Бо зикри фазилатҳои моҳи Рамазон раисҷумҳур бо даъват ба “парҳезкориву лутфу эҳсон ба атрофиён” гирифтани “дасти ниёзмандон” ва инчунин аз рӯи тавону имконият кӯмак расонидан ба афроди камбизоату нодорро низ аз ҷумлаи хислатҳои муҳими ин моҳ хондааст.
Дар идомаи табрикот оқои Раҳмон гуфтааст, ки соли равон моҳи Рамазон дар оғози фасли тобистон ва мавсими ҳосилғундорӣ ва дигар корҳои саҳроӣ рост омад, ки рӯза доштан ба коргарон, хосатан кишоварзон метавонад мушкил эҷод кунад.
Аз ин рӯ, раисҷумҳур дар ин паёмаш ба мардум дар робита ба оғози моҳи бо зикри он, ки шариат барои мусулмонон дар моҳи Рамазон як қатор сабукиҳо додааст гуфт, “моҳи Рамазон, ки ба фасли тобистон рост омадааст, чунин маънӣ надорад, ки мо кор накунем ва ҷамъоварии ҳосил, захираи маҳсулот, кишти такрорӣ ва дигар корҳои кишоварзиро ба вақти дигар гузорем.”
Ба таъкиди раисҷумҳур, тибқи талаботи фиқҳи ҳанафӣ низ барои касоне, ки бо корҳои вазнин машғуланд ва онҳое, ки агар дарав накунанд, зироаташон талаф мешавад ва дар фасли зимистон ба оилаҳояшон вазнинӣ меорад, сабукӣ дода шудааст.
Зимнан мизони нарху наво дар бозорҳои шаҳри Душанбе, ки маъмулан дар арафаи моҳи Рамазон боло мерафт, чандон тағйир накардааст.
Аксарияти бозорҳои маводи хӯрокаи Душанбе аз субҳи имрӯз пур аз харидорон буд, чунки фардо, 6-уми июн барои пайравони дини Ислом моҳи Рамазон шурӯъ мешавад. Дар ин моҳ, пайравони Ислом аз субҳ то шом аз хӯрдани ғизо худдорӣ меварзанд. Аз ин рӯ, аксари сокинон талош мекунанд, ки ҳангоми саҳархӯрӣ ва ифтор хӯрокҳои аз рӯзҳои маъмулӣ дида серғизо истеъмол намоянд. Ин аст, ки қабл аз оғози ин моҳ мардум бештар аз ҳарвақта молу маводи ғизоӣ харидорӣ мекунанд.
Ҳар сол бо оғоз шудани моҳзи Рамазон маъмулан нархи маводи озуқаворӣ дар бозорҳои кишвар якбора баланд мешуд. Аммо ин сол ба фарқ аз солҳои қаблӣ нархи озуқаворӣ болоравии нархи маҳсулот чандон ба назар намерасад.
Хабарнигори Озодӣ, ки субҳи имрӯз аз чанде аз бозорҳои пойтахт дидан кард, мегӯяд, нархи маҳсулоти асосии истеъмолии сокинон пиёзу картошка, сабзӣ ва дигар сабзиҷот тағйир наёфтаанд. Дар бозорҳои пойтахт қимати як килограм пиёз 50- 60 дирам, картошка вобаста ба сифаташ 1 сомониву 30-50 дирам ва қимати сабзӣ 1 сомониву 50 дирамро ташкил медод.
Нархи гӯшт ҳам, ки маъмулан дар арафаи моҳи Рамазон боло мерафт, чандон тағйир нахӯрдааст. Қиммати як килограм гӯшти гов дар бозори Шоҳмансури пойтахт вобаста ба сифат аз 31-32 сомонӣ хариду фурӯш мешуд.
Аммо сокинон гуфтанд, бо ин вуҷуд қиммати маҳсулоти ширӣ ва бархе аз анвои донагиҳо дар бозор боло рафтааст. Гулбаҳор Суюнова, сокини шаҳри Душанбе, ки бо халтаҳои пур аз маводи хӯрока аз бозори Шоҳмансур берун мешуд, гуфт, нархи лубию ва нахӯд, ки қаблан 8-9 сомониро ташкил медод, ҳоло то 9-10 сомонӣ боло рафтааст.
Аммо бо ин вуҷуд, сокинон мегӯяд, ба фарқ аз солҳои қаблӣ нархи маводи хӯрока то ҳадде муътадил боқӣ мондааст, вале аз он дар ташвишанд, ки дар рӯзҳои минбаъдаи моҳи рӯза, нархи он боло наравад.
Ҳукумати шаҳри Душанбе ҷиҳати ҷилавгирӣ аз болоравии нархи маҳсулот ва ғановати дастархонаи мардум дар чанде аз нуктаҳои шаҳр аз ҷумла дар бозори Шому саҳари маҳалаи Қарияи боло ярмаркаи маводу маҳслуоти хӯрокворӣ ташкил кардааст, ки дар он нархи маҳсулот аз қимати бозорҳо аз 10 то 30 дарсад арзонтар ба фурӯш гузошта шудааст.