Натиҷаҳои интихоботи президентии Узбакистонро дар Тоҷикистон ҳам пайгирӣ карданд. Эълони пирӯзии Шавкат Мирзиёев ҳоло ин умедро бештар намудааст, ки муносиботи дар ду даҳсолаи охир ба мушкил печидаи ҳамсояҳо беҳбуд хоҳад ёфт.
Ҳаёт Неъмат гуфт, ки бо вуҷуди дар муддати тӯлонӣ дар сояи Ислом Каримов, раиси ҷумҳури пешин қарор доштанаш, Мирзиёев “ба таври сахтгирона, вале одилона” ҳукумат хоҳад кард.
Бархе аз таҳлилгарони тоҷик ҳарчанд Мирзиёевро "сахтгир" ва "таълимдидаи мактаби Ислом Каримов" донистанд, аммо гуфтанд, ки ӯ метавонад дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии Узбакистон ислоҳоти ҷиддӣ ворид кунад. Бобохон Маҳмадов, сафири собиқи Тоҷикистон дар Узбакистон, рӯзи 5 декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, "аз ин ба баъд равобити миёни Душанбеву Тошканд бакуллӣ тағйир ёфта, самти наздикиву ҳамкорӣ низ дигар хоҳад шуд".
Вай Шавкат Мирзиёевро "сиёсатмадори ботаҷруба" ва "дӯсти Тоҷикистон" ном бурда гуфт, "дар се моҳи иҷрокунандаи вазифаи президент буданаш нишон дод, ки бештари мушкилоти миёни Тоҷикистону Узбакистон ҳал шуданд. Мирзиёев ҳамеша нисбат ба Тоҷикистон ва раиси ҷумҳури он назари некбинона дошт. Умед аст, ки бо президент интихоб шудани Шавкат Мирзиёев масъалаи раводид миёни Тоҷикистону Узбакистон низ аз байн хоҳад рафт."
Сахтгир, вале одил?
Рӯшанфикрони дигари тоҷик ҳам мегӯянд, фаъолияти Кумисюни байниҳукуматии Тоҷикистону Узбакистон, тавофуқ барои шурӯи парвозҳо миёни Душанбеву Тошканд ва оғози сохтмони Роғун ба маънои омода будани раҳбари нави Узбакистон ба ҳамкории хуб бо Тоҷикистон аст.
Шоир Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ, ки ҳоло дар Душанбе ба сар мебарад, гуфт, бо Шавкат Мирзиёев ошноӣ дорад ва умедвор аст, ки вай дар фазои сиёсии кишвар озодиҳои муайян ҷорӣ мекунад. Ҳаёт Неъмат гуфт, бо вуҷуди дар муддати тӯлонӣ дар сояи Ислом Каримов, раиси ҷумҳури пешин қарор доштанаш, Мирзиёев "ба таври сахтгирона, вале одилона" ҳукумат хоҳад кард.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Мухолифон чизи дигар мегӯянд
"Ӯро хуб мешиносам ва бовар дорам, ки сиёсати Узбакистон ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷ комилан дигар хоҳад шуд. Равобит бо Тоҷикистон боз ҳам беҳтар шуда ва ҳеч гуна мухолифату мониа дар бунёди Роғун нахоҳад шуд", - афзуд ӯ.
Ин дар ҳолест, ки бештари мухолифони давлати Узбакистон, ки дар хориҷ ба сар мебаранд, аз таъқибу азияти мухолифон, мудофеони ҳуқуқи башар ва уламои исломӣ ҳангоми раисии Шавкат Мирзиёев дар вилоятҳои Ҷиззаху Самарқанд ва баъдан ба ҳайси нахуствазириаш ёдовар шудаанд. Аммо Ҳаёт Неъмат гуфт, “Шавкат Мирзиёев бо дастури Ислом Каримов ба иқдомоти сахтгирона даст зада буд."
Виза лағв хоҳад шуд?
Ҳаёт Неъмат дар идомаи суҳбаташ гуфт, вале дар ояндаи наздик муқаррароти виза ё раводид миёни Тоҷикистону Узбакистон лағв нахоҳад шуд. Далели ин амрро “вазъи ноороми минтақаҳои шимоли Афғонистон, хусусан нооромиҳо дар вилояти Кундуз” унвон кард, ки метавонад ба вазъияти амниятӣ дар Тоҷикистон асар гузорад.
Коршиносон мегӯянд, мумкин аст, дар давраи раёсати ҷумҳурии Шавкат Мирзиёев ҳадди ақалл муқаррароти виза содда шуда ва аз тариқи равобити фарҳангӣ ҳамкориҳо миёни Тоҷикистону Узбакистон беҳбуд ёбанд.
Дар 20 соли охир робитаҳои Тоҷикистону Узбакистон тадриҷан маҳдуд шуда ва мизони додугирифти тиҷоратӣ ва иқтисодӣ низ аз 500 миллион доллар дар оғози солҳои 2000 то ҳамагӣ 12 миллион доллар дар соли 2015 коҳиш ёфта буд. Баъди даргузашти Ислом Каримов, раиси ҷумҳури пешини Узбакистон, дар се моҳи пеш зоҳиран муносибати Тоҷикистону Узбакистон ба марҳилаи нав ворид шуд ва то кунун як гурӯҳ аз тоҷирони узбакистонӣ ба вилояти Суғд омада, вазири корҳои хориҷии Узбакистон Абдулазиз Комилов низ дар Душанбе бо Эмомалӣ Раҳмон гуфтугӯ анҷом дод.