Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Наздикони Маҳмурод Одинаев ба президент Эмомалӣ Раҳмон муроҷиат карданд


Маҳмурод Одинаев
Маҳмурод Одинаев

Ҳамсар ва писарони Маҳмурод Одинаев,муовини боздоштшудаи раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, дар як муроҷиати видеоӣ аз раиси ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон хостаанд, ба баррасии одилонаи қазияи ӯ ва писараш Шайхмуслиҳиддин мусоидат кунад. Вокуниши дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ ба ин паём дастрас нашудааст.

Изҳороти наздикони Одинаев баъди дастрас кардани доруву ғизо ба ӯ дар боздоштгоҳ ё СИЗО-и рақами яки Душанбе пахш гашт. Ин дар ҳолест, ки пештар мақомот хабар дода буданд, Маҳмурод Одинаев дар боздоштгоҳи Ҳисор аст ва парвандаи ӯро мақомоти ин шаҳр баррасӣ мекунанд. Пайвандонаш гуфтанд, танҳо баъди се ҳафта ҷойи нигаҳдории ӯро дақиқ карданд.

Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 5-уми декабр гуфт, Маҳмурод Одинаевро барои он дастгир карданд, ки моҳи октябр дар назди комиссариати ҳарбии Ҳисор "дар муддати тахминан 30-40 дақиқа тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намуда, нисбат ба намояндагони ҳокимияти давлатӣ таҳдид, зӯроварӣ ва суханҳои қабеҳро раво дидааст."

Меҳрнигор Ризоева, ҳамсари Маҳмурод Одинаев, дар муроҷиати худ ба раисҷумҳур гуфтааст, ба ҷойи шавҳараш аз намояндагони комиссариати ҳарбии шаҳри Ҳисор узр пурсид ва мехоҳад, қазияи ӯро мунсифона баррасӣ кунанд.

Ризоева 29-уми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, рӯзи сешанбе барои ҳамсараш ғизову дору бурд. "Нозирони боздоштгоҳ чизҳои бурдаи маро қабул карданд, вале дар бораи худаш ва вазъи саломатиаш чизе нагуфтанд", -- афзуд вай.

Ба иттилои ӯ, ду рӯз пеш хешовандони ҳамсараш низ барои Одинаев хӯрок бурда буданд.

Масъулони Идораи зиндонҳои Тоҷикистон дар боздоштгоҳи рақами яки Душанбе будани Маҳмурод Одинаевро тасдиқ ё рад накарданд. Як мусоҳиби мо дар раёсати зиндонҳо гуфт, дар бораи дар куҷо будани муовини боздоштшудаи раиси ҲСДТ чизе намедонанд.

Маҳмурод Одинаев моҳи октябри имсол дар назди комиссариати ҳарбии шаҳри Ҳисор иддао кард, ки писараш Ҳоҷиакбар Одинаевро ғайриқонунӣ ба сафи артиши Тоҷикистон ҷалб кардаанд.

Раҳматилло Зойиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон боздошти баҳсбарангези муовинашро барномарезишуда номида ва ангушт ба сӯйи мақомоти интизомиву амниятӣ кард.

Ӯ рӯзи 12-уми декабр дар як баёния дар Фейсбук навишт, дастгир шудани Одинаев сабаби "хусусӣ" дошт. Аммо Маҳмурод Одинаев пеш аз боздошташ мақомот ва ҳукумати Тоҷикистонро танқид мекард ва чанде пеш навишт, ки мардумро ба тазоҳурот даъват мекунад.

Маҳмурод Одинаев ягона узви баландпояи Ҳизби мухолифи сотсиал-демократ нест, ки дар солҳои ахир боздошт мешавад. Пеш аз ин мақомот Бузургмеҳр Ёров ва Шӯҳрат Қудратов, аз фаъолони ҳизбро боздошт ва ба зиндон маҳкум кардаанд. Ёров ҳанӯз дар зиндон аст, Шӯҳрат Қудратов баъди адои қариб чаҳор соли зиндон озод шуд.

ҲСДТ танҳо ҳизби мухолиф дар дохили Тоҷикистон аст, ки интихоботи президентии моҳи октябрро таҳрим кард ва натиҷаашро напазируфт. Гуруҳҳои ҷонибдори ҳукумати Тоҷикистон раҳбарияти ҳизбро барои, ба гуфтаи онҳо, "танқиди беҷо" ва "нодида гирифтани пешрафтҳо" айбдор мекунанд.

XS
SM
MD
LG