Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дуздии ҳазорон сомонӣ аз банкоматҳои Хуҷанд


8 ҷавони аз 17 то 24-сола дар Хуҷанд бо иттиҳоми шикастани терминалу банкоматҳо ва рабудани пули дохили онҳо дастгир шудаанд.

Дар вилояти Суғд ҳашт ҷавон ба иттиҳоми шикастани терминал ва банкоматҳо боздошт шудаанд. Акбар Шарифов, сухангӯи раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд рӯзи 26-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, яке аз ин ҷавонон 17-сола ва хонандаи яке аз мактабҳои миёнаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буда, дигарон аз 19 то 24-солаанд ва дар маҷмӯъ, ба шикастани 10 терминалу 1 банкомат ва дуздии маблағҳои дохили онҳо, ҳамчунин дуздии компютеру дигар дастгоҳҳои техникӣ аз литсейи рақами 13 ва Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, айбдор мешаванд.

Ба гуфтаи манбаъ, 6 ҷавони сокини ноҳияҳои Истаравшан, Шаҳристон ва Ашт чанд рӯз қабл ва ду ҷавони дигар аз ноҳияи Ғафуров, ба шумули талабаи мактаб, ахиран дастгир шудаанд. Гурӯҳи шаш нафарӣ чаҳор терминали интиқоли маблағро дар Хуҷанд шикаставу маблағҳои дохили онҳоро рабуда, бо хароб кардани терминалҳо, ҳудуди 40 ҳазор хисороти мол расонидаанд.Танҳо банкомати шикастаи онҳо, ки ба бонки “Эсхата” тааллуқ дорад, наздики 13 ҳазор сомонӣ арзиш доштааст.

Ҳамин тавр, ду ҷавони ахиран боздоштшуда маблағҳои дохили кеш - сандуқи 6 терминалро дуздидаанд ва дар маҷмӯъ, зарари молии расонидаи онҳо наздики 25 ҳазор сомонӣ бароварда шудааст.

Дилшод Ниёзов, мудири нахустин хадамоти терминалии интиқоли маблағ дар Хуҷанд - “Express Pay” мегӯяд, 6 терминали шикаставу ғоратшуда аз сӯи ҷавонон, моли ширкати онҳо аст. Ва афзудани ҳодисаҳои ғорати терминалҳо, онҳоро водор кардааст, ки чораҳои нав андешанд: “Мо ҳозир ба терминалҳоямон занг гузошта истодаем. Дар ҳолати бе иҷозат боз кардани он занг мезанад ва ба унвонии мо СМС -- паёмак равон мекунад. Ғайр аз ин як автомобили посбонҳо мо дар гардиш аст ва шабона он терминалҳоеро, ки дар маҳалҳои хилваттар гузошта шудаанд, хабар гирифта меистанд.”

Мусоҳибам афзуд, шомгоҳон маблағ аз терминалҳо берун оварда мешавад ва аз ин рӯ дуздон нимашабон чандон маблағи чашмрасе надуздидаанд. Зиёни аслии онҳо, хароб кардани худи терминалҳо аст, ки аз як ҳазор то севуним ҳазор сомонӣ арзиш доранд.

Гузоштани терминалҳои интиқоли маблағ дар Хуҷанд нахуст аз сӯи ҳамин ширкати “Express Pay” шурӯъ шуда буд. Ҳоло ин ширкат дар вилояти Суғд 400 ва дар Хуҷанд 200 терминал дорад. Ҳамчунин дар канори он терминалҳои бонки “Эсхата”, ширкатҳои “Тезпур”, “Киви“ ва бархе соҳибкорони инифиродӣ низ ҷойҳои таҷаммӯи мардум, умдатан дар наздикӣ ва дохили фурӯшгоҳҳои бузург, шабонарӯз фаъоланд.

Масъулони бонки “Эсхата” дар Хуҷанд мегӯянд, дуздон банкомати онҳоро нашикастаанд, балки терминали онҳоро хароб кардаанд. . Банкоматҳо дар дохил сандуқи оҳанин доранд, ки ҳатто дар сурати шикастани ҷилди банкомат низ намешавад аз сандуқ пулро берун овард. Аз ин рӯ, дуздони ҷавон терминалҳоро мавриди ҳамлаву ғорат қарор додаанд. Ба гуфтаи онҳо, аксари кулли терминалҳои онҳо дар ҷойҳои таҳти назорати доимии видеокамераҳо гузошта шудаанд

Акбар Шарифов, сухангӯи раёсати вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар вилояти Суғд мегӯяд, нисбати ин 8 ҷавони боздоштшуда тибқи банди “дуздӣ”-и Кодекси ҷиноӣ парванда боз кардаанд ва тафтиш идома дорад. Айбдоршудагон ба ҷуз хонандаи синфи 11 - и мактаби миёна, ки ба шарти берун нарафтан аз маҳали зисти худ раҳо шудааст, дар боздошт қарор доранд.

Дар соли 2014 танҳо чанд мавриди шикастани банкомату терминалҳо дар минтақаи Суғд эълон шуда буд, вале имсол, ба гуфтаи манобеи интизомӣ, сар задани чунин ҷиноят аз сӯи ҷавонону наврасон, рӯ ба афзоиш ниҳодааст.

XS
SM
MD
LG