Ҳамсараш, Мавзуна Каримова, хабар дод, ки дили ӯ субҳи 18-уми май аз тапидан монд. Иллати маргаш дақиқ нест. Баъзе аз ҳамсафони собиқи Зоиров гуфтанд, ки "ӯ моҳҳои охир бемор буд", аммо ҷузъиёт надоданд. Қаблан худаш аз дарди пой шикоят дошт.
Вазъи саломати ин сиёсатмадори мухолиф дар пайи як ҳамла бар ӯ дар моҳи сентябри соли 2020 бад шуд. Пас аз он дар соли 2021 ба таври ногаҳонӣ аз раёсати Ҳизби сотсиал-демократ истеъфо дод ва дигар дар матбуот пайдо нашуд.
Раҳматилло Зоиров дар баробари ҳукумат мавзеъгирии бисёр шадид дошт ва талош мекард дар мавриди ҳама гуна мушкилоти доғи кишвар суҳбат кунад. Дар соли 2013 расман ҳузури Эмомалӣ Раҳмонро дар қудрат зери шубҳа гузошт.
Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ба раҳбарии ӯ дар бисёре аз интихоботи порлумонии кишвар ширкат карда, аммо ҳеч гоҳ натавонист расман садди 5-дарсадиро гузарад ё дар ҳавзаҳои якмандатӣ пирӯз шавад. Раҳматилло Зоиров мақомоти Тоҷикистонро ҳамеша ба фишор ва дасткорӣ дар шумориши оро муттаҳам мекард.
Раҳматилло Зоиров
Номзади илми ҳуқуқшиносӣ аз деҳаи Боғистони вилояти Тошканд. Баъд аз хатми мактаб дар солҳои 1977-79 дар Олмон дар ҳайати Артиши Шӯравӣ хидмат карда, сипас факулати ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Харкови Украинаро хатм кардааст. Ду сол дар онҷо омӯзгор буд.
Аз соли 1986 то 1993 дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолияти омӯзгориро идома дод. Аз соли 1989 ба фаъолияти адвокатӣ машғул шуд.
Дар соли 1992 тарҳи алтернативии Қонуни асосии Тоҷикистонро таҳия ва пешниҳод кардааст. Тайи даҳ сол аз соли 1994 то 2004 ба ҳайси коршинос дар СММ, Созмони амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Бонки ҷаҳонӣ ва чанде дигар аз созмонҳои байнулмилалӣ кор кардааст.
Соли 1998 Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистонро асос гузошта, то соли 2021 раёсати онро бар ӯҳда дошт. Аз соли 2001 то соли 2003 ба ҳайси мушовири раиси ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст. Соҳиби се фарзанд.
ҲСДТ, ки дар солҳои гуногун аз ҳузури 12 ҳазор узв дар сафҳояш суҳбат мекард, моҳи феврали соли 1999 сабти ном шуд, аммо пас аз чанде бо қарори додгоҳ фаъолияташ қатъ шуд. Ҳизб танҳо пас аз се сол, вақте ки Раҳматилло Зоиров аллакай дар вазифаи мушовири давлатии президенти Тоҷикистон дар бахши сиёсати ҳуқуқӣ буд, машрӯият пайдо кард.
Раҳматилло Зоиров дар баҳори соли 2003 раҳбарии ҳизби мухолифро бар хидмати давлатӣ дар мақоми мушовирати ҳуқуқии президент бартар шумурд. Расонаҳо он замон истеъфои ӯро ба тағйироте, ки ҳукумат тарҳрезӣ карда буду бояд ба Конститутсия меомад, рабт доданд.
Дар соли 2013, дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ, вақте нерӯҳои оппозитсиюн аз таъсиси як эътилофи муштарак хабар доданд, сару садое пайдо шуд, ки Зоиров шояд ба унвони номзади ягонаи мухолифон пешбарӣ шавад. Дертар оппозитсия бо номзадии ҳомии ҳуқуқ Ойниҳол Бобоназарова мувофиқат кард.
Худи Раҳматулло Зоиров он замон бо ин тасмим розӣ набуд: “Мушкили асосӣ ин буд, ки оппозитсия метарсид, ки агар маро ба унвони номзади ягонаи мухолифин пешбарӣ кунанд, пас, метавонад дар кишвар дубора ҷанги шаҳрвандӣ сар занад. Аммо агар ман ширкат мекардам, то ба охир мерафтам.”
