Балҷувон: Боз фасли сармо ва боз ҳамлаи гургон (6 АКС)

Пӯсти як гурги шикоршуда

Сокинони рустоҳои кӯҳистони Балҷувон бо омад-омади фасли сармо дигарбора нигарони ҳамлаҳои гургон шудаанд. Онҳо мегӯянд, гургони гурусна ҳатто ба рустоҳо ҳамла оварда, чорвои мардумро нобуд мекунанд.

Идораи ҳифзи табиати вилояти Хатлон мегӯяд, ки бо фаро расидани фасли тирамоҳ, ки дар кӯҳистон ҳаво сард мешавад, гургҳо тӯъмаи худро аз рустоҳои аҳолинишин пайдо мекунанд.

Ҳарчанд сокинони деҳаҳои кӯҳистонӣ барои пешгирӣ аз вуруди “меҳмонҳои нохонда” талоши зиёд мекунад, вале гургҳои дарранда ба чорвои калон ва бузу гӯсфанди мардум дар чарогоҳҳо ҳамла мекунанд.

Парвина Умарова, сокини ҷамоати Сари Хосори ноҳияи Балҷувон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ахиран гургҳо дар чарогоҳ гови ширдеҳаш “Маруся” ва гусолаашро пора - пора кардаанд.

Парвина Умарова

Парвина Умарова мегӯяд, ки “Маруся” гови хубе буд, ки фарзандонашро бо ширу ҷурғот таъмин мекард ва боз аз саргинаш барои зимистон тапак таҳия менамуд, аммо хонум Умарова мегуяд, ҳоло дигар имкони харидории гови ҷӯшоиро надорад: “Говамро бо гӯсолааш дар чарогоҳ гургҳо нест карданд, ки дигар барои фарзандонам наметавонам шир диҳам. Ҳамин як гов доштам, чорвои майда надорам. Аз чарогоҳ вақте меоянд, ба чанги гург меафтанд, Меравӣ, ягон пояшро меёбӣ ё ними танаашро. Ин деҳа бохз каме хубтар аст, дар деҳаи ҳамсоя гургҳо ба хонаҳо медароянд.”

Парвина Умарова, танҳо зане нест, ки говаш туъмаи гургҳо шудааст, мисли ӯ чандин хонаводаҳое дар навоҳии кӯҳистон ҳастанд, ки даррандаҳои ваҳшӣ ба чорпоёни сокинон зарар расонидаанд.

Юсуф Ғоибов

Ин ҳам дар ҳоле ки Юсуф Ғоибов, сардори идораи ҷангали ҷамоати Сари Хосори ноҳияи Балҷувон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки муддати ду моҳи ахир гургҳо ҳудуди 20 говро нобкуд кардаанд, ки хисороти ворида аз ин ҳамлаҳо маблағи 50 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ба таъкиди ҷаноби Ғоибов таҷриба нишон медиҳад, ки даррандаҳои ваҳшӣ то аввалҳои моҳи март, ки кӯҳҳо барфпӯшанд, дар деҳаҳо мемонанд ва ба сокинони рустоҳо зарар мерасонанд.

Ӯ афзуд: “Низомномае ҳаст, ки агар гург ба хоҷагии халқ зарар расонад, бояд шикор карда шава. Боз ба он нафаре, ки шикор мекунад гургҳоро ва боз пӯсташро месупорад, аз хоҷагии ҷангал мукофоти пулӣ дарёфт мекунад. Зарараш зиёд аст. Масалан дар деҳаи Дошманди ҳафтаи гузашта гургҳо се гови як сокинро пурра нобуд карданд. Гургҳо зиёд буда, оҳуи бухороиро дар ин минтақа ба нестӣ расонидаанд.”

Бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз ҳамлаи гургҳо, идораи ҷангали Сари Хосор шикорчиёнро барои шикори ин даррандагон ташвиқ намудааст. Масъулони ин идора мегӯянд, “ҳар нафаре ба онҳо пусти гургро биёрад, пул ё дар ивази пул ҳезум мегирад.” Дар ин пайи ин иқдом ҳамакнун бархе аз шикорчиён дар як ҳафтаи ахир се гургро шикор кардаанд, ки дар иваз ҳезум дарёфт кардаанд.

Исроил Камолов

Аммо Исроил Камолов, шикорчие аз ҷамоати Сари Хосор, мегӯяд, онҳо аз ҳамлаи гургон ба рустоҳо, ба хусус чорвои сокинон, хеле нигаронанд. Ин шикорчӣ мегӯяд, “гургҳо наздики хонаҳо мешаванду гӯсфанд ва говҳоро мехӯранд ва мо наметавонем ҳамаи онҳоро нест кунем. Аз ҷониби дигар мо дар даруни деҳа наметавонем, садои милтиқро баланд кунем, чун мардум хавотир мешаванд ва боиси нороҳатияшон мегардад.”

Дар ҳамин ҳол, Ҳабибулло Қодиров, муовини сардори раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, шикорчиҳо танҳо дар навоҳие, ки гург ба мардум зарар мерасонад, иҷозаи шикор додаанд. Ҷаноби Қодиров афзуд, ки онҳо зарари расонидаи гургҳоро ба мардуми вилоят охирҳои моҳи март ҳисоб мекунанд.

Дар чанд соли ахир, махсусан дар фасли сармо сокинони ноҳияи кӯҳистонии Шӯробод, Мӯъминобод Ховалингу Балҷувон ва чорвои онҳо ба ҳамлаи гургҳо рӯ ба рӯ мешаванд.

Бошандагони ин минтақаҳо мегӯянд, гургҳо дар сурати гурусна мондан ба бошандагони деҳаҳои кӯҳистонӣ низ ҳамла карда буданд. Онҳо мегӯянд, дар бештари маворид ба сабаби надоштани камони шикорӣ ва дигар асбоби зарурӣ дар муқобили ҳамлаи даррандагони ваҳшӣ, аз ҷумла гургҳо ноилоҷ мондаанд.