Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як сокини солхӯрдаи Рӯшон ҳадафи ҳамлаи гургон қарор гирифт


Ин хонуми 81-сола чанд рӯз пеш даргузашт.

Бо зиёд шудани боришоти барф ва хавфи ҳамлаи гургон, сокинони деҳоти дурдасти Бадахшон акнун субҳи барвақт ва шом танҳо аз хона ба берун баромадан метарсанд.

Ба иттилои раёсати корҳои дохилаи Бадахшон, сокини 81-солаи деҳаи Баҷуви ноҳияи Рӯшон Наботбегим Худодова аз ҳамлаи гургон захм бардошта, дар ҷойи ҳодиса ҳалок гардид. Сокинони деҳа мегӯянд, ки гургони дарранда ба ин зани солманд ҳангоме ҳуҷум карданд, ки вай субҳи барвақт барои таҳорат танҳо аз манзилаш берун баромадааст. Аккоси баланди сагонро шунида, ҳамсояҳо берун давиданд ва кампирро аз даҳони гургҳо халос карданд. Ҳамдеҳагон мегӯянд, ки гург аз гардани ин зани солхӯрда газида буд ва ӯ ба худ наомада ҷон дод. Сокинони Баҷув мегӯянд, ки субҳу шом метарсанд, ки танҳо аз хона берун бароянд.

Сухангӯйи Раёсати корҳои дохила Мизроб Доробов гуфт, ки ба дунболи ин ҳодиса гурӯҳи фаврии шӯъбаи корҳои дохилаи ноҳияи Рӯшон ба манзури шикор ва ҷилавгирӣ аз ҳамлаи гургони дарранда ба сокинон, ба маҳали Баҷув сафарбар шуданд.

Масъулини раёсати ҳифзи муҳити зисти Бадахшон мегӯянд, ки сардии ҳавову боришоти зиёди барфи моҳи феврал ва камбуди ғизо, ҳайвоноти даррандаро водор мекунад, ки аз кӯҳҳо ба наздикии маҳалҳои аҳолинишин фароянд ва ба ҷонварҳои хонагӣ ва инсонҳо ҳамла оранд. Мизроб Доробов гуфт, ки барои шикори гургҳо маблағи ҳангуфте ихтисос дода шудааст, чун ҳодисаҳои ҳамлаи гургҳо ба сокинони маҳаллӣ дар солҳои ахир як тамоюли нигаронкунанда шудааст.

Озода Саиднуруллоева
Озода Саиднуруллоева
Моҳи январи гузашта ҳам як хонуми солхӯрдаи сокини деҳаи Сижди ноҳияи Шуғнон Озода Саиднуруллоева ҳам мавриди ҳамлаи гургҳо қарор гирифт. Селаи гургон ба сокини 90-солаи ин деҳа ҳамла карда, ӯро шадидан маҷрӯҳ карданд. Ӯ муддати зиёд дар бемористон захми дандони ин ҷонвари ваҳширо муолиҷа кард.

Мутахассисон мегӯянд, гург як ҷонвари нирӯманд буда, дар сурати ноилоҷӣ ва гуруснагии шадид, аз