Бонки Миллии Тоҷикистон қасд дорад, имсол барои сарпечӣ аз насби "POS терминал" ё таҷҳизоти пардохти пули ғайринақдӣ дар фурӯшгоҳҳо муҷозот таъин кунад. Яъне, ин бонк мехоҳад, ки харидуфурӯш дар мағозаҳо асосан тавассути кортҳои бонкӣ анҷом бишавад. Дар ин бора Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Бонки Миллӣ, рӯзи 23 январ дар нишасти матбуотӣ дар Душанбе хабар дод, аммо ҷузъиёти бештарро дар бораи навъи ҷазо ё шеваи татбиқи он ироа накард. Вай танҳо гуфт, чунин амр ба манзури ҷилавгирӣ аз афзоиши таваррум ё поинравии қурби пули миллӣ – сомонӣ гирифта мешавад. "Ин пешниҳод ба зудӣ ба ҳукумати кишвар фиристода хоҳад шуд", - афзуд ӯ.
Воқеият ин аст, ки дар соли гузашта мизони таваррум бамаротиб бештар аз омори расмӣ буд. Аммо раҳбарияти кишвар танҳо аз роҳҳои маҷбурӣ ва интизомӣ аз афзоиши бештари ин нишондод тавонистанд ҷилавгирӣ кунанд.
Ба иттилои Нурмуҳаммадзода, феълан дар Тоҷикистон тақрибан 800 банкомат ва ҳудуди дуним ҳазор POS терминал фаъоланд. Вай гуфт, ҳоло 18 бонки кишвар омода ҳастанд, ки ҳудуди 500 банкомати навро насб кунанд. Ба иттилои раиси Бонки Миллӣ, дар соли гузашта пешбинӣ шуда буд, меъёри таваррум ё поинравии қурби пули миллӣ набояд аз 7 дарсад бештар шавад, "вале бар пояи талошҳо таваррум дар соли гузашта танҳо ба 6,1 дарсад баробар шуд."
Дар ҳамин ҳол, бархе аз таҳлилгарони тоҷик чунин омори Бонки Миллиро ғайривоқеӣ донистанд. Зафар Абдуллоев, таҳлилгари иқтисодии тоҷик, ки худ низ дар гузашта дар Бонки Миллӣ кор кардааст, гуфт, "чунин омор хокпошие ба чашми мақомот беш нест. Бале, соли гузашта мизони таваррум андак буд. Аммо раҳбарияти кишвар танҳо аз роҳҳои маҷбурӣ ва интизомӣ аз афзоиши бештари ин нишондод тавонистанд ҷилавгирӣ кунанд."
Вай афзуд, барои пешгирӣ аз идомаи афзоиши сатҳи таваррум бояд иқдоме назири афзоиши ҳаҷми пулҳои ғайринақдӣ рӯйи даст гирифта шаванд. Ҷамшед Нурмуҳаммадзода низ гуфт, барои ҷилавгирӣ аз афзоиши ҳаҷми пули нақд дар гардиш бояд POS терминалҳо дар фурӯшгоҳҳо бештар насб шаванд ва "ба ин хотир баъд аз зуҳри 23 январ дар бинои Бонки Миллӣ ҷаласае бо ҳузури раисони бонкҳои кишвар баргузор шуда, дар он мавзӯи афзоиши миқдори POS терминалҳо баррасӣ мешавад."
Собир Вазиров, иқтисодшиноси тоҷик, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, барои расидан ба ин ҳадаф бояд қабл аз ҳама мавзӯи боло будани мизони андоз дар кишвар ҳалли худро пайдо кунад. Вай бовар дорад, ки ҳоло банкоматҳо танҳо барои табдил ба пули нақд кардани дороиҳои мардум истифода мешаванд.
"Мардум барои харид нахуст пули худро тавассути банкоматҳо ба пули нақд табдил медиҳанд ва сипас маҳсулот мехаранд ё аз хадамот истифода мекунанд. Ин як ҷузъи изофӣ аст ва бояд аз байн бурда шавад. Дар ин замина мушкили марбут ба андозбандӣ вуҷуд доранд, зеро на ҳама аз фурӯшгоҳҳо барои кори шаффоф омода ҳастанд. Ҳамзамон мардум низ ҳоло барои чунин кор чандон алоқаманд нестанд. Ба ин хотир бояд корҳои фаҳмондадеҳӣ тақвият дода шавад", - афзуд ӯ.
Бо ин ҳол, Ҷамшед Нурмуҳаммадзода хабар дод, ки дар соли гузашта ҳаҷми пули нақд дар бозори Тоҷикистон ду баробар афзоиш ёфта, ба 8,2 миллиард сомонӣ расидааст. Вай афзуд, афзоиши ҳаҷми пули нақд ба хотири ҳимояти бозори дохилӣ ва раҳоӣ вобастагии иқтисоди кишвар ба доллар рӯйи даст гирифта шудааст.
Аммо ба гуфтаи Зафар Абдуллоев, агар ҳукумати Тоҷикистон барои таъмини вазъи қурби пули миллӣ ва ҳамзамон таъмини ниёзи тоҷирон ба асъор иқдомҳои фаврӣ рӯйи даст нагирад, барои дарозмуддат аз роҳи маҷбурӣ нигоҳ доштани тавозуни бозори молӣ душвор хоҳад буд.