Ин ҳарф аз забони президенти Русия рӯзи 19-уми декабр ҳангоми суҳбати мустақими телевизионӣ садо дод.
Путин, ки ба саволҳои мардум ва хабарнигорон посух медод, гуфт, “агар муҳоҷират як амри ногузир бошад, мо бояд бо шариконамон дар баъзе кишварҳо, пеш аз ҳама бо давлатҳои Осиёи Марказӣ, барои омода кардани муҳоҷирон кор кунем.”
Ӯ пешниҳод кард, ки дар он кишварҳо мактаби русӣ сохта, “омӯзиши забони русиро рушд диҳанд” ва мардуме, ки барои кор ба Русия меоянд, бояд “бо анъанаву фарҳанг ва талаботи қонунҳои Русия ошно шаванд.”
Маълум нест “анъанаву фарҳанги Русия”, ки Путин ба он таъкид мекунад, чӣ аст ва меъёри риояи он ё поймолкунии он кадом аст ва онро кӣ муайян мекунад.
Дар Русияи бисёрмиллату гуногунмазҳаби зери назари Путин, ки наздики 25 сол аст дар сари қудрат мебошад, муҳоҷирон ва коргарони хориҷӣ осебпазиртарин қишр дар баробари беқонуниву худсариҳои полис гардидаанд. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, дар давраи Путин дар ҷомеаи Русия мушкилоте мисли бегонаситезиву бадбинӣ нисбати муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ ба авҷи аълояш расид. Ҳарчанд бо заҳмати муҳоҷирони корӣ дар Русия миллиардҳо доллар ба буҷаи давлат ворид мешаванд.
Путин дар суханронии рӯзи панҷшанбеаш мавзӯи муҳоҷиратро “ҳассос ва дарднок” номид. Ӯ иқрор кард, дар Русия садҳо ҳазор дасти корӣ намерасад ва гуфт, барои кам кардани муҳоҷирон маҳсулнокии кор бояд боло бурда шавад ва тамаркуз ба соҳаҳои дорои фанновариҳои пешрафта карда шавад. Ин даъвати гурӯҳҳои нажодпараст аст, ки умуман ба манъ кардани ҳузури "бегонагон" дар Русия даъват мекунанд.
Соли 2024 баъди ҳамла ба толори консертии “Крокус” дар Маскав, ки дар шароити бисёр суолбарангез рух дод, асосан муҳоҷирони тоҷикро гунаҳкор карданд. Баъди ин Думаи давлатӣ беш аз 30 қонуни нави маҳдудкунандаи ҳузури муҳоҷирон дар ин кишварро қабул кард, ки яке аз охиринҳояш манъи ба мактаб қабул кардани фарзандони муҳоҷирон дар сурати надонистани забони русӣ дониста мешавад. Инро ҳам бисёриҳо чун як намунаи дигари бегонаситезӣ ва поймолкунии ҳуқуқи инсон танқид карданд.