Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ таъсис ёфт


Дар Тоҷикистон Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ таъсис ёфт, ки дар се марҳила (маҳаллӣ, минтақавӣ ва миллӣ) дар остонаи таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз (марҳилаи якум), Рӯзи Ваҳдати миллӣ (марҳилаи дуюм) ва ҷашни Истиқлолияти давлатӣ (марҳилаи сеюм) баргузор мешавад.

Ба иттилои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, фестивал бо мақсади эҳё ва рушди бозиҳои миллии варзишӣ ва тарбияи насли наврас дар рӯҳияи эҳтиром ва арҷгузорӣ ба таъриху анъанаҳои миллии аҷдодон, ҳамзамон таҳкими тарзи ҳаёти солим гузаронида мешавад.

Марҳилаи аввали Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ аз 21 то 25 марти соли равон дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ барпо мегардад. Мусобиқот аз рӯи 8 намуди варзиш ва бозиҳои намоишӣ аз рӯи 10 намуд дар манотиқи мухталифи кишвар доир хоҳад шуд.

Мусобиқоти дастаӣ оид ба гуштии миллӣ, чавгонбозӣ, шиноварӣ, вазнабардорӣ (сангбардорӣ), дастхобонӣ, пойга (варзиши сабук, давидан ба масофаҳои 200, 400, 800 метр), шоҳмот ва бандкашӣ барпо мегардад.

Инчунин намудҳои миллии варзишие, ки ҳамчун намудҳои намоишӣ дар ҷараёни оғози Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ ба маъраз гузошта мешаванд, инҳоянд: хурӯсҷанг, чиликдангал, ланкабозӣ, буҷулбозӣ, камонварӣ, шамшерзанӣ, камонғулак, фалахмонпартоӣ, ҳойталак, бандпарак.

XS
SM
MD
LG