Зеварбону Рауфӣ, рӯзноманигор
Дуруд ҳаммеҳани азиз.
Чанд моҳ пеш як даста китобҳои нависандагони классики фаронсавиро харидам, то дар аввалин фурсат бихонам. Ҳамин ҳафта шуруъ кардам. Яке аз онҳо “Кандид ё достони хушбинӣ” аз Волтер асту дигаре “Охирин рӯзи як маҳкум” аз Ҳюго.
Намедонам, то куҷо ин кор маъмулӣ ба ҳисоб меояд, вале ҳамеша ҳангоми китобхонӣ зеҳнам онро бо як иттифоқ, як шахс ё ҳар чизе, ки битавонад паёми китобро ба замони ҳол бикашонад, пайванд медиҳад. Достони “Кандид”, ки аз ҳиҷрати ногузир ё ронда шудан, аз талоши беист, азобу душворӣ, ҷустани гавҳари мақсуд ва роҳи дароз то расидан ба хушбахтӣ ҳарф мезад, маро нохудогоҳ ба ёди муҳоҷирони кории тоҷик андохт.
“Охирин рӯзи як маҳкум” бо ин ҷумлааш боис шуд дубора рӯ ба рӯи роёна биншинаму бо ту ҳарф бизанам: “Дар интизори ҳукмам будам, ҳамчунон ки раҳоӣ ва зиндагӣ (зистан)-ро интизор мекашанд.”
Ин ҷумла пеши чашмам навореро муҷассам кард, ки чанде пеш дар фазои маҷозӣ дидам. Сафе аз муҳоҷирони корӣ дар Русия, ки аз тарафи пулиси хашин бозпурсӣ мешуданд. Эҳтимол ту низ ин наворро дида бошӣ, зеро тақрибан 1,5 миллион нафар онро дидаанд.
Дар ҳамин видео пулиси рус аз як ҷавони тоҷик мепурсад:
- Русӣ мефаҳмӣ?
Ҷавон бо тарсу ваҳме амиқ дар садову нигоҳаш посух медиҳад:
- Не!
- Оё имтиҳони русӣ супоридӣ?
Ҷавон фақат ҳайрон нигоҳ мекунад, пайдост, ки забонро намедонад. Пас, маъмур аз ҷамъ мепурсад:
- Ягон тоҷики дигар ҳаст?
Ҷавони дигар барои тарҷумонӣ довталаб мешавад. Сипас муколимаи ин ду нафарро тарҷума мекунад.
- Имтиҳони русӣ супоридӣ?
- Не, насупоридаам.
- Бипурс, пас, чӣ тавр ба Русия омада?
Инҷо маълум мешавад ҷавони дувум ҳам забонро хуб намедонад ё шояд зери фишору тарс иштибоҳ манзурро мерасонад. Зеро мақсуди маъмур дарки ин мавзуъ аст, ки чӣ тавр ин ҷавон бидуни супоридани имтиҳони забон ба Русия омада, лек тарҷумон мепурсад:
- Барои чӣ омадӣ?
- Барои кор!
- Бо чӣ омадӣ?
- Бо мошин!
Навор бо ҳамин ҳарф ба поён мерасад. Чӣ иттифоқе барои он ҷавон, тарҷумон ва муҳоҷирони дигари корие, ки онҷо дар бозпурсӣ буданд, омада? Намедонам. Шояд ба кишварҳояшон ронда шуда бошанд. Шояд ҳанӯз дар назоратхона мунтазири “ҳукмашон” бошанд, ё дар фурудгоҳҳо соатҳои тӯлонӣ дар интизори парвоз ба кишварашон ташнаву гурусна ҳастанд?
Шояд он чӣ туро низ мисли ман бештар мутаваҷҷеҳи ин мавзуъ карда, ин бошад, ки чиро Русия тайи як соли охир нисбат ба муҳоҷирон чунин ҳассосият, балки беҳтар аст бигӯям, муносибати ғайриинсониро пеш гирифтааст? Ҳар чӣ фикр кардам, ҷуз ин ду эҳтимол далели мантиқие пайдо накардам.
