Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳмурод Одинаев аз худ дарак дод, вале гуфтааст, "маҷрӯҳ аст". САДО, ВИДЕО


Маҳмурод Одинаев
Маҳмурод Одинаев

Маҳмурод Одинаев, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ва фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ, баъди ду ҳафтаи нопадид будан аз худ дарак додааст. Раҳматилло Зоиров, раиси ҲСДТ, рӯзи 4-уми декабр дар нишасти матбуотӣ гуфт, "ӯ дар озодӣ аст" ва "захми пойҳояшро табобат мекунад".

Ба қавли Зоиров, муовинаш ҳангоми амалиёти, ба қавли ӯ, "худсаронаи маъмурони интизомӣ" аз хона фирор карда, ҳоло дар як макон ба сар мебарад, аммо маҳалли будубоши ӯро ба хабарнигорон ошкор накард.

Мақомот ҳеч вақт дар бораи амалиёти боздошти Маҳмурод Одинаев ва ё иҳотаи хонаи ӯ чизе нагуфта буданд. Қаблан як намояндаи Идораи корҳои дохилии шаҳри Ҳисор ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки ӯ дар робита ба қазияи писараш ба бозпурсӣ даъват шуд, вале наомад.

"Ду ҳафта пеш, баъди он ки маҳалли зисташро ба иҳота мегиранд, фирор кардааст. Дирӯз аз наздик суҳбат доштем. Маълум шуд, ки бе пояфзол аз манзил мегурезад. Ҳарду пояш хуншор шуда, осеб дидаанд. Ҳоло дар як макон табобат дорад. Гуфт, ки феълан худро нишон намедиҳад. Барои он имрӯз дар нишаст нест, ки аз мақомот ҳарос дорад", -- афзуд ӯ.

Вале раҳбари ҲСДТ гуфт, муовинаш бо ин шакл наметавонад ба табобати худ идома диҳад. "Таслим шуданаш даркор аст, аз ин роҳ наметавонад табобат гирад", -- гуфт Раҳматилло Зоиров.

Раҳматилло Зоиров гуфт, Маҳмурод Одинаев бояд таслим шавад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:11 0:00
Линки мустақим

Дар посух ба ин суол, ки оё ин қазия баҳонае намешавад, ки мақомот ягона ҳизби мухолифро ба "иғвогарӣ" муттаҳам кунанд, Зоиров гуфт, "Маҳмурод Одинаев ҳамаи ҳизб нест ва мақомот барои чунин иқдом далел надоранд." Ӯ афзуд: "Қазияи фирораш ва амалиёти мақомот дар маҳалли зисташ норӯшаниҳое доранд, ки бояд тақиқ шаванд."

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар охири моҳи ноябри имсол дар изҳороте Маҳмурод Одинаевро ба моҷароҷӯйӣ ва пахши иттилои дурӯғ муттаҳам кард. Илова ба ин, вазорат ба зидди писари ӯ, Шайхмуслиҳиддин Ризоев, бо гумони авбошӣ парванда кушод.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Маҳмурод Одинаев ҳангоми фирор аз мақомот захмӣ шудааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:05 0:00

Маҳмурод Одинаев, ки пештар ба ҳимоят аз ҳуқуқи зиндониён машғул буд, чанд соли охир ҳамчун муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократ фаъолият дорад. Ба гуфтаи пайвандонаш, рӯзи 20-уми ноябри имсол ва баъд аз дархости гирдиҳамоӣ дар маркази Душанбе нопадид шуд.

Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон танҳо ҳизби мухолиф дар кишвар аст, ки пайваста аз тасмимгириҳои мақомот интиқод мекунад. Ин ҳизб интихоботи президентии моҳи октябрро дар Тоҷикистон таҳрим карда ва натиҷаашро напазируфта буд. Гурӯҳҳои моил ба мақомот дар шабакаҳои иҷтимоӣ роҳбарони ин ҳизбро барои, ба гуфтаи онҳо, "танқиди беҷо" ва "нодида гирифтани пешрафтҳо" айбдор мекунанд.

XS
SM
MD
LG