Ҳукумати Тоҷикистон нерӯгоҳи "Сангтӯда 1" дар ҷануби кишварро аз пардохти тақрибан 13 миллион сомонӣ қарзи андоз озод кардааст. Қарори ҳукумат дар ин бора рӯзи 25 январи имсол имзо шуда, нусхаи он тоза дастраси расонаҳо гардид.
Дар иваз, нерӯгоҳи "Сангтӯда 1" муваззаф шудааст, тақрибан 13 миллион қарзи ширкати "Барқи Тоҷик" аз ин нерӯгоҳро "хат занад". Дар маҷмӯъ, ширкати "Барқи Тоҷик" аз нерӯгоҳи "Сангтӯда 1" ҳудуди 650 миллион сомонӣ қарздор аст.
Нерӯгоҳи "Сангтӯда 1" 15 дарсади барқи Тоҷикистонро тавлид мекунад ва тавоноии он 670 МВТ аст. Тоҷикистон танҳо 25 дарсади саҳмияҳои ин нерӯгоҳро дар ихтиёр дорад ва 75 дарсади дигари он дар ихтиёри Русия аст. Гузаштҳои ҷониби Тоҷикистону Русия аз бахше аз қарзҳои якдигар дар пасманзари сафари Игор Шувалов, муовини нахуствазири Русия ва омодагиҳо ба сафари қарибулвуқӯи Владимир Путин ба Тоҷикистон сурат мегирад. Шувалов дар натиҷагирии сафараш дар охири моҳи январ гуфта буд, ки то замони омадани Путин масъалаҳои ҳалношуда миёни Маскаву Душанбе набояд боқӣ бимонанд.
Дар гузашта масъулони нерӯгоҳи "Сангтӯда 1" борҳо аз пардохт нашудани қарзҳои ширкати "Барқи Тоҷик" аз ин нерӯгоҳ нигаронӣ карда буданд.