Мушкили дараҷаи яки Русия ҳоло ҷанг бо Украина аст, ки мӯҷиби эҷоди таҳримҳои фаровон барои ин кишвар шуда ва буҳрони иқтисодии пешомада метавонад эътирози мардумро бештар ва эҳтимоли тазоҳуроти дохилиро боло барад. Дар натиҷа, ҳукумати Русия ниёз дорад мавзӯеро доғ кунад, ки боис мешавад тамоми бори манфӣ ва эҳсоси хашми мардум аз бад шудани вазъи зиндагияшон бар сари сабабгорони он холӣ шавад.
Ҳоло чӣ чизе беҳтар аз душмантарошӣ? Ин усулест, ки дар тӯли таърих ҳамеша ҳукуматдорон барои идораи мардум истифода бурдаву мебаранд. Пас, бо таваҷҷуҳ ба ин ки ҳукуматдорони Русия бо тезию тундие беш аз пеш мавзӯи “муҳоҷирони ғайриқонунӣ”, “хонаводаи муҳоҷирин”, “маҳдуд кардани доманаи фаъолияти муҳоҷирон” ва чизҳои амсоли инро ба баҳс мекашанд, ба содагӣ метавон ҳадс зад, ки ин бор он “душман”-и интихобшуда муҳоҷирин ҳастанд.
Яъне, бо ин роҳ ба шакли ғайримустақим талош мешавад дар зеҳни мардум тасаввуроте чун “ба хотири муҳоҷирон амният надорем”, “ба хотири муҳоҷирон ҷои кор надорем”, “ба хотири муҳоҷирон дар буҳрони иқтисодием” мегунҷонанд.
Эҳтимоли дувум ин аст, ки бо тӯлонӣ шудани ҷанг ниёзи табиӣ барои ҷойгузини сарбозҳои захмӣ ё мурда ба вуҷуд меояд. Пас, интихоби беҳтаре аз сарбозони хориҷӣ, ки мурдан ё зинда монданашон “ҷавобгарӣ” ё аҳамияти хосе барояшон надорад, беҳтарин роҳи чора барои ҳукуматдорони Русия аст. Шаҳрвандони хориҷиасл ва муҳоҷирини корӣ, гурӯҳи аслии афроде ҳастанд, ки ба ҷанг “даъват” мешаванд.
Агар баҳси дурустӣ ё иштибоҳии интихобҳои сиёсии раисҷумҳури Русияро ба канор бигзорем, мешавад гуфт, ҳукумати ин кишвар дар талош аст шаҳрвандонашро ба гунае дар муқобили шароити феълӣ бима кунад. Ӯ худро дар қиболи мардуми Русия муваззаф мешуморад, на “бегонагон”.
Ончӣ ҷои суол дорад, ин дар куҷои қазия будани ҳукумати кишвари мост. Ҳукумати Тоҷикистон барои беҳтар шудани вазъи муҳоҷирон чӣ иқдомотеро амалӣ кардааст?
Рафтори ғайриинсонӣ нисбат ба муҳоҷирони тоҷик дар Русия кам-кам ба воқеият табдил мешавад. Бароям суол аст, оё мансабдорони тоҷик, ки вазифаашон ҳимоят аз мардум ва хидмат ба мардум аст, даст болои даст нишастаанд?
Ҳоло пеши худат мегӯӣ, “на, ҳукумат ба фикри мардумаш ҳаст, аммо барои онҳое, ки қонунҳои муҳоҷирати Русияро риоя накардаанд, коре намекунад”. Шояд то ҷое ҳақ бошӣ, вале ҳеч аз худат мепурсӣ, масалан, агар дар кишвар ҷои кор, маоши кофӣ ва системаи омӯзишу парвариши дуруст медоштем, он ҷавоне, ки дар аввали суҳбатам дар борааш бароят гуфтам ва садҳо ҷавони дигари амсоли ӯ оё маҷбур мешуданд барои пайдо кардани музди заҳматашон ба Русия бираванд?
“Муҳоҷирати корӣ дар ҳама ҷои дунё вуҷуд дорад!” - ин яке аз далелҳоест, ки одатан аз забони мансабдорони тоҷик мешунавем, вақте ҳарф сари шароити бади муҳоҷирон ва ё ҷустани чораҳои ҷойгузин меравад. Хуб, гирем, ки муҳоҷирати корӣ амре табиист, аммо ба ҳар қимат тан додан ба бадтарин шароит барои муҳоҷири тоҷик то куҷо дуруст аст?
Масалан, шумори зиёде аз муҳоҷирони марокашӣ, алҷазоирӣ ва португалӣ барои кору зиндагӣ ба Фаронса меоянд. Ин ҷо ҳеч пулис ё маъмури умури муҳоҷират ба худаш иҷоза намедиҳад ба самти муҳоҷире садо баланд кунад, чӣ бирасад ба он ки беэҳтиромие нисбаташон раво бинад. Лек, азизи дил, ту худат беҳтар огоҳӣ аз он чӣ то ба имрӯз бар сари муҳоҷирони тоҷик омадаву меояд.
Ончӣ беш аз ҳар чизе нигаронкунанда аст “ирфотисозӣ”-и тасвири “тоҷик” дар ҷаҳон аст. Баъд аз ҳодисаи “Крокус Сити Ҳолл” тамоми расонаҳои ҷаҳонӣ номи тоҷикро ҳамрадиф бо ҳамлаи терористӣ дар як ҷумла қарор доданд.
Тоҷик агар дар кишвари худаш мавриди эҳтиром бошад, агар содатарин ҳуқуқи инсонияш риоя шавад, ҳеч гоҳ дар кишвари ғариб тан ба зиллат нахоҳад дод. Имрӯз дар кишвари ба истилоҳ дӯст, Русия, бо тоҷикон ҳар навъ рафтори ғайриинсониро раво мебинанд. На ҳукумат коре мекунад, на мардум. Шояд ба он хотир, ки тоҷик ҳанӯз ёд нагирифта ҳаққу ҳуқуқашро дар кишвари худаш талаб кунад. Дар натиҷа, аз анҷоми ин кор дар хориҷ аз марзҳои кишвараш низ оҷиз аст.
Ҳар вақт шаҳрвандони як сарзамин дар кишвари худашон, новобаста аз мартабаи иҷтимоӣ, сатҳи иқтисодӣ ё ҳар навъ табақабандии дигар аз эҳтиром ва имкониятҳои баробар бархӯрдор мешаванд, ҳисси иззати нафс ва эҳтиром дар вуҷуди шаҳрвандони ин кишвар шакл мегирад. Пас, он мардум ба ҷустуҷӯи “эҳтироми дурӯғин”, “ҷойгоҳи маснӯии иҷтимоӣ”, ки бар пояи тарси атрофиён аст, рӯ нахоҳанд овард.
Вақте аз имкониятҳои баробар ҳарф мезанем, манзур ин аст, ки фарзанди як рӯфтагар, як муҳоҷири корӣ, як омӯзгори деҳа ва як вазир, сафир, кабир... ё раисҷумҳур ба як андоза имкони рушд дошта бошанд. Агар фарзанди гурӯҳи аввал бо чангу дандон барои омӯхтани ҳунаре, касбе талош мекунад, фарзанди гурӯҳи дувум танҳо ба хотири он ки дар хонаводаи “бартар” ба дунё омада, соҳиби ҷоҳу мақом мешавад.
Шояд бовари хатое вуҷуд дорад, ки афроди камзарфият, беҳунар ё бесавод ба муҳоҷирати корӣ мераванд. Бехабар аз он ки бахши бузурге аз мутахассисон, аз пизишк гирифта то муҳандис, ночор барои ба даст овардани пул ва сохтани зиндагие сазовор барои худу фарзандонашон кишварро тарк мекунанду муҳоҷир мешаванд.
Ҳаммеҳани азизам, “Кандид” қаҳрамони он асари фаронсавӣ, ки дар аввали матлаб бароят дар борааш гуфтам, бовар дорад ҳама азобу мушкилоти инсон бешак барои саранҷоми некест.
Ту чӣ фикр мекунӣ? Оё ҳамеша метавон ба саранҷоми нек умед баст? Саранҷоми нек барои мушкили муҳоҷирони корӣ дур аз дастрас аст ё наздиктар аз он чизест, ки гумон мекунем? Кадом роҳу роҳкорҳое дар пеши рӯ қарор доранд? Ман имрӯз ба ин чизҳо меандешам, ту чӣ тавр?
Аз идора: Матолибе, ки дар гӯшаи "Блогистон" ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.