Баъзе иқтибосҳо аз суҳбатҳои Раҳматилло Зоиров дар солҳо ва мавзуъҳои гуногун дар Радиои Озодӣ:
"Ҳукумат намехоҳад, ҷомеаро биомӯзад. Ҷомеа дилгир шудааст. Ин вазъ як рӯз ба таркиши иҷтимоӣ оварданаш мумкин аст. Тоҷикистон мехоҳад, бисёр масъалаҳоро бо зӯр ҳал кунад ва бо истифода аз нерӯи мақомоти қудратӣ. Ин роҳи ҳал нест. Ин проблемаро амиқтар кардан аст. Ҷомеаи Тоҷикистон на “диагноз” дорад ва на пизишк. Мо бемориҳоро аз рӯ зада, дар дохил ҷой карда истодем."
***
"Ҳукумати имрӯзаи Тоҷикистон ва комиссияҳои интихоботӣ аз боварӣ баромадаанд. Масъала ин аст, ки чанд ҳизби рӯ ба ҳукуматро супориш дода, беш аз 5 фоиз овоз медиҳад ва ин ҳизбҳо маблағҳои супурдаи худро гардонда мегиранд. Агар ҳизбҳои оппозитсионӣ ё ҳизбҳои номақбул барои ҳукумат бошад, фоизи онҳоро аз 0,5 то 4,9 % мекунаду маблағи онҳоро намегардонад. Бо ин роҳ дили фаъолони ҳизбро, ки дар интихоботҳо иштирок мекунанд, сиёҳ мекунанд ва корро чунин ташкил мекунанд, ки дигар ин одамон аз номи ин ҳизбҳо дар интихоботҳо иштирок накунанд. Ин як усули дар таҷриба исботшуда аст."
***
"Ҳар як ҷомеаи шаҳрвандӣ чанд намуд поя дорад. Пояи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ. Сараввал, аз ҷиҳати сиёсӣ на танҳо ҳизбҳои сиёсӣ, балки созмонҳои ғайридавлатӣ низ хислати мухолифини конструктивиро дошта бошанд. Рӯйирост гап зада тавонанд. Мо мебинем, ки ин сол ба сол аз байн рафта истодааст ва қувваҳо низ аз миён рафта истодаанд."
***
"Соҳаи маориф танҳо барои ҳукумат хидмат мекунад. Симои худро надорад. Ман ягон китоби илмиро надидам, ки кори ҳукуматро танқид карда, роҳҳои бартараф кардани ин камбудҳоро нишон дода бошад. Ё ягон олим рӯйирост алайҳи фаъолияти ҳукумат ҳарф зада бошад ва ғайра."
***
"Дар кишвар сохтмонҳо зиёд аст, аммо ягон сохтмон натиҷаи иқтисод нест. Иқтисод дар Тоҷикистон бисёр заиф аст. Аз ҷиҳати сиёсӣ, дар давоми шаш соли охир беш аз 25 қарори ҳукумат қабул шудааст, ки сиёсати иҷтимоӣ ва имтиёзҳои мардум, бахусус маъюбону низомиҳоро маҳдуд кардааст."
***
"Ҳозир Тоҷикистон давлати идеологист. Давлате, ки тавассути ниҳодҳо ва махсусан васоити ахбори умум барои дигар кардани андешаи мардум машғул аст. Баъдан дарк кардан зарур аст, ки мардуми Тоҷикистон нисбат ба мардуми бист соли қабл мардуми “патерналист” шудааст. Бовараш ба давлат, бовараш ба шахси Эмомалӣ Раҳмон аз бисёр ҷиҳат зиёд шудааст. Танқид ҳам мекунанд, вале эътироф кардан зарур аст, ки дар ин ҳолат бо ҳукумат рақобат кардан ғайриимкон аст."
***
"Аввал ин ки ба Раҳматилло Зоиров имкон намедиҳанд, дар Тоҷикистон кор кунад. Ҳатто фаъолияти адвокатӣ карда наметавонам, ба ҷуз аз додани машваратҳои бепули ҳуқуқӣ. Агар рӯшод гӯям, дар интихоботи порлумонии соли 2015 дар қарз ғӯтидам. Барои иштироки номзадҳои ҳизб аз бонк ва шахсҳои алоҳида қарз гирифта будам ва бояд онҳоро пардохт мекардам. Бовар доштам, ки номзадҳои ҳизб вориди порлумон мешаванд ва гаравпулиро баргашта медиҳанд. Аммо ин тавр нашуд ва ҳамаи қарз ба гардани ман афтод. Наметавонистам, ки ин пулҳоро аз аъзои Шӯрои сиёсии ҳизб пурсам. Ба хотири он ки дар Тоҷикистон кор нест ва овозаи зиёд нашавад, пешниҳоди кор дар Қазоқистонро пазируфтам."