Наврӯзи Турсунзода. ВИДЕО, САДО

Бахши аввали ҷашни асосӣ ё расмии Наврӯзи имсолаи Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода, минтақаи ҳаммарз бо Узбакистон, баргузор шуд. Дар ин маросим, ки рӯзи 21 март сурат гирифт, раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон деҳқонҳоро ба парвариши бештари маҳсулоти кишоварзӣ ва пешниҳоди он ба бозори хориҷиву таъмини амнияти озуқаворӣ даъват кард. "Дар Наврӯз панҷ рӯз таътил аст. Дар ин рӯзҳо якҷоя бо истироҳат аз ҳар рӯзи баҳор самаранок истифода карда, ба кишту кор машғул шавед ва боғ бунёд кунед. Бозори дохилиро бо меваву сабзавот таъмин карда ва маҳсулоти аълосифати дигарро ба кишварҳои хориҷӣ содир кунед", - афзуд ӯ. ​

"Ба умеди дигарон нашавед"

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Наврӯзи Турсунзода

Ба ин тартиб, раиси ҷумҳур таъкид карда, ки ба умеди дигарон нашуда, кишоварзон истеҳсоли маҳсулоти озуқавориро афзоиш диҳанд ва ҳифзи амнияти озуқавориро, ки яке аз ҳадафҳои стратегии давлати Тоҷикистон мебошад, таъмин намоянд. Ҳамчунин, вай аз "кишоварзони номдору ботаҷрибаи Турсунзода" қадрдонӣ кард, ки дар истифодаи босамари обу замин, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо ва маданияти заминдорӣ намунаи ибрат мебошанд.

Зимнан, кишоварзони шаҳри Турсунзода, воқеъ дар 55 километрии ғарби шаҳри Душанбе бо парвариши меваю сабзавот, бахусус, навъҳои мухталифи ангурҳои хуштаъм ном бароварда ва бозорҳои Душанберо бо ин гуна маҳсулот ғанӣ месозад.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Иштироки 9 ҳунарманди Узбакистон дар Наврӯзи Тоҷикистон

Ҳунармандони узбакистонӣ ба ҷашни Наврӯз

Пас аз солҳои тӯлонии қатъи рафту омад дар ҷашни Наврӯзи имсола дар шаҳри Турсунзода 9 тан аз ҳунармандони Узбакистон иштирок ва ҳунарнамоӣ карданд. Мардони Мавлон, ҳунарпешаи саршиноси тоҷики муқими шаҳри Самарқанди Узбакистон, ки дар ин ҷашнвора суруди маъруфи "Санаме"-ро иҷро карда ва мавриди истиқболи гарми тамошобинон шуд, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ аз беҳбуди равобити Тоҷикистону Узбакистон ибрози хушнудӣ кард. Вай гуфт, "дӯстии Тоҷикистону Узбакистон поянда бошад. Рафту омад бештар шавад. Мо, ҳунармандон дар рӯзҳои неки якдигар омада хизмат кунем."

Ба гуфтаи Толиб Норов, як тан аз масъулони Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, Мардони Мавлон пас аз 14 сол ба Душанбе омада ва дар ҷашнҳои наврӯзӣ дар шаҳрҳои Турсунзодаю Душанбе ҳунарнамоӣ хоҳад кард.

Ҳамчунин, дар ҷашнҳои наврӯзии Тоҷикистон гурӯҳи ҳунарии “Фарҳод ва Ширин”, ки дар миёни сокинони узбактабори Тоҷикистон аз маҳбубияти зиёде бархӯрдор ҳастанд, ширкат доранд. Онҳо ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ин сафари нахустинашон ба Тоҷикистон буда ва умедворанд охирин нахоҳад буд.

Ширин Музаффарова, узви ин гуруҳ гуфт: “Наврӯз ҷашни муштараки мардумони мост. Имрӯз мо ба назди бародарони хоҳарони тоҷики худ, ки пайвандони мо ҳисоб меёбанд, омадем то бо ҳам ин ҷашни қадимаро истиқбол кунем. Аз он ки моро мардуми тоҷик хеле хуш истиқбол карданд, шод ҳастем”.

Афзалшоҳ Шодиев, ҳунарманди мардумии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин барномаи ҳунарии муштараки ҳунарпешаҳои тоҷику узбак рӯзи 23 март дар толори Филармонияи давлатии Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд.

Дар пайи фавти Ислом Каримов ва ба қудрат расидани Шавкат Мирзиёев, дар нимаи дуюми соли гузашта равобит миёни Тоҷикистону Узбакистон то андозае беҳбуд ёфт. Дар назар аст, дар моҳи оянда парвозҳо миёни шаҳрҳои Душанбе ва Тошканд, ки дар соли 1992 қатъ шуда буд, шурӯъ шавад. Ҳамчунин, ҳайати соҳибкрони узбак ба вилояти Суғд сафар карда ва бо ҳамтоёни тоҷики худ роҳҳои тавсеъаи ҳамкориҳоро дар бахшҳои мухталиф баррасӣ кардаанд.

Суннатҳои қадимаи наврӯзӣ эҳё мешавад

Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон қабл аз шурӯи барномаи наврӯзӣ дар шаҳри Турсунзода дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, ки ҷашни наврӯзи байналмилалии имсола бо вижагиҳои хос ва аз наврӯзҳои гузашта фарқкунанда сурат мегирад. “Сужаи (сюжет) барномаи имсолаи Наврӯз таблиғу ташвиқи суннатҳои миллии наврӯзӣ ва ҳидояти мардум ба созандагӣ аст. Суннатҳои Наврӯз эҳё мешаванд. Яке аз аз ин ойинҳо мусобиқоти суннатӣ, аз ҷумла, пойга ё аспдавонӣ, кабкбозӣ, арғунчакравӣва гулгардонӣ дубора зинда мегарданд”.

Ҳамчунин ба гуфтаи ҷаноби Орумбекзода, дар Наврӯзи байналмилалии имсола ҳайатҳо аз кишварҳои гуногун, аз ҷумла гурӯҳҳои ҳунарии Узбакистон, Афғонистон ва Русия ширкат доранд. Ин ҳам дар ҳоле, ки яке аз масъулони баргузории барномаи ҷашни Наврӯз дар Турсунзода гуфт, ки дар барномаи ҳунарӣ ва театрикунонидашуда беш аз 9 ҳазор нафар, аз ҷумла дастаҳои ҳунарӣ ва донишҷуён, ширкат мекунанд.

Тиллерсон: "Ман Наврӯзе шод ва пирӯзро орзу мекунам"

Шахсиятҳои ҷаҳонӣ дар баёнияҳое фаро расидани иди Наврӯз ва соли нави хуршедиро табрик ва шодбош гуфтанд.

Рекс Тиллерсон, вазири умури хориҷии Амрико рӯзи душанбеи 20 март дар паёме Наврӯзро ба ҳама онҳое, ки ин идро таҷлил мекунанд, табрик гуфтааст. Ба гузориши вебсайти форсии вазорати умури хориҷии Амрико, Рекс Тиллерсон дар ин паём навиштааст, "ман Наврӯзе шод ва пирӯзро орзу мекунам барои ҳама касоне, ки дар саросари дунё ин суннати бостониро, ки оғозкунандаи баҳор ва соли нав аст, гиромӣ медоранд."

Рекс Тиллерсон, вазири умури хориҷии Амрико.

Вазири умури хориҷии Амрико изофа кардааст, ки "миллионҳо нафар дар саросари дунё, аз ҷумла дар ҷомеаҳои Афғонистон, Озарбойҷон, Чин, Гурҷистон, Ҳинд, Эрон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Покистон, Русия, Сурия , Туркия, Туркманистон, Узбакистон ва бисёре дигар дар Осиёи ҷанубӣ ва марказӣ ва минтақаи Халиҷи Форс ин замон аз соли навро бо хонавода ва дӯстонашон ҷашн мегиранд. Имрӯз бисёре аз амрикоиён дар ҷашн ширкат хоҳанд кард ва суннатҳои маҳбуби ниёгонашонро бо насли нав қисмат мекунанд."

Рекс Тиллерсон гуфтааст, ки "Наврӯз замоне аст барои нигоҳ кардан ба соле, ки дар пешрӯй аст бо умед ва хушбинӣ. Мо муштоқи ҷашн гирифтани ин баҳори нав бо ҳам ҳастем. Бо умед ба ин, ки Наврӯз сулҳ ва саодатро барои ҳама ба армуғон биёварад."

Паёми табрикии Рӯҳонӣ ба сарони 11 кишвар

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон дар паёмҳои алоҳидаи худ ба сарони 11 кишвари минтақа, ки Наврӯзро ҷашн мегиранд, изҳор дошт, ки "Наврӯз зеботарин ҷашни табиат аст, бо гузор аз зимистон ба баҳор, умед ва сарсабзиро ба армуғон меоварад. Ин ҷашн намоди эътидол, оромиш, гармӣ, рӯшноӣ, фаровонӣ ва таровати аст, ки Худованди бузургр ба инсон арзонӣ медорад."

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон.

Раиси ҷумҳури Эрон сулҳ ва иттиҳод дар минтақаи бостонии ҳавзаи Наврӯзро хостаи миллатҳои муътадил дониста ва гуфтааст, ки "ҷаҳон имрӯз беш аз ҳар замони дигар, ба умеде ниёз дорад, ки дар партави он муҳаббат, ишқ, самимиятро арҷ ниҳода ва кишварҳоро ба ҷои рӯёрӯӣ, ба таомул даъват намояд. Зеро, ки миллатҳо бо чанг задан ба умед, сулҳ ва оромиш метавонанд дар партави иттиҳод ва таомул бо якдигар, бо чеҳраи зишт ва нописанди баромада аз каҷфаҳмӣ аз дин ва ифротгароии қабилавӣ, ки ҳосили он терроризм аст, муқобила кунанд."

Паёми наврӯзии Мирзиёев ба Эмомалӣ Раҳмон

Шавкат Мирзиёев – раиси ҷумҳури Узбакистон – дар як нома ба унвонии Эмомалӣ Раҳмон изҳори бовар кардааст, ки ҳамсоягии неки Узбакистону Тоҷикистон таҳким хоҳад ёфт. Бино ба хабари дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон, ин нома ба муносибати Иди Наврӯзи байналмилалӣ навишта шудааст. Раиси ҷумҳури Узбакистон гуфтааст, "Наврӯз, ки бо куҳанбунёдӣ ва зебоии аҷиби худ фарқ мекунад, аз азал асолат ва қаринии тафаккур, анъана ва марому мақсадҳои неки мардуми Ӯзбекистону Тоҷикистонро таҷассум менамояд."

Ӯ афзудааст, "ин ҷашн ҳамчун рамзи ҳавасмандии мо ҷиҳати ҳаматарафа баланд бардоштани ҳамгироии Узбакистону Тоҷикистон дар асоси принсипҳои қавии дастгирии ҳамдигар ва бо назардошти манфиатҳои тарафайн мебошад." Бино ба хабари вебсайти расмии президенти Тоҷикистон, рӯзи 17 март раҳбарони Чин, Қазоқистону Қирғизистон ва Туркманистон низ Эмомалӣ Раҳмонро бо ҷашни Наврӯз табрик гуфтаанд.

Дар моҳи сентябри соли 2009 ЮНЕСКО - муассисаи илмиву фарҳангии Созмони Милал Наврӯзро дар феҳристи мероси фарҳанги башарӣ ворид ва дар моҳи феврали соли 2010 Маҷмаи умумии СММ дар иҷлоси 64-уми худ қарореро ба тасвиб расонид, ки минбаъд 21-уми март ҳамчун Рӯзи байналмилалӣ Наврӯз таҷлил мешавад.

Дар Тоҷикистон ҳам Наврӯз баъд аз касби истиқлолияти давлатӣ ҷойгоҳ ва мақоми муносиби худро ба даст овард ва аз як ҷашни мардумӣ то ба ҷашни давлатӣ эътироф гардид. Ҳамакнун барои таҷлил аз ин ҷашни суннатӣ дар тақвими Тоҷикистон чаҳор рӯз расман истироҳат эълон шудааст.