Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳунармандони Узбакистон ба "Диёри ҳусн"-и Тоҷикистон омаданд. ВИДЕО


Барои нахустин бор дар Тоҷикистон дар намоишгоҳи “Диёри ҳусн” гурӯҳи бузурги ҳунармандон аз Узбакистон иштирок мекунанд. Баъди даргузашти президент Ислом Каримов дар моҳи сентябри имсол, раҳбарияти нави Узбакистон мехоҳад, робитаҳояшро бо кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Тоҷикистон дар ҳама бахшҳо, аз ҷумла фарҳанг, тавсеа бахшад.

Аз онки зиёд ба Узбакистон меравем, марзбонҳо маро мешиносанд ва савол медиҳанд, ки “муаллима, боз бароямон зебоӣ овардед?”

Давоми 10 соли охир намоишгоҳи фарҳангии либосҳои миллии мардуми Осиёи Марказӣ “Диёри ҳусн” бо ҳузури фаъоли ҳунармандону косибон аз Қирғизистон, Қазоқистон ва Афғонистон доир мешуд. Ин навбат ба Тоҷикистон барои иштирок дар намоишгоҳ 7 мутахассиси соҳаи либосу матои миллӣ аз Узбакистон ҳам омадаанд.

Гузориши видеоӣ инҷост:

Тоҷирони Узбакистон: Тарафдори омадурафти бештар ҳастем
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:41 0:00

Мукаррама Қаюмова, раҳбари Анҷумани ҳунармандони Осиёи Марказӣ ва ташаббускори ҷашнвораи “Диёри ҳусн”, рӯзи 25 ноябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳадафи баргузории чунин намоишгоҳҳо таблиғи дӯстиву ҳамгироӣ дар миёни кишварҳои минтақа аст.

Ӯ афзуд, “ҳунар марз надорад. Ҳамаи ин ҳунармандон зебоӣ меофаранд. Мақсади ҷамъ овардани онҳо дар ин ҷашнвора таблиғи зебоӣ ва дӯстӣ ба сокинон ва мақомоти кишварҳои минтақа аст. Аз онки мо зиёд ба Узбакистон сафар мекунем, ҳатто кормандони гумрук ва марзбонҳо маро мешиносанд ва хеле муаддабона сӯҳбат карда, савол медиҳанд, ки “муаллима, боз бароямон зебоӣ овардед?”

Мукаррама Қаюмова
Мукаррама Қаюмова

Ҳунармандони узбакистонӣ – матоъбофону тарроҳон ҳам гуфтанд, бисёр мехоҳанд, ки ҳамкориҳо ва табодули таҷрубаи ҳунармандони ду кишвар бештар шавад. Шоира Ғаниева, як мутахассиси матоъҳои дастсохт аз шаҳри Самарқанд аст. Вай мехоҳад, дар ин сафари худ ба ҳунармандони тоҷик наҳваи рангубори табиии матоъҳоро биомӯзонад ва худ низ аз ҳамтоёни тоҷик таҷрубаи шаклҳои нави рангуборро азхуд намояд.

"Ҳамаи матои истеҳсолкардаи ман танҳо бо рангҳои табиӣ рангубор мешаванд. Мо рангҳои маснӯиро аслан истифода намекунем. Ман худ намояндаи созмони “Ҳафт пайкар”-и Тоҷикистон дар Самарқанд ҳастам ва ҳоло дар Душанбе мехоҳам аз ҳунармандони тоҷик наҳваҳои дигари рангуборро омӯзам”, - афзуд ӯ.

Аксҳои бештар аз намоишгоҳи "Диёри ҳусн":

Нодирбек Расулов, зардӯз аз шаҳри Бухоро мегӯяд, то ҳол маҳсулоти худро ба фурӯш набароварда буд. Имрӯз вай қолии зардӯзиашро манзури тамошобинон кардааст. Ӯ гуфт, “барои таҳияи ин қолии зардӯзӣ 6 нафар 2 солу 4 моҳ ранҷ кашиданд. Дар ин зардӯзӣ оятҳои Қуръон инъикос шудааст. Фикр мекунам, харидори чунин зардӯзӣ ҷаҳонгардони хориҷӣ аз кишварҳои исломӣ хоҳанд шуд.”

Дар чаҳорчӯби ҷашнвораи “Диёри ҳусн” ҳамчунин ҳамоиши ҳунармандон низ баргузор хоҳад шуд.

Баъди даргузашти президенти собиқи Узбакистон Ислом Каримов, раҳбарияти нави ин кишвар изҳори омодагӣ кард, ки робитаҳои сиёсию иҷтимоӣ бо ҳамсоякишварҳояш, аз ҷумла Тоҷикистонро беҳбуд бахшад. Ҳоло баъди азсаргирии кори комиссияи байнидавлатии Тоҷикистону Узбакистон, имконияти азсаргирии парвозҳои ҳавопаймоҳо, ҳаракати қатору автобусҳо дар байни ду кишвар ва масоили дигар баррасӣ хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG