Тавсияи Кумисюни байнулмилалии Амрико дар мавриди озодиҳои динӣ, USCIRF, дар аввали моҳи май ва дар гузориши солонааш нашр шуд. Дар он вазъи диндорони кишварҳои ҷаҳонро дар давоми соли 2023 арзёбӣ кардаанд.
Мақомоти Тоҷикистон то ҳанӯз ба хулосаи гузоришгарони амрикоӣ вокуниш накардаанд, вале Кумитаи дин дар моҳи январи имсол дар номае ба Радиои Озодӣ вазъи озодиҳои диниро дар кишвар "дар сатҳи хуб" дониста буд.
Кумисюни байнулмилалии Амрико дар мавриди озодиҳои динӣ, USCIRF, мақомоти Тоҷикистонро барои
- Бо баҳонаи ифротгароӣ ҷазо додани мухолифону мунтақидони ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон;
- Бастани масҷидҳо барои пур нашудани нақшаи даъват ба артиш;
- Маҳдудияти кори баъзе аз муассисаҳои вобаста ба Оқохон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон;
- Манъи фаъолияти “Шоҳидони Яҳво” ва масоили дигар
танқид кардааст.
Ин созмон мегӯяд, вазъи озодиҳои динӣ дар Тоҷикистон дар соли 2023 беҳ нашуд ва ба ин далел ба ҳукумати Амрико тавсия додааст, ки дороии мансабдорони алоҳидаи тоҷикро баста, монеи сафари онҳо ба Иёлоти Муттаҳида гардад. Тавсияи ба ин монанд дар тобистони соли гузашта низ садо дода буд.
"Ҳукумати Тоҷикистон дар соли 2023 ба маҳдуд кардани фаъолияти динии шаҳрвандон, аз ҷумла онҳое, ки дар хориҷа ҳастанд, идома дод," – гуфта шудааст дар бахше аз гузориш. Ин саркӯб, ба қавли муаллифон, ба тамоми гурӯҳҳои динӣ дар Тоҷикистон таъсир кард, "вале мақомот бавижа мусулмонон, аз ҷумла пайравони исмоилияро нишон гирифтанд.”
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Аз масҷиду мадраса ба Донишкадаи санъат. Ба имомҳо дар Душанбе чӣ ёд медиҳанд?Кумисюни байнулмилалии Амрико дар мавриди озодиҳои динӣ, USCIRF, аз Департаменти давлатӣ ё Вазорати корҳои хориҷии Иёлоти Муттаҳида хостааст, Тоҷикистонро дар қатори 16 давлати дигар дар феҳрасти "кишварҳои мавриди нигаронии хос" нигоҳ бидорад.
Ин руйхат Бирмаву Чин, Куба, Никарагуа, Кореяи Шимолӣ, Покистону Русия, Саудӣ, Туркманистон ва Вйетнаму ҷумҳуриҳои дигарро дар бар мегирад. "Бисёре аз одамон дар саросари ҷаҳон то ҳол наметавонанд бар асоси дин ё бовари худ озодона амал кунанд," – гуфт Абраҳам Купер, мудири USCIRF, дар эъломияе рӯзи якуми май.
Вай афзуд, "бад шудани шароит дар бисёре аз кишварҳо моро ноумед кард. Муҳим аст, ки президент, котиби давлатӣ ва Конгресс тавсияҳои гузориши имсоларо иҷро кунанд."
Яке аз тавсияҳо ин аст, ки ба Тоҷикистон фишор биоранд, то онҳоеро, ки "барои фаъолияти осоиштаи динӣ ё мансубияти динӣ зиндонӣ шудаанд, фавран раҳо кунад". Ё масъалаи саркӯбҳои фаромиллии Тоҷикистонро дар Созмони Амният ва Ҳамкорӣ Аврупо дар миён гузоранд, то кишварҳои узв шахсонеро, ки аз таъқиби динӣ гурехтаанд ва ё бо иттиҳомҳои беасоси ифротгароӣ рӯбарӯ ҳастанд, аз ҳудуди худ наронанд.
Вокуниши мақомоти Тоҷикистон феълан дастрас нест. Кумитаи дини Тоҷикистон дар моҳи январи имсол гуфта буд, ки "на ҳамаи арзёбиҳо баёнгари воқеият ҳастанд. Масалан, ҳар санҷиш дар доираи талаботи қонунгузорӣ ҳамчун "фишор" баҳо дода мешавад, ки саҳеҳ нест."
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Дарси Крокус". Ҳамла дар Маскав чӣ мушкилотеро барои Тоҷикистон ошкор кард?Кумисюни байнулмилалии Амрико дар мавриди озодиҳои динӣ, USCIRF, ҳар сол вазъи диндоронро дар гӯшаҳои ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон баррасӣ мекунад. Баъзе аз нигарониву тавсияҳои созмон чанд сол пайиҳам садо медиҳанд, аммо ба назар мерасад татбиқ намешаванд ё иҷрояшон ба таъхир уфтодааст.
Гузоришгарон дар хулосаи худ гуфтаанд, Иёлоти Муттаҳида барои "ҳалли душвориҳое ба мисли терроризм ва қочоқи маводи мухаддир дар минтақа" ҳамкориро бо ҳукумати Тоҷикистон идома медиҳад. Ба иттилои USCIRF, Амрико дар соли 2023 ба воситаи барномаҳои гуногун ба Тоҷикистон зиёда аз 60 миллион доллар ҷудо кардааст.