Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбекистон ба замони Ислом Каримов бармегардад?


Шавкат Мирзиёев ва намояндагони ҳукуматаш дар канори рӯҳониён
Шавкат Мирзиёев ва намояндагони ҳукуматаш дар канори рӯҳониён

Шавкат Мирзиёев баъди расидан ба қудрат дар Узбекистон маҳдудиятҳои шадиди диниро бардошт, вале ҳоло дар шаҳрҳои ин кишвари ҳамсояи Тоҷикистон дигарбора садои азонро поин меоранд ва пӯшидани ҳиҷобу ниқобро дар ҷойҳои иҷтимоӣ манъ мекунанд. Пас, чӣ дигар шудааст?

Ҷаласаи пинҳонӣ

Мансабдорони баландпоя ва намояндагони созмонҳои наздик ба ҳукумати Узбекистон рӯзи 10-уми сентябри имсол “масъалаи ҳалталаберо” баҳс кардаанд.

Дар он ҷаласа, ки мақомот хабарашро танҳо 14-уми сентябр доданд, сарвазир Абдулло Орифов ва раиси Хадамоти амният Абдусалим Азизов аз “мавҷи нави ифротгароии динӣ” дар Узбекистон ибрози ташвиш намудаанд.

Манобеи бахши узбекии Радиои Озодӣ мегӯянд, дар ҷаласаи паси дарҳои баста аз чандзанӣ ва дар вақти корӣ ба масҷид рафтани шаҳрвандон, аз ҷумла хидматчиёни давлатӣ низ ибрози ташвиш шуд. “Абдулло Орифов гуфт, ки мансабдорон бояд ё дин ва ё корро дар ҳукумат интихоб кунанд,” -- хабар дод манбаи бахши узбекии Радиои Озодӣ рӯзи 13-уми сентябр. Маъмурияти Орифов рӯзи 14-уми сентябр онро рад кард.

Шавкат Мирзиёев соли 2016, баъди расидан ба қудрат, маҳдудияти шадиди диниро, аз ҷумла нисбат ба мусулмонҳо бардошт ва дар дохилу хориҷ якбора обрӯ касб кард. Тақрибан 90 дарсади аҳолии ин ҷумҳурии Осиёи Марказӣ пайрави дини ислом ҳастанд. Аҳолии Узбекистон ба тақрибан 35 миллион нафар мерасад.

Ҳоло рафтори ҳукумат баёнгари он аст, ки Узбекистон ба даврони ҳукуматдории Ислом Каримови худкома, раисиҷумҳури пешини ин кишвар, бармегардад. Замоне ки диндорон саркӯб ва ҳазорон нафар ба гумони ифротгароӣ зиндонӣ ва шиканҷа шуданд.

Тошканд, соли 2021
Тошканд, соли 2021

Рӯзи 9-уми сентябри имсол, дар остонаи нишасти мансабдорони баландпоя, раиси Идораи мусулмонони Узбекистон, Нуриддин Холиқназаров, дар робита ба бурқапӯшии занон ва ришгузории мардон изҳори назар кард.

"Мо дар иҷрои фарҳанги пӯшидани либоси мазҳабӣ аз ҳад зиёд кӯшидаем. Мазҳаби мо ба занон амр намекунад, ки рӯяшонро пӯшонанд. Дар дини мо зебоӣ ва дурӣ ҷустан аз зиёдаравӣ тавсия шудааст," -- изҳор доштааст муфтии Узбекистон.

Холиқназаров дар мавриди меъёрҳои пӯшидани либос изҳор дошта, ки “ҳар як миллат анъана ва либоси хоси худро дорад. Талаб нашудааст, ки мусулмонон бояд либоси муайян дошта бошанд.”

Азон бидуни баландгӯ

Дар ҳамин ҳол, садои азон (даъват ба намоз)-ро дар баъзе аз минтақаҳои Узбекистон поин меоранд. Танҳо дар моҳи сентябр хабарнигорони бахши узбекии Радиои Озодӣ дар бораи поин шудани садои азон, аз ҷумла дар яке аз ноҳияҳои Тошканд, чандин шикоят гирифтанд. Як манбаи бахши узбекии Радиои Озодӣ ба масҷидҳо рафт ва вазъиятро тасдиқ кард.

Намояндаи муфтиёти Узбекистон дар посух ба дархости Радиои Озодӣ изҳор дошт, ки “хабарҳо ба воқеият рост намеоянд”. Кумитаи давлатии кор бо дин, ниҳоди расмии нозир бар фаъолиятҳои динӣ дар Узбекистон, номаро бе ҷавоб гузошт.

Шермурод Тоғай, имоми собиқи Тошканд, рӯзи 11-уми сентябр дар Фейсбук ҳушдор дод, ки “Узбекистон агар аз роҳи Худо рӯй гардонад, ба бузургӣ нахоҳад расид".

“Ҳоло мехоҳанд азонро хомӯш кунанд. Овози мо банд мешавад, вале азон бас намешавад. Овози онҳое, ки хомӯширо талаб мекунанд, аз байн хоҳад рафт. Ҷояшон дар ҷаҳаннам аст,” -- гуфт Тоғай бо хашм ва ваъда дод, ки “теъдоди муъминон зиёд мешавад”.

Ин навиштаи Тоғай вокунишҳои густурдаи манфиро ба бор овард, вале тарафдоронаш ҳам буданд. Яке аз шарҳнависон гуфтааст, аллакай дар Андиҷон садои азон хомӯш карда шуд.

Шермурод Тоғай
Шермурод Тоғай

Нишонаҳои “Узбекистони нав”?

Ҳодисаҳои охир масхараомез ба назар мерасанд. Ҳамагӣ чанде пеш, дар охири соли 2017, Шавкат Мирзиёев садо додани азонро тавассути баландгӯҳо яке аз нишонаҳои “Узбекистони нав” номида буд. Ва ин яке аз чанд баҳонае буд, ки Тошкандро аз рӯйхати "кишварҳои мавриди нигаронии хос"-и Департаменти давлатии Амрико берун баровард.

Мирзиёев тобистони имсол, дар остонаи интихоби дигарборааш ба мансаби президенти Узбекистон, ҳангоми суханронӣ дар вилояти Андиҷон гуфт, акнун узбекҳо метавонанд “озод ва бидуни тарс дар кӯчаҳо гарданд”. Ин ишораи ғайримустақим ба таъқибҳои даврони Ислом Каримов буд. Вай афзуд: "Ҳангоми шунидани азон мехоҳам гиря кунам, ки мо ба ин рӯзҳо расидем. Кай бори охир чунин чиз доштем?"

Ислом Каримов
Ислом Каримов

Тайи чанд соли охир мавридҳои боздошт ва бозпурсии мусулмонон бештар шуда, гузоришҳо дар бораи маҷбуран тарошидани риши мардон нашр мешавад.

Илова ба ин, ба гуфтаи як манбаъ аз ҳукумат, мақомоти Узбекистон дигар на бо Гузоришгари вижаи Созмони Милал дар умури озодии дин ва на бо Кумисюни озодиҳои мазҳабии Амрико тамоси доимӣ надоранд. Ба қавли манбаъ, дар солҳои охир бояд Гузоришгари вижа на кам аз се бор ба Узбекистон меомад, аммо ин сафарҳо бекор карда шуданд.

Илҳом Умарохунов, коршиноси масоили динӣ дар Бишкек мегӯяд, дар ҳоли ҳозир “байни он чизе, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ дар заминаи озодиҳои мазҳабӣ интизорашро дорад ва ончи ҳукумати Узбекистон мехоҳад, фарқи калон вуҷуд дорад.”

“Дар Узбекистон, ҳатто агар бо коршиносони маҳаллӣ гап занед, ба дин ба мисли пешина аз нигоҳи амният баҳо медиҳанд, на озодиҳо,” – гуфт ӯ.

Ҳароси таърихӣ?

Вакилони Маҷлиси Олии Узбекистон рӯзи 5-уми сентябр қонунеро пазируфтанд, ки барои вайрон кардани қонунҳои дунявии давлат ҷарима пешбинӣ кардааст. Ба ин гуруҳ қонуншиканӣ никоҳе медарояд, ки танҳо тавассути рӯҳониён хонда шуда, аммо дар идораи давлатӣ сабт нагардидааст. Инчунин либосҳое ба мисли ниқоб, ки сару сурати занонро пурра мепӯшонад.

Хадамоти матбуоти Маҷлиси Олии Узбекистон бе пешниҳоди тафсилот хабар дод, ки "вакилон пас аз баҳсу мунозираи тӯлонӣ лоиҳаи қонунро ҷонибдорӣ карданд." Ҳоло тарҳ бояд дар Сенат, палатаи болоии порлумони Узбекистон, баррасӣ шавад.

Шаҳрисабз
Шаҳрисабз

Ҳароси ҳукумати Узбекистон аз гуруҳҳои ислом аз куҷо реша мегирад? Гурӯҳҳои мазҳабӣ дар оғози истиқлоли ин ҷумҳурӣ қувват гирифта, ба низоми дунявии давлат мухолифат карданд.

Яке аз чунин гурӯҳҳо Ҷунбиши Исломии Узбекистон аст, ки беш аз ду даҳсола боз фаъол мемонад. Мақомоти Узбекистон пайравони онро ба ташкили як силсила бомбгузориҳо дар Тошканд муттаҳам карданд.

Ҷунбиши Исломии Узбекистон ҳамоно ба сарнагун кардани режими дунявии Узбекистон пойбанд аст, ҳарчанд рӯзҳое, ки барои Тошканд хатари ҷиддӣ дошт, эҳтимол гузаштаанд. Ҳоло барои ифротгароён мубориза барои мондан дар минтақаҳои сарҳадии Афғонистон ва Покистон ба масъалаи муҳимтар табдил шудааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG