Фаррух Ҷурақулов, сокини шаҳри Душанбе, ки ҳангоми харид аз корти “Visa” истифода мекунад, мегӯяд: “Ман бо як корт метавонам ҳам либос харам ва ҳам хӯрокворӣ. Вале афсӯс, ки ҳоло дар супермаркетҳо хӯрока харидан мумкин аст, вале дар ҳамаи мағозаҳои либосфурӯшӣ ин кор имкон надорад. Ба фикрам, бонкҳо ба онҳо пешниҳод намекунанд ва худи онҳо ҳам ба бонкҳо муроҷиат намекунанд, ки постингҳои навро насб кунанд.”
Дар ҳар мағоза, ки хадамоти интернетӣ вуҷуд дорад, дар он ҷо бонкҳои дилхоҳ бо ризояти мағоза терминали бонкӣ ё мошини ҳисоби кортӣ насб мекунанд ва мағоза ба мизоҷон на бо пули нақд, балки бо корти плостикии магнитӣ хариди онҳоро ҳисоб мекунад.
Фаррух мегӯяд, то ҳол соҳибкорони хусусӣ ва ҳатто шаҳрвандони кишвар аз истифодаи корт худдорӣ мекунанд ва аксар вақт онҳо бо пули нақд ҳисоб мекунанд, чунки барои боз кардани ҳисоб дар бонк ва гирифтани корт бояд дар ниҳодҳои андоз мизоҷ сабти ном шавад ва андоз пардохт кунад. Мизони андоз дар Тоҷикистон баланд аст ва мизоҷонро аз ин кор “мегурезонад”. Гузашта аз ин, то ҳол дар Тоҷикистон ба бонкҳо эътимоди пурра надоранд ва мизоҷон фикр мекунанд, ки бонкҳо онҳоро фиреб медиҳанд.
Ораш Хоҷамуродов, мутахассиси пешбари Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон мегӯяд, ҳоло аз 16 бонки Тоҷикистон 7 бонк кортҳои плостикии магнитии худро ҷорӣ кардаанд ва дар Тоҷикистон бештар аз 430 терминал ё мошинҳои ҳисоб вуҷуд дорад. Ин терминалҳо ба ҷуз аз мағозаҳо, дар тарабхонаҳову меҳмонхонаҳои муосир низ насб шудаанд: “Мо дар Тоҷикистон кортҳои байналмиллалии “Master card”, “Maestro”, тақрибан ҳамаки навъҳои “Visacard”, “Electron” ва кортҳои худи Тоҷикистонро дорем, ки онҳоро дар дохили худи кишвар истифода мебарем. Кортҳои дохилиро бештар барои гирифтани маош истифода мебаранд.”
Бонкҳои Тоҷикистон маъмулан ин кортҳоро аз хориҷ мехаранд ва худашон номи мизоҷонро менависанд ва шумораи бонкии магнитӣ мезананд. Ҳоло “Ориёнбонк” ва “Агроинвестбонк” нисбат ба бонкҳои дигар муштариёни зиёд доранд ва шумораи корбарони ҳар яки онҳо тақрибан 100 ҳазор нафар тахмин зада мешавад. Кормандони бештари корхонаву ширкатҳои бузурги Тоҷикистон дастмузди худро дар ҳамин бонкҳо нигаҳдорӣ мекунанд.
Ораш Хоҷамуродов мегӯяд, ҳоло дар Тоҷикистон хадамоти бонкиро бо фиристодани паёмакҳои телефонӣ, яъне СМС ва ё интернет, ки он бештар бо номи хадамоти On line машҳур аст, метавон ҳам дар дохили кишвар ва ҳам бо хориҷ анҷом дод, вале шумораи чунин мизоҷон кам аст ва бояд бонкҳо эътимоди мардумро ба даст оранд.
Як мақоми Бонки Миллӣ, ки нахост аз вай ном бибарем, мегӯяд, ҳамаи низомҳои муосири пардохтҳои бонкӣ, ки дар ҷаҳон вуҷуд дорад, дар Тоҷикистон ҳам ҷорӣ шудааст. Ба гуфтаи вай, Тоҷикистон дар остонаи вуруд ба Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат ба ин корҳо омодагӣ дошт ва ҳоло кишварҳои узви ин созмон ҳар навъи пардохти On line бо Тоҷикистонро метавонанд анҷом диҳанд. Ба гуфтаи ин манбаъ, Тоҷикистон ҳоло барномаҳои муосири пардохтҳои On line бо ҷаҳони хориҷро дорад, ин барномаҳо ҳамеша рушд меёбанд ва тағир мехӯранд ва бонкҳои Тоҷикистон ҳамвора ин барномаҳоро дастрас мекунанд.
Бо вуҷуди ин Шариф Раҳимов-вазири иқтисоди Тоҷикистон мегӯяд, байни давлатҳо шартномаҳои махсус вуҷуд дорад ва бар асоси он дар ҳар давлат ниҳоде ҳаст, ки ҳаракат ё гардиши пулҳоро назорат мекунад, агар ҳатто чунин пардохт тавассути On line сурат бигирад: “Мувофиқи шартномаи байни давлатҳо як ташкилот ҳаст, ки ҳамаи ҳаракати пулҳоро назорат мекунад. Пулҳое, ки ба ҷое меравад, ба воситаи ҳамин ниҳодҳо мегузаранд.”
Ба ақидаи оқои Раҳимов, албатта дар сурати ҷорӣ шудани хадамоти пардохти On line шояд назорат то андозае мушкилтар шавад.
Ин навъи хадамоти бонкӣ дар Тоҷикистон дар давоми якуним-ду соли ахир равнақ пайдо кардааст. Ҳоло байни корхонаҳои саноатии Тоҷикистон низ ҳамин гуна ҳисоббаробаркунӣ ҷорӣ шудааст. Бонкҳо барномаҳои заруриро мехаранд, ба корхонаҳо пешкаш мекунанд. Ин барномаҳо дар компютер насб мешаванд ва зарурате барои рафтан ба бонк намемонад.