Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ВИДЕОГУЗОРИШ: Оё танҳо бо маош дар Тоҷикистон метавон зист?


Навбаҳор Ҷӯраев
Навбаҳор Ҷӯраев

Оё дар Тоҷикистон танҳо бо маош метавон зиндагӣ кард? Ва оё барои таъмини зиндагии шоистаи як хонавода маош бояд чӣ қадар бошад? 500 сомонӣ? 1000? 2000? Ё..?

Навбаҳор Ҷӯраев бо қариб 30 сол собиқаи омӯзгорӣ то ҳол иҷоранишин аст. Аз 1000 сомонӣ маоши худ ин омӯзгори 57-солаи соҳиби 5 фарзанд 100 долларашро барои ҳуҷраи якхонагии иҷорааш дар як канораи Душанбе медиҳад. Навбаҳор Ҷӯраев се рӯз дар ҳафта дар мактаби рақами 14-уми ноҳияи Ёвон, 55-километрии ҷануби Душанбе, аз забони русӣ дарс медиҳад ва қариб 300 сомонии дигар аз маошаш сарфи рафтуомад дар ин роҳи дароз мешавад.

Ӯ мегӯяд: “Намерасонаду хайр, боз хешу табор дорем. Онҳо ёрдам мекунанд. Хулоса бо ҳар роҳе рӯзамонро мегузаронем.”

Бино ба ҳисоби Кумитаи омори СНГ – Иттиҳоди кишварҳои муштаракулманофеъ, маоши миёна дар Тоҷикистон дар моҳи декабр 964 сомониро ташкил додааст, ки бо қурби имрӯза чизе бештар аз 150 доллар ва тақрибан баробари моҳонаи қаҳрамони мост.

Навбаҳор Ҷӯраев
Навбаҳор Ҷӯраев

Таҳлили қиёсӣ нишон медиҳад, ки маоши миёна дар Тоҷикистон дар байни кишварҳои пасошӯравӣ пойинтарин аст. Барои мисол, маоши миёна дар Русия дар моҳи декабр ҳудуди 700 доллар, дар Қазоқистон қариб 800 ва дар Қирғизистони ҳамсоя ва аз нигоҳи иқтисодӣ қариб ҳамвазни Тоҷикистон 270 долларро ташкил додааст.

Суол ин аст ки ин 964 сомонӣ маоши миёнае, ки дар Тоҷикистон медиҳанд, то куҷо метавонад, зиндагии шоиста як тараф, ақаллан гузарони зиндагии мардумашро таъмин кунад? Бахусус дар шароити хонаводаҳои аксаран серфарзанд ва нархҳои осмонбӯс дар бозорҳои ин кишвар?

ВИДЕОИ ИН ГУЗОРИШ ИНҶОСТ:

Оё танҳо бо маош дар Тоҷикистон зистан мумкин аст?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:13:17 0:00

Маошҳои паст, ба бовари соҳибназарон, ба тамоми соҳоти зиндагии Тоҷикистон таъсир гузошта, ин кишварро дар як ҳолати аз ҳар лиҳоз хеле осебпазир қарор медиҳад. Ҳакими Даврон, шореҳи хабаргузории “Озодагон” мегӯяд: "Масалан, як миллион мардуми мо ба ҳамин далели маошҳои ночиз дар хориҷ қарор доранд. Ин як миллион муҳоҷир дар Русия ба маъноест, ки мо аз лиҳози сиёсӣ пойбанди он кишвар мешавем."

Меъёри зиндагӣ дар Тоҷикистон

Ҳакими Даврон
Ҳакими Даврон

Дар Тоҷикистон ҳанӯз дар соли 2009 “Қонун дар бораи ҳадди ақали зиндагӣ” қабул шуд, ки зери ин мафҳум арзиши сабади истеъмолӣ ва маблағи пардохтҳои ҳатмиро дар назар дошта ва ҳадди камбизоатиро ҳамчун “меъёри даромадҳо барои қонеъ гардонидани талаботи ҳаётан муҳими инсон”, вале “вобаста ба имкониятҳои иқтисодӣ”-и Тоҷикистон маънидод мекунад.

Сабади истеъмолӣ дар ин қонун ҳамчун “маҷмӯи ҳадди ақали маҳсулоти озуқа, маҳсулоти ғайриозуқа ва хизматрасонӣ, ки барои нигаҳдории саломатии инсон, таъмини ҳаёт ва фаъолияти ӯ заруранд,” таъбир шудааст.

Сабади истеъмолии тоҷик чӣ дорад?

