Ҳабибулло Ризоев, писари Маҳмурод Одинаевро ба "авбошӣ" муттаҳам кардаанд

Ҳабибулло Ризоев

Додситонии шаҳри Ҳисор Ҳабибулло Ризоев, писари Маҳмурод Одинаев, муовини боздоштшудаи раиси Ҳизби сотсиал- демократи Тоҷикистонро ба "авбошӣ" муттаҳам кардааст.

Пайвандонаш гуфтанд, ӯ бо шарти берун нарафтан аз маҳалли зист дар озодӣ аст, аммо парвандааш барои муҳокима ба додгоҳ фиристода шудааст. Шайхмуслиҳиддин Ризоев, писари дигари Маҳмурод Одинаев низ бо айни иттиҳом (авбошӣ) дар боздошт қарор дорад.

Дар ҳоле ки пайвандони Ҳабибулло Ризоев иттиҳоми зидди ӯро беасос мешуморанд, Додситонии Ҳисор дар хулосаи худ зикр кардааст, ки "ӯ бо ҳаракатҳои қасдона барои нишон додани муқобилият ба кормандони интизомӣ тибқи моддаи 237, қисми 2, бандҳои "б" ва "в" (авбошӣ) айбдор карда шуд." Нусхаи санад дар дасти Радиои Озодӣ ҳаст.

Яке аз наздиконаи Ҳабибулло Ризоев рӯзи 8-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, ӯро барои гуё бетартибӣ дар назди бинои Комиссариати ҳарбии шаҳри Ҳисор айбдор кардаанд. Ин ҳодиса моҳи октябри соли гузашта ва замоне ки Ҳоҷиакбар, писари дигари Маҳмурод Одинаевро ба артиш бурданӣ буданд, иттифоқ уфтодааст.

Мусоҳиби мо тасдиқ кард, ки Ҳабибулло Ризоев барои ба артиш набурдани бародараш Ҳоҷиакбар, ки ба иддаои онҳо биноии чашмаш заиф аст, бо кормандони Комиссариати ҳарбӣ вориди баҳс шуд, вале бетартибӣ накардааст.

Аз ин пеш Додситонии кулли Тоҷикистон гуфт, Маҳмурод Одинаевро барои он дастгир карданд, ки моҳи октябри соли 2020 дар назди комиссариати ҳарбии Ҳисор "дар муддати тахминан 30-40 дақиқа тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намуда, нисбат ба намояндагони ҳокимияти давлатӣ таҳдид, зӯроварӣ ва суханҳои қабеҳро раво дидааст."

Бино ба наворҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ маҳфузанд, Маҳмурод Одинаев моҳи октябри соли гузашта дар назди комиссариати ҳарбии шаҳри Ҳисор иддао кард, ки писараш Ҳоҷиакбар Одинаевро ғайриқонунӣ ба сафи артиши Тоҷикистон ҷалб кардаанд.

Меҳрнигор Ризоева, ҳамсари Маҳмурод Одинаев, рӯзи 29-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, ба ҷойи шавҳараш аз намояндагони комиссариати ҳарбии шаҳри Ҳисор узр пурсид ва мехоҳад, қазияи ӯ ва писаронашро мунсифона баррасӣ кунанд.

Маҳмурод Одинаев

Маҳмурод Одинаевро рӯзи 5-уми декабри соли 2020 дар ҳудуди шаҳри Душанбе дастгир карданд. Ӯ пеш аз боздошт мақомот ва ҳукумати Тоҷикистонро танқид мекард ва моҳи ноябр навишт, ки мардумро ба тазоҳурот даъват мекунад.

Раҳматилло Зойиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, дар аввал боздошти баҳсбарангези муовинашро барномарезишуда номид ва ангушт ба сӯйи мақомоти интизомиву амниятӣ кард. Рӯзи 12-уми декабри соли гузашта дар баёнияе дар Фейсбук навишт, дастгир шудани Одинаев сабаби "хусусӣ" дошт.

Маҳмурод Одинаев ягона узви баландпояи Ҳизби мухолифи сотсиал-демократ нест, ки дар солҳои ахир боздошт мешавад. Пеш аз ин мақомот Бузургмеҳр Ёров ва Шӯҳрат Қудратов, аз фаъолони ҳизбро боздошт ва ба зиндон маҳкум кардаанд. Ёров ҳанӯз дар зиндон аст, Шӯҳрат Қудратов баъди адои қариб чаҳор соли зиндон озод шуд.

ҲСДТ танҳо ҳизби мухолиф дар дохили Тоҷикистон аст, ки интихоботи президентии моҳи октябрро таҳрим кард ва натиҷаашро напазируфт. Гуруҳҳои ҷонибдори ҳукумати Тоҷикистон раҳбарияти ҳизбро барои, ба гуфтаи онҳо, "танқиди беҷо" ва "нодида гирифтани пешрафтҳо" айбдор мекунанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Наздикони Маҳмурод Одинаев ба президент Эмомалӣ Раҳмон муроҷиат кардандДодгоҳ амр дод, Маҳмурод Одинаевро ду моҳ ҳабс кунанд. ВИДЕОДодситонии кул Маҳмурод Одинаевро ба "авбошӣ" муттаҳам кард. ВИДЕО, САДОМаҳмурод Одинаев аз худ дарак дод, вале гуфтааст, "маҷрӯҳ аст". САДО, ВИДЕОМаҳмурод Одинаев ҳангоми фирор аз мақомот захмӣ шудааст