Нархи як кило картошка -- яке аз маҳсулоти аслии истеъмолӣ дар бозорҳои шаҳри Душанбе то ба 4 сомонӣ расидааст. То се рӯзи пеш як кило картошка аз 2,5 то 2,7 сомонӣ нарх дошт ва ҳоло бештар аз як сомонӣ нархи картошка боло рафтааст.
Тоҷирон барфбориҳои зиёд ва баста шудани ағбаи Соланг дар Афғонистонро, ки тариқи он аз Покистон картошка ворид мешуд, сабаби аслии боло рафтани нархи картошка дар Тоҷикистон медонанд. Аз тарафи дигар, дар пайи як инфиҷори маргбор дар Покистон, он кишвар марзҳои худро ба Афғонистон бастааст ва ҳоло интиқоли молу коло ба мушкил рӯбарӯ шудааст.
Тоҷирон барфбориҳои зиёд ва баста шудани ағбаи Соланг дар Афғонистонро, ки тариқи он аз Покистон картошка ворид мешуд, сабаби аслии боло рафтани нархи картошка дар Тоҷикистон медонанд.
Нуриддин Гурезов, як сокини шаҳри Душанбе дар тамоси телефонӣ 5 март ба Радиои Озодӣ гуфт, аз бозори "Шоҳмансур"-и Душанбе як килограмм картошкаро бо нархи 4 сомонӣ харидорӣ кардааст. "Агар аз 50 кило зиёдтар гирӣ, арзонтар, яъне то 3,6 сомонӣ харидан мумкин аст. Аммо 5 килову даҳ килло то 4 сомонӣ ҳаст" - гуфт, ин ҳамсӯҳбати мо.
Сокинони дигар шаҳр низ болоравии бесобиқаи нархи картошкаро тасдиқ карданд. Суман Мирова, як сокини дигари шаҳри Душанбе гуфт, ҳоло танҳо картошкаи хурду нисбатан бесифтаро метавон бо нархи 3,5 то 3,6 сомонӣ харидорӣ кард. Ин хонум мегӯяд, картошка яке аз ғизои аслӣ дар хонаводаи онҳост:
"Мо ҳафтае барои панҷ узви хонавода то 5-6 килограм картошка мехарем. Дар баробари гӯшт картошка ҳам як маҳсулоти муҳим аст. Ҳатто шӯрбои гӯштдорро бе картошка хӯрда наметавонем."
Тоҷирон мегӯянд, ҳарчанд, истеҳсоли картошка дар дохили Тоҷикистон имсол зиёд шуда буд, вале ҳанӯз ҳам аз кишварҳои хориҷ, ба хусус Покистон ин навъи маҳсулот зиёд ворид мешуд. Парвиз Шарипов, раҳбари ширкати «Глобал» -- як ширкати воридкунандаи молу маҳсулот аз хориҷи кишвар 5 март ба Радиои Озодӣ гуфт, ним моҳ боз ағбаи Соланг дар Афғонистон баста ҳаст ва ҳаракати мошинҳое, ки ба Тоҷикистон молу маҳсулот интиқол медиҳанд, қатъ шудааст.
"Дар ин ағба ҳам мисли роҳҳои кишвари худамон тармафароӣ шудааст ва роҳ баста ҳаст. Аз Покистон аз ин тариқ картошка зиёд ворид мешуд ва ман фикр мекунам, ки сабаби боло рафтани нархи картошка дар баста шудани роҳи Соланг ва мушкили ҳаракат дар роҳи Хуҷанду Душанбе ҳаст",-гуфт Парвиз Шарифов.
Болоравии нархи картошка дар Тоҷикистон аз ибтидои моҳи феврал бинобар мушкили ҳаракат дар роҳҳои кишвар оғоз шуд. Картошкаро дар Тоҷикистон асосан дар вилояти Суғд ва минтақаи Рашт парвариш мекунанд. Дар барфбориҳои зиёд ҳаракат ва интиқоли молу маҳсулот аз ин ду минтақа мушкил шуда буд.
Тоҷикистон барои таъмини аҳолиаш бо картошка худкифо нест. Солона дар Тоҷикистон ба ҳисоби миёна бештар аз 300 ҳазор тона картошка ҷамъоварӣ мешавад, вале талаботи аҳолӣ ба ин маҳсулот аз 500 ҳазор тона бештар аст.
Бинобар ин Покистон ягона кишварест, ки талаботи сокинони Тоҷикистонро аз хориҷ бо маҳсулоти картошка таъмин мекунад. Соли гузашта дар Тоҷикистон дар майдони 22 ҳазору 340 гектар картошка кишт шудааст, ки дар қиёс ба як соли пеш ҳазор гектар бештар будааст.