Аммо сабади истеъмолии Тоҷикистон чӣ дорад? Маълум мешавад, як одам дар моҳ бояд 20 дона тухм, 3 кило гӯшт, 3 кило ҷурғот, 7,5 литр шир, аз 2 то 3 кило биринҷу наску нахӯд ва дигар ғизои донагӣ, то 12 кило меваву сабзавот ва (албатта, бе ин намешавад) 30 нон истеъмол кунад.

Ин сабад чизҳои ғайрихӯрдание, чун тоқию палто, куртаву костюм, либоси таг, пойафзол, кӯрпаю болин, собуну шампун, хокаи дандону дорувор ва пули хидматҳое, чун газу барқ, обу гармӣ, канализатсия ва харҷи нақлиётро дар бар мегирад. Мақомот дар маҷмӯъ нархи сабаби истеъмолиро ба ҳар сари аҳолии Тоҷикистон 475 сомонӣ ҳисоб кардаанд, ки бисёриҳо ба дурустиаш шак доранд. Вале ҳатто ин 475 сомонӣ ҳам хориҷ аз тавони бисёре аз хонаводаҳост.

Дар натиҷа бисёриҳои фарқи байни маош ва ниёзҳои ҳиндагии худро аз ҳисоби даромадҳои иловагӣ, аз ҷумла бо кор кардан дар чанд корхона, деҳқониву боғдорӣ, тиҷорат ваё, агар мансабаке дошта бошанд, аз ҳисоби пора гирифтан аз корафтодаҳо пур мекунанд.

Ҳакими Даврон, шореҳи хабаргузории “Озодагон” мегӯяд: “Дар мо фасоду пора дигар як чизи маъмулӣ шудааст. Ҳама барои пеш бурдани зиндагӣ ваё барои ҳадди ақал барои таъмини рӯзгору худу фарзандон пора мегиранд. Чунки бо маоше ки дар Тоҷикистон ҳаст, паси сар кардани як моҳ ғайриимкон аст.”

Маоши шумо ба зиндагиатон мерасад?
Маоши шумо ба зиндагиатон мерасад?

Ин фарҳанг ҳоло дар зеҳнҳо чунон ҷо шудааст, ки дар ҷомиа ба касе, ки аз ҳисоби фасоду ришва барои худ молу ҳол сохтааст, назар ба як омӯзгори пойбанди маоши ҳалол, вале ночиз бологузар аст. Бо ин вуҷуд қаҳрамони мо - Навбаҳор Ҷӯраев - хеле шикастанафсона мегӯяд, ки пули кам: вале ҳалоли муаллимиаш баракати дигар дорад: “Намегӯям, ки маошам кам аст. Нархҳо вазнинтаранд. Лекин як илоҷ карда, зиндагӣ мекунем. Солҳои 90, вақте муаллимӣ мекардем, семоҳа маоши мо ба як линча орд намерасид. Ҳоло, шукр, чанд линча орд мешавад як маош. Ин ҳам як пешравӣ аст.”

Ду назарсанҷӣ

Қабл аз таҳияи ин барнома мо дар сомонаи Озодӣ ду назарсанҷӣ доир кардем. Ба суоли “Маоши шумо ба зиндагиатон мерасад?” танҳо ҳар нафари бистум гуфт, ки мерасад ва ҳатто зиёдатӣ мекунад. Ҳар нафари даҳум мегӯяд, ки маоши ӯ ба рӯзгораш нӯг ба нӯг мерасонад. Ба ҳар нафари ҳаштум маош “гоҳ мерасаду гоҳе не.“

7,4 дарсад иқрор карданд, ки “ғайри маош даромади дигар ҳам доранд.” Вале беш аз 60 дарсад аз 847 нафари то рӯзи 11 март посухдода алам кардаанд, ки ҳар моҳ то маоши нав қарз мегиранд.

Харҷи оилаи Шумо дар як моҳ чӣ қадар аст?
Харҷи оилаи Шумо дар як моҳ чӣ қадар аст?

Дар назарсанҷии дувум ба ин суол ки “Харҷи оилаи Шумо дар як моҳ чӣ қадар аст?“ то рӯзи 10 март аз беш аз 1100 нафар 5 дарсад ё ҳар нафари бистум буҷаи моҳонаи оилаи худро то 500 сомонӣ, 15 дарсад – то 1000, чоряки пурсидашудаҳо то 2000 ва 35 дарсад ё ҳар нафари сеюм беш аз 2000 сомонӣ баровард кардаанд. Ҳар нафари даҳум гуфт, харҷи худро ҳисоб намекунад. Вале беш аз 7 дарсад мӯътақиданд, ки барои баровардани ҳамаи хостҳои онҳо дар як моҳ “миллион ҳам камӣ мекунад.”

