Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, сатҳи таваррум дар моҳи июл назар ба як моҳи пеш ду маротиба афзуда, 0,6 дарсадро ташкил додааст. Дар шарҳи дафтари матбуоти Бонки миллӣ, ки рӯзи 12 август таҳти унвони “Шарҳи мухтасари таваррум дар моҳҳои январ-июли соли 2016” дар сомонаи расмии ин ниҳод нашр шудааст, аз ҷумла гуфта мешавад: “Тибқи маълумоти омори расмӣ дар моҳи июли соли равон сатҳи таваррум раванди нисбатан болоравӣ дошта, ба 0,6 фоиз баробар шуд, ки дар муқоиса ба моҳи қаблӣ 0,3 банди фоизӣ зиёд мебошад.”
Аз аввали сол сатҳи таваррум дар Тоҷикистон, бино ба омори овардаи Бонки миллӣ, 3,7 дарсад шуда, бино ба пешбинии мақомот, бояд то поёни сол дар сатҳи пешбинишудаи 6 дарсад ҳифз шавад.
Аммо Бонки миллӣ дар шарҳи сабабҳои таваррум мегӯяд, ки афзоиши таваррум дар бахши хидматрасониҳои пулакӣ дар моҳи июл асосан аз ҳисоби боло рафтани нархи чиптаҳои ҳавопаймо ва хидматрасониҳои роҳи оҳан ҳосил шудааст: “Таварруми ҳосилшуда асосан аз ҳисоби хизматрасонии пулакӣ 1,9 фоиз, маҳсулоти хӯрокворӣ ва маҳсулоти ғайрихӯрокворӣ 0,4 фоизӣ ҳосил гардид.”
Иқтисодшиносон якбора ду маротиба боло рафтани сатҳи таварруми моҳона дар Тоҷикистонро ҳанӯз хеле изтиробовар намешуморанд ва мегӯянд, манбаи асосии ин болоравӣ – афзоиши нархи чиптаҳои ҳавопаймо ва роҳи оҳан – табиати якдафъаина доранд ва ҳар рӯз иваз намешаванд ва аз ин рӯ, алакай дар моҳи август сатҳи таваррум метавонад ба сатҳи маъмулиаш баргардад.
Ба гуфтаи Зоҳир Бобоев, иқтисодшиноси тоҷик, “ҳукумати Тоҷикистон дар масъалаи танзими нишондиҳандаҳои иқтисодиаш –сар карда аз қурби сомонӣ то нарху навои бозорҳо ва сатҳи таваррум – асосан ба истифода аз фишангҳои маъмурӣ бартарӣ медиҳад. Ва ин фишангҳои маъмурӣ имкон медиҳанд, ки ин нишондиҳандаҳо дар сатҳе, ки дар нақшаи солона пешбинӣ шудааст, ҳифз карда шаванд.”
Аммо чизе, ки бо усули маъмурӣ намешавад ба таври пурра идорааш кард, ба гуфтаи ҳамсӯҳбати мо, танзими таносуби байни талабот ва пешниҳод – як омили дигари таъсиргузор ба нархи бозорҳост.
Бино ба гузориши Бонки миллӣ, дар моҳи июл дар бозорҳои Тоҷикистон “афзоиши нархи маводҳои озуқаворӣ ба монанди сабзӣ, картошка, пиёз, карам, гӯшти гов, тухм, шир ва чакка, помидор, чойи кабуд ва ярмаи марҷумак ба қайд гирифта шуд.”
Ҳамин тавр, аз байни маҳсулоти ғайрихӯрока дар моҳи июл дар бозори Тоҷикистон нархи гази моеъ, бензин, маводи канселярӣ, хокаи ҷомашӯӣ ва асбоби маишӣ боло рафтааст.
Боло рафтани нархи ин маҳсулот дар бозорҳоро рӯзи 14 август дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ Абдулло Аҳмадов, як тоҷири умдафурӯш дар бозори марказии шаҳри Турсунзода низ тасдиқ мекунад: “Як кило помидор то 4 сомонӣ хестааст, як тухм - то 80 дирам. Пиёз, ки 50-60 дирам буд, ҳоло 1 сомониву 20 дирам аст дар бозор. Картошка – 2,5 сомонӣ. Картошка пеш аз Покистон зиёд меомад, ҳоло ки оварданаш аз онҷо бас шуд, бозор талаботи мардумро қонеъ карда наметавонад ва дар натиҷа нархи картошка баланд рафт.”
Аммо дар айни замон, меафзояд дафтари матбуоти Бонки миллӣ, дар моҳи июл нархи як силсила маҳсулот, аз қабили орди навъи якум, шакар, равғани пахта, гӯшти гӯсфанд, бодиринг, себ ва нахӯд баракс пойин омадааст.
Ин дар ҳолест, ки соҳибкори тоҷик Абдулло Аҳмадов мегӯяд, кадом коҳиши чашмраси нархи, барои мисол, орд ё шакарро мушоҳида накардааст: “Ордро наметавон гуфт, ки арзон шудааст. Дуруст аст, ки дар як сатҳ, яъне 150-160 сомонӣ барои як халтаи 50-килоӣ истодааст. Вале як халта шакар ҳоло 340 сомонист. Ба кило гардонем, килояш қариб 7 сомонӣ мешавад. Арзон нест ин.”
Оҷонсии омори Тоҷикистон, ки дар ҳамкорӣ бо Барномаи хӯроквории СММ ба хотири мониторинги вазъи нарху навои бозорҳо сомонаи вижае таъсис додааст, дастикам дар як соли охир тағйире дар нархи ордро мушоҳида накардааст. Бар асоси маълумоти ин сомона, ки то 16 июнро дар бар мегирад, нархи миёнаи як кило орд дар Тоҷикистон як сол боз дар ҳудуди 3,40 сомонӣ барои як кило ва ҳудуди 170 сомонӣ барои як халта боқӣ мондааст.
Оҷонсии омор ҳамзамон дар як соли охир аз 8 сомонӣ то тақрибан 8,30 сомонӣ афзудани нархи як кило биринҷ, аз 5,50 то 7 сомонӣ хестани нархи як кило шакар ва аз 3,50 сомонӣ то зери 3 сомонӣ коҳиш ёфтани нархи як литр ширро сабт кардааст. Нархи мош дар як соли охир, бино ба ин манбаъ, як сомонӣ қиматтар шуда, аз марзи 9 сомонӣ барои як кило гузаштааст. Як литр равған дар як соли охир якуним сомонӣ гаронтар шуда, ба 11 сомонӣ барои як литр наздик шудааст.
Ҷастухезҳои нархи маҳсулот дар бозорҳои Тоҷикистон дар ҳолест, ки маоши ҳадди ақал дар ин кишвар 400 сомонӣ, муодили чизе бештар аз 50 доллар, ва маоши миёнааш 916 сомонӣ, ё ҳудуди 120 долларро ташкил медиҳад. Бино ба ҳисобҳо, беш аз 30 дарсад ё тақрибан ҳар сокини сеюми Тоҷикистон зери хатти фақр қарор дошта, бо даромади камтар аз 2 доллар дар рӯз ба сари ҳар узви хонавода рӯзгорашро пеш мебарад.
ҶАДВАЛИ ГӮЁ: Тағйири нархҳо дар бозорҳои
Тоҷикистон дар солҳои 2010 - 2016