракаи асосӣ ба муносибати 20-умин солгарди имзои сулҳ бегоҳи рӯзи сешанбе дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ваҳдат баргузор мешавад. Далери Шариф, хабарнигори тоҷик ва сокини шаҳри Ваҳдат, мегӯяд, “ба сабаби ширкати раиси ҷумҳур дар ифтитоҳи бархе аз иншооти наву замонавӣ, ҳаракати мошинҳо куллан маҳдуд шуда, дари бозору марказҳои савдо бастаанд. Мардум маҷбуранд, ки пиёда аз ҷое ба ҷое раванд. Чораҳои шадиди амниятӣ дар шаҳри Ваҳдат тақвият ёфтааст. Одамон мунтазири чорабинии асосии идона дар варзишгоҳи марказии шаҳри Ваҳдат ҳастанд. Асосан онҳое, ки даъватӣ ҳастанд, дар чорабинӣ иштирок мекунанд.”

Хабарнигори Радиои Озодӣ, ки феълан дар шаҳри Ваҳдат аст, мегӯяд, шаҳр аз ду самт, ба истилоҳ “дар муҳосира аст”. Манзур вуруди мошинҳо ба шаҳри Ваҳдат, аз самти Норак ва аз самти Душанбе манъ аст. Ба гуфтаи хабарнигори Радиои Озодӣ, мусофироне, ки аз самти Кӯлоб ва Данғара ба тарафи пойтахти Тоҷикистон, шаҳри Душанбе сафар мекунанд, ҳатман тариқи роҳи қадимӣ - бо убур кардани ноҳияи Ёвон сафар мекунанд.

Санади оштии миллиро раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва раҳбари Иттиҳодияи мухолифин имзо карданд дар Маскав имзо карданд.
Санади оштии миллиро раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва раҳбари Иттиҳодияи мухолифин имзо карданд дар Маскав имзо карданд.

20 соли пеш, 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав бо сарпарастии Созмони Милали Муттаҳид миёни ҳукумат ва раҳбарияти Иттиҳоди нирӯҳои мухолифини тоҷик Созишномаи сулҳ ба имзо расид. Ҳукумати Тоҷикистон ба раҳбарии президент Эмомалӣ Раҳмон ва мухолифин – бо раҳбарии Саид Абдуллоҳи Нурӣ дар ин рӯйдоди таърихӣ иштирок карданд. Бар асоси ин созиш аъзо ва тарафдорони мухолифин дубора ба Тоҷикистон баргаштанд, мухолифон афв ва бар асоси шарти 30-дарсадии узвият дар ҳукумат, намояндаҳои оппозитсиюн соҳиби мақому вазифа шуданд.

Аммо рӯзи 26-уми июн Эмомалӣ Раҳмон дар паёмаш аз ҳеҷ гурӯҳи дигари ширкатдори созиши сулҳ ном набурд ва нагуфт, ки ҷониби дигари сулҳ дар рӯйдодҳои 20 сол пеш чӣ нерӯ ё афроде будаанд. Танҳо ишора кард, ки маҳз талоши “фарзандони асил” кишварро аз “гирдоби иғвоангезиҳои сиёсӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ”, берун кардааст. Президент гуфт, хости мардум ва талошҳояшон боис ба барқарории сулҳ дар Тоҷикистон шудааст. Эмомалӣ Раҳмон бори дигар сулҳи миёни ҳукумат ва мухолифинро “таҷрибаи нодири ҷаҳонӣ” унвон кард.

Ин дар ҳолест, ки аз чанд сол пеш коршиносон ва ҳам мухолифон аз фаромӯш шудани ҷониби дигари сулҳ интиқод карда мегуфтанд, ки ҳукумати Тоҷикистон нақши худро дар рӯйдодҳои 20 соли пеш барҷаста нишон дода, аз нақши мухолифон сарфи назар мекунад. Вале баъди “террористӣ” ва “мамнӯъ” эълон шудани Ҳизби наҳзати исломӣ дар Тоҷикистон дар ду соли пеш, дигар аз нақш ва мақоми ин нерӯ дар созиши сулҳ ёд намешавад.

Ҳукумати Тоҷикистон масъулияти ошӯби мусаллаҳона ва нокоми сентябри соли 2015-ро ба дӯши ҲНИТ ва муовини вазири вақти мудофеа Абдуҳалим Назарзода вогузор кард. Назарзода яке аз охирин намояндаҳои мухолифин буд, ки дар пайи саҳмияи 30-дарсада вориди ҳукумати Тоҷикистон шуда, то тирамоҳи соли 2015 дар мақоми муҳими интизомӣ кор кард. Раҳбарияти ҲНИТ ҳеҷ гоҳ иттиҳомоти ҳукуматро қабул надошт ва ин ҳамаро тӯҳмат ба хотири бастани ҳизб дар ҳудуди Тоҷикистон номидааст.

Вобаста

XS
SM
MD
LG