Айни пурсишро мо дар кӯчаҳои Душанбе аз раҳгузарон кардем. Мардум дар бораи сатҳи маош дар кишвар чунин изҳори назар карданд:

Назари чанде аз сокинон дар кӯчаҳои Душанбе:

“Намерасад маош. Як халта орд – то 180 сомонӣ! Як кило картошка – 2 сомонӣ. 3 сомонӣ буд, нав 2 сомонӣ шуд. Аз куҷо мерасад, вақте ҳамагӣ 300 сомонӣ маош мегирӣ? Намерасад!”

Маоши моҳонаи ман 620 сомонӣ аст. Лекин азбаски оилаи ман сабуктар аст, ин маош барои шахсан ман мерасонад. -Яъне то моҳи дигар қарзодор намешавед? – Қарздор мешавам. Ҳозир ман аз як мағоза 160 сомонӣ қарздорам. Маоши навбатиамро, ки гирифтам, насиб бошад, медиҳам қарзамро.”

“Ба фикри шахсии ман, маош ба зиндагӣ намерасад. Бо ин нарху наво дуруст намеояд.”

“Намерасад ба ман. Бояд пули барқро дод, пули мактаби кӯдаконро дод. Маош намерасад. Дар Тоҷикистони мо шояд корди кормандони бонк дар равған бошад. Аз ман - не.”

Ин ҳамсӯҳбати охири мо ҳадс зад, ки дар Тоҷикистон мансабдорон ва шояд ҳам кормандони бонк “нонашон дар равған бошад.” Аммо дар асл кадом касбҳо дар ин кишвар маоши хубтар доранд?

"Чемпионат"-и маошҳо

Бино ба омори расмии соли 2013, “чемпион”дар ҳақиқат миёнаравҳо ва кормандони ниҳодҳои молӣ, ки ҳамсӯҳбати мо ба ҳаёти “равғанӣ”-ашон ҳасад мебурд, будаанд. Маоши онҳо 2 сол пеш 2300 сомонӣ, ё 450 доллар бо қурби ҳамон вақт будааст. Дар ҷои дуюм бо 1800 сомонӣ моҳона кормандони алоқа ва нақлиёт ва сохтмончиён бо 400 доллар маош дар ҷои сеюм қарор доштаанд.

Аммо дар ин “чемпионат” аз ҳама ақиб кормандони тибу маориф ва кишоварзону ҷангалбонҳоянд, чунки маоши миёнаи муаллимон 700 сомонӣ буда, ҳоли боз ҳам бадтар аз деҳқонону ҷангалбонҳост, ки ҳамагӣ аз 200 то 300 сомонӣ музди моҳона мегиранд.

Дар Тоҷикистон маоши мардумро маъмулан бо пули миллӣ медиҳанд ва мақомоташ бо он мефахранд, ки аз соли 2008 ба ин сӯ маоши миёна дар ин кишвар қариб 3 маротиба боло рафта, аз 333 ба 964 сомонӣ расидааст. Ҳамин тавр, қарор аст, моҳи сентябри соли ҷорӣ маошу нафақаҳоеро, ки аз буҷаи давлатӣ пардохт мешаванд, боз аз 15 то 30 дарсад боло бурда, маоши ҳадди ақал дар кишвар якбора аз 250 ба 400 сомонӣ расонда шавад.

Аммо коҳиши пайвастаи қурби сомонӣ, таваррум ва афзоиши пайвастаи нарху наво ин ҳама маошҳои афзударо ҳар дафъа ба як маблағи ночиз ва барои таъмини зиндагӣ нокофӣ табдил медиҳад.

Қаҳрамони мо Навбаҳор Ҷӯраев ҳам бо 100 сомонӣ пуле, ки дар ҷайб дошт, барои хариди ин ҳафтааш ба бозор рафт. Ин пули ӯ танҳо барои харидани каме картошкаву пиёзу себ, 20 дона тухм, як кило гӯшт ва 400 грамм ҳасиб кифоят кард ва Навбаҳор Ҷӯраев харидҳои калонтараш, аз ҷумла ордро то маоши наваш қафо партофт.

