Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озодӣ Онлайн: "Раҳматилло Зойировро заданд, ё сагаш афтонд?" ВИДЕО


Ҳангоми сабти барнома
Ҳангоми сабти барнома

Боре Шуморо шахсони ношинос дар назди хонаатон задаанд? Раҳматилло Зойиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон мегӯяд, ки борҳост ӯро латукӯб мекунанд ва маълум нест, кӣ.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфт, касе Раҳматилло Зойировро назадааст, балки сагаш бадрафторӣ карда, ӯро афтонидааст. Вазорат шаҳодати як ҷавонро ҳам нашр кард, ки то куҷо воқеӣ будани он возеҳ нест.

Раҳматилло Зойиров гуфт, баёнияи вазорат дурӯғ аст. Ӯ, ки ҳукуматро бисёр танқид мекунад, қаблан гуфта буд, рӯзи 22-юми сентябр ӯро зада беҳуш карданд.

Суҳбати "Озодӣ Онлайн" имрӯз дар ҳамин бора аст.

Ҳамла ба сиёсатмадор аз мавзуъҳои доғ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҳам вебсайти Радиои Озодӣ шуд ва бисёриҳо мақомотро танқид кардаанд, ки гунаҳкоронро намеёбанд ва ё кори дасти худашон аст.

Яке аз корбарон дар вебсайти Радиои Озодӣ навиштааст, ки мумкин аст, латукӯб кори дасти мақомот ва барои тарсонидани Раҳматилло Зойиров бошад. Шарҳи ин корбарро мехонем, ки худро "Я" муаррифӣ кардааст: “Ин воқеаҳо дар таърихи Осиёи Миёна бисёр рух додааст. Дар гузаштаҳо низ мансабдорон ва мансабпарастон рақибони худро латукӯб, зиндонӣ ё қатл мекарданд, то бо баҳонае ӯро аз саҳна дур кунанд.”

Барномаро дар инҷо бинед:

Озодӣ Онлайн: "Раҳматилло Зойировро заданд, ё сагаш афтонд?"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:51 0:00

Назарҳои монанд ба гуфтаи ин корбар зиёд ҳаст. Корбаре дар вебсайти мо навиштааст, ки чунин шеваи тарсонидани сиёсатмадоронро дар Русия ҳам ба кор мебаранд. Вай мегӯяд: "Дар Русия ҳам Владимир Путин аз ҳамин шева истифода мебарад. Сиёсат дар Тоҷикистон монанди сиёсати КГБ-и Путин аст. Давлат давлати диктаторӣ аст, оҳиста-оҳиста ба Кореяи Шимолӣ монанд шудааст, Шумо дар бораи кадом интихобот гап мезанед?"

Як идда аз корбарон Раҳматилло Зойировро танқид кардаанд, ки бо вуҷуди латукӯб шуданаш дар гузашта, эҳтиёткор нашудааст ва ба амнияташ эътибор намедиҳад. Яке аз ин корбарон, ки худро “Холиси бетараф" муаррифӣ кардааст, ҳамзамон бо танқиди Раҳматулло Зоиров аз мақомот хостааст, латукӯби сиёсатмадорро ҷиддӣ бигиранд.

Ӯ менависад: “Албатта, ин корро бояд ҳукумат аз дунболаш шавад. Агар ҳукумат гӯяд, ки дар ин кор даст надорад, пас, ҳукумат вазъи криминалиро зери назорат надорад. Агар ҷинояткоронро наёбад, пас, ин кори дасти худи ҳукумат аст. Ба Зойиров гуфтаниам, ки худаш ҳам бемасъулият будааст. Медонед, ки вазъ ҳассос аст, пештар таҳдидҳо дидаед, латукӯб шудаед, пайравонатонро доимо таъқибу фишор меоранд, боз чӣ асос шавад, ки ҳамроҳатон доимо як нафар бошад?"

Як корбари дигар низ масъалаи таъмини амнияти Раҳматилло Зойировро, ки чанде пеш ошкоро интихоботи ояндаи раёсати ҷумҳуриро ғайриқонунӣ номид, матраҳ карда, гуфтааст, ин дафъа низ мақомот ба латукӯби сиёсатмадор аҳамияте намедиҳанд.

Ин корбар менависад: "Воқеан, аз созмонҳои байналмилалӣ даъват мешавад, ки муҳофизати Раҳматилло Зойировро таъмин кунанд, чунки ба ҳаёташ таҳдид кардаанд ва каме мондааст, ӯро бикушанд. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҳамаи ин чашм мепӯшанд, чунки онҳо ҳам тобеи системаи мутамарказ ва Кумитаи амнияти миллӣ ҳастанд."

Айни замон яке аз корбарон ба Раҳматилло Зойиров барои танқидҳои сахту пайвастааш аз сиёсатҳои ҳукумат эрод гирифтааст, вале ҳамзамон гуфтааст, мақомот набояд, ба чунин ҳодисаҳо роҳ диҳанд.

Шарҳи ин корбарро мехонем, ки дар вебсайти Радиои Озодӣ гузошта, вале номашро нагуфтааст:

"Ҳодиса бисёр нангин аст. Набояд ба раҳбари як ҳизби расмӣ, балки як шаҳрванди оддӣ ҳам чунин рафтор кард. Муҳтарам Раҳматилло Зойиров фақат бо инкору танқид наметавон ба ҷое расид. Шумо тақрибан дар ҳама мавзуъҳо аз усули инкор истифода мебаред: интихобот ғайриқонунӣ, пешниҳоди номзадҳо ғайриқонунӣ, санаи интихобот ғайриқонунӣ ва дигару дигарҳо ғайриқонунӣ. Чӣ мешавад, ки дониши худро барои рушди қонунмандӣ дар афкори ҷомеа равона кунед ва дар ин ҷода заминаи ҳамкориро бо тамоми ниҳодҳои шаҳрвандиву ҳукуматӣ ба нафъи мардум пайдо кунед."

Барномаро дар Ютуб бинед:

Шумо ҳам назару андешаҳои худро бинависед ё дар видео сабт карда, фиристед.

XS
SM
MD
LG