Юрий Ушаков, ёвари президенти Русия дар як нишасти матбуотиаш рӯзи 22 феврал дар шарҳи барномаи сафари президенти Русия Владимир Путин ба Тоҷикистон гуфт, ин сафар “кӯтоҳмуддат, вале расмӣ” мешавад ва баъди боздид аз Қазоқистон рӯзи 27 феврал президент ҳамон рӯз ба Тоҷикистон парвоз мекунад. Ин нахустин сафари минтақавии президенти Русия аст, ки дар соли 2017 анҷом мешавад ва дар ҷараёни он дар рӯзҳои 27-28 феврал аз Қазоқистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон дидан мекунад.
Юрий Ушаков рӯзи 22 феврал дар мулоқот бо хабарнигорон дар Маскав гуфт, дар Душанбе рӯзи 27 феврал Путин нахуст дар ҳайати маҳдуд ва пушти дарҳои баста бо президент Эмомалӣ Раҳмон дидору гуфтугӯ карда, баъди ин музокироти васеъ барпо мешавад. Дар ҷараёни ин музокирот маросими имзои чанд созишнома ва сӯҳбат бо матбуот дар назар аст. “Дар музокироти баландпоя қарор аст ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣии ду кишвар ва ҳам мушкилоти марбут ба минтақа баррасӣ шавад”, гуфт Ушаков.
Мақомоти тоҷики огаҳ аз ҷараёни музокирот мегӯянд, ки мавзӯи узвияти Тоҷикистон дар созмони иқтисодии АвруОсиё дар ин мулоқот аслан матраҳ нест.
Дар шарҳи санадҳои мавриди тасвиби раҳбарони ду кишвар, ӯ гуфт, ки дар маҷмӯъ сухан аз 7 санад меравад. “Имзои созишномаи байниҳукуматии ҳамкорӣ дар бахши меҳнат, шуғли аҳолӣ, ҳифзи муҳити зист, истифодаи нирӯи атомӣ ва хадамоти почта, барномаи ҳамкориҳои миёни вазоратҳои хориҷаи ду кишвар ва ёддошти тафоҳум дар заминаи ҳамкориҳои фарҳангӣ ва варзишӣ низ дар назар аст”, гуфт Ушаков.
Яке аз масоили эҳтимолии мавриди баррасӣ - афви ҳазорҳо шаҳрванди Тоҷикистон аст, ки дар паи нақзи муқаррароти буду бош дар Русия ба феҳрасти афроди мамнӯъ-ул-вуруд шомил шудаанд. Шумори онҳо 270 ҳазор нафар гуфта мешавад ва мақомоти тоҷик умедворанд, ки то 68 ҳазор нафари онҳо эҳтимолан аз ин феҳраст берун шуда шонси бозгашт ба кор дар Русияро ба даст оранд. Русия дар солҳои истиқлолият ба маҳалли кору рӯзии беш аз 1 миллион сокини Тоҷикистон табдил шудааст.
Дар ҷараёни ҳамин сафар қарор аст Владимир Путин ҳамкори тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмонро ба хотири талошҳояш дар тақвияти ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия бо ордени Александр Невский ва вазири хориҷа Сироҷиддин Асловро бо ордени “Дӯстӣ” қадрдонӣ кунад.
Ушаков таъкид кард, ки қарор аст шоми 27 феврал Путин меҳмони Раҳмон шавад ва эҳтимолан дар як сӯҳбати як ба як музокироти ҷудогонаи онҳо ҳам барпо шавад. Дар қатори масоили мавриди баррасӣ, ба гуфтаи Ушаков, фаъолияти пойгоҳи низомии 201-уми Русия, ҳузури низомии ин кишвар дар Тоҷикистон, муборизаи муштарак ва дар чаҳорчӯби созмонҳои минтақавии мисли СПАД бар зидди зуҳуроти мисли терроризму экстремизм ҳам матраҳ хоҳад шуд.
Субҳи 28 феврал Путин бо қасди боздид аз Қирғизистон Тоҷикистонро тарк хоҳад кард.
Дар бораи сафари Путин ба Тоҷикистон субҳи 22 феврал вазорати корҳои хориҷии ин кишвар ҳам дар сомонааш хабар дод ва гуфт, ки президенти Русия рӯзҳои 27-28 феврал дар Душанбе хоҳад буд.
Дар бораи нияти боздиди Путин аз Тоҷикистон охирҳои моҳи январ Игор Шувалов, муовини нахуствазири Русия дар нишасти Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия дар Душанбе хабар дод. Вай гуфт, “мо ин сафарро бесаброна интизор ҳастем ва умед дорем, пурсамар хоҳад буд.”
Баъдан мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки дар ҷараёни сафари Владимир Путин ба Душанбе имзои чанд созишнома дар назар аст. Неъматулло Ҳикматуллозода – вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон – рӯзи 31 январ дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, созишномаҳое, ки дар ҷараёни сафари Путин ба Тоҷикистон бояд имзо шаванд, “асосан барои тақвияти ҳамкории иқтисодӣ бо баъзе аз минтақаҳои бузурги Русия нигаронда шудаанд.” Аммо дар остонаи ин сафар гуфтумонҳое дар бораи эҳтимоли мувофиқати Тоҷикистон барои узвият дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё низ ба гӯш мерасад. Мақомоти тоҷики огаҳ аз ҷараёни музокирот мегӯянд, ки мавзӯи узвият дар ин созмон «аслан матраҳ нест».
Владимир Путин бори охир моҳи сентябри соли 2015 ба нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ ба Тоҷикистон омада буд. Тоҷикистону Русия 25 сол боз равобити дипломатӣ доранд.