Додситонии кулли Тоҷикистон гуфт, ки Маҳмурод Одинаев, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократ ва яке аз фаъолони шабакаҳои иҷтимоиро бо иттиҳоми “авбошӣ” дар ҳудуди ноҳияи Синои Душанбе дастгир кард. Ҳанӯз вокуниши раҳбарияти Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ба ин иттиҳом маълум нест. Пайвандонаш гуфтанд, дар бораи боздошт шудани ӯ ва парвандааш чизе намедонанд.
Пештар Раҳматилло Зойиров, раиси ҲСДТ гуфт, муовини ӯро гуруҳе аз маъмурони умури дохиливу амниятӣ ва дар маҷмуъ "тақрибан 15 нафар" боздошт карданд. Додситонӣ мегӯяд, қарор дар бораи маҷбуран ба тафтишот ҳозир кардани ӯ аз пеш қабул шуда буд.
"Бино бар сабаби ба даъвати чандинкаратаи кормандони прокуратура ҳозир нашудан ва аз ҷойи зисташ гурехта пинҳон гаштан, қарор барои маҷбуран овардан қабул шуда, барои иҷро ба мақомоти ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор вогузор карда шуд", -- омадааст дар изҳороти Додситонии кул.
Як намояндаи Шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Ҳисор дар охири моҳи ноябр ба Радиои Озодӣ гуфта буд, Маҳмурод Одинаевро дар робита ба қазияи писараш ба бозпурсӣ даъват карданд, “вале наомад”. Мусоҳиби мо дар бораи парванда ба зидди Одинаев чизе нагуфт.
Рӯзи 2-юми декабр Нусратулло Маҳмудзода, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, ба ҷустуҷӯи муовини нопадидшудаи раиси Ҳизби сотсиал-демократ иқдом накардаанд. Зеро, ба қавли ӯ, "ба мо расман дар бораи нопадид шудани ин шахс касе муроҷиат накардааст. Мо танҳо дар бораи аъмоли ҷиноятии писараш баёнот нашр карда будему бас."
Додситонии кул мегӯяд, ба зидди Маҳмурод Одинаев ҳанӯз 20-уми ноябри имсол бо гумони "авбошӣ" парванда кушодаанд. Мақомот ӯро ба он муттаҳам мекунанд, ки рӯзи 29-уми октябри имсол бо ҳамсари собиқаш Меҳрнигор Ризоева ва писараш Ҳабибулло Одинаев дар комиссариати ҳарбии шаҳри Ҳисор гуё "тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон карда... нисбат ба намояндагони ҳокимияти давлатӣ таҳдид, зӯроварӣ ва суханҳои қабеҳро раво дидааст."
Маҳмурод Одинаев он замон иддао дошт, ки баръакс кормандони комиссариати ҳарбӣ писараш Ҳоҷиакбр Одинаевро зӯран ва ғайриқонунӣ ба артиш ҷалб кардаанд.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон рӯзи 24-уми ноябр ба зидди Шайхмуслиҳиддин Ризоев, писари Маҳмурод Одинаев бар асоси моддаи авбошӣ парванда кушода, ӯро дар занозании моҳи октябр дар як тарабхонаи Ҳисор ва падарашро ба "моҷароҷӯӣ" ва "пахши хабарҳои дурӯғ" муттаҳам кард. Он замон дар бораи парванда ба зидди Маҳмурод Одинаев чизе нагуфта буданд. Маҳмурод Одинаев иддао дошт, ки дар ҳодисаи моҳи октябр писарашро барои тарсондани ӯ задаанд.
Маҳмурод Одинаев, ки бештар дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз мақомоти Тоҷикистон интиқод мекард, баъд аз чанд рӯзи дархости ташкили гирдиҳамоӣ дар маркази Душанбе "нопадид шуд". Мухолифон тахмин мезаданд, ки эҳтимол ӯ дастгир шудааст.
Одинаев рӯзи 4-уми декабр тавассути Раҳматилло Зойиров хабар дод, ки дар озодӣ аст, вале ҳангоми амалиёти маъмурони интизомӣ дар хонааш фирор кард ва пойҳояш ҷароҳат бардоштанд. Ӯ гуфтааст, дар як макон захмҳояшро табобат мекунад.
Раҳматилло Зойиров рӯзи панҷуми декабр гуфт, "рӯзи гузашта хоста будам, дар нишасти матбуотӣ иштирок кунад, аммо наомад ва имрӯз дастгир карданд. Ба эҳтимоли зиёд ӯро тавассути як ёрдамчиаш ёфтаанд, ки дар назди Маҳмурод Одинаев буд".
Маҳмурод Одинаев, ки пештар ба ҳимоят аз ҳуқуқи зиндониён машғул буд, чанд соли охир ҳамчун муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократ фаъолият дорад. Ба гуфтаи пайвандонаш, рӯзи 20-уми ноябри имсол ва баъд аз дархости гирдиҳамоӣ дар маркази Душанбе нопадид шуд.
Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон танҳо ҳизби мухолиф дар кишвар аст, ки пайваста аз тасмимгириҳои мақомот интиқод мекунад. Ин ҳизб интихоботи президентии моҳи октябрро дар Тоҷикистон таҳрим карда ва натиҷаашро напазируфта буд. Гурӯҳҳои моил ба мақомот дар шабакаҳои иҷтимоӣ роҳбарони ин ҳизбро барои, ба гуфтаи онҳо, "танқиди беҷо" ва "нодида гирифтани пешрафтҳо" айбдор мекунанд.