"На вақти театр дорам, на кинотеатр"

Навбаҳор Ҷӯраев дар хона дафтарҳои шогирдонашро тафтиш мекунад
Навбаҳор Ҷӯраев дар хона дафтарҳои шогирдонашро тафтиш мекунад

Аммо зиндагӣ, албатта, фақат иборат аз хӯрдану пӯшидан нест. Хусусан барои қишри равшанфикр, аз ҷумла омӯзгорон, ғизоҳои маънавие, чун китоб низ мисли обу ҳаво лозим аст. Ҳам барои ошноӣ бо навгониҳои марбут ба касбашон ва ҳам барои донистани тозаҳои фарҳангу сиёсат, то дар посух ба суолҳои мардуми, ба қавле, оммӣ, ки ҳамин қишри босаводро як манбаи барояшон мӯътамад мешуморанду росту дурӯғ будани хабарҳои аз чапу рост шунидаашонро одатан аз онҳо мепурсанд, кам наоянд.

Бо он нархҳои, ба гуфтаи як адиби тоҷик, “баробари як линча орд”-и китобҳо дар Тоҷикистон ва ҳам ба далели тангии манзили якҳуҷрагиаш Навбаҳор Ҷӯраев ҷевон ё рафи китоб надорад. Тамоми китобу дафтари лозим барои омӯзгориашро ӯ дар як ҷомадон ҷо кардааст, вале боз ҳам дар айвони хонаи тангаш як гӯшаи кӯчаки “фарҳангӣ”-е барои худ “сохтааст.” Ҷое ки ӯ рӯзнома мехонад, телевизион тамошо мекунад ва ҳам ба дарсҳояш тайёрӣ мебинад.

Аммо ин омӯзгор иқрор мекунад, ки дер боз на ба театр по гузоштаасту на ба кинотеатр: “Ман ба кинотеатр ё театр ягон бор нарафтаам, чунки вақташро надорам. Субҳи барвақт кор меравам, бегоҳ меоям, хулоса, ба тамошои театру кино вақт намеёбам.”

Маоши муносиб дар худи Тоҷикистон? Ин имкон дорад?

Собир Вазиров
Собир Вазиров

Аммо оё имкон дорад, ки Тоҷикистон мардумашро бо маошҳои муносиб таъмин кунад? Иқтисодшинос Собир Вазиров бо таассуф мегӯяд, ба ҷуз андозу гумрук манбаи бештаре барои боло бурдани маошҳо дар кишвар надорад. Вале ӯ ба як василаи дигари муҳим таъкид мекунад: “Ин фишанг рушди соҳибкорист. Пешрафти соҳибкор ба маъноест, ки дигар соҳаҳо ҳам баробараш пеш мераванд. Яъне соҳибкор як дасти нодиданиест, ки метавонад ҳама соҳаҳои иқтисодро аз паси худ пеш бубарад.”

Дар Тоҷикистон, ки рӯзгори аксари хонаводаҳояш аз ҳисоби пули фиристодаи муҳоҷирон ва бархеаш, агар мансабаке дар дасташон бошад, бо “кӯмак”-и корафтодаҳо таъмин мешавад, бисёриҳо маошро ҷиддӣ намегиранд ва ба нафаре, ки зиндагиаш аз маош то маош мегузарад, бо дидаи ҳақорат менигаранд, ки ин бечораро рӯзаш ба маош монда. Аз ин рӯ, ҳазорон нафар розианд, ҳатто дипломҳои сурху кабуди мактабҳои олиро дар сандуқ мондаву дар ивази маоши хубтар хориҳои ғурбат дар Русияро таҳаммул кунанд.

Қаҳрамони мо - Навбаҳор Ҷӯраев ҳам дар солҳои 90 дар Русия 5 сол мардикорӣ кардааст, вале мегӯяд, иззатро бояд дар Ватан ҷуст ва ӯ аз инки аз баҳри пули хубтари Русия гузашту ба пешаи муаллимиаш баргашт, заррае пушаймон нест: “Ман аз касби интихобкардаам пушаймон нестам, чунки ин як касби хеле пуршараф аст. Чӣ дар Тоҷикистон ва чӣ дар тамоми дунё. Зеро мо насли ояндаро тарбия мекунем.”

Ин “насли оянда” имрӯз аз Навбаҳор Ҷӯраев забони русиро асосан барои он меомӯзад, ки худро ба мардикории оянда дар ҳамон Русия омода кунад. Аммо ин омӯзгор ба ояндаи Тоҷикистон бо умед ва хеле хушбинона нигоҳ мекунад ва бовар дорад, ки агар ӯ не, пас фарзандонаш ҳатман соҳиби зиндагии шоистае дар Ватан хоҳанд шуд. Зиндагие, ки қаҳрамони мо – омӯзгори забони русии мактаби рақами 14-и ноҳияи Ёвон Навбаҳор Ҷӯраев ва боқӣ мардуми Тоҷикистон имрӯз ҳам сазовораш ҳастанд.

АЙНИ ВИДЕО ДАР ЮТУБ:

XS
SM
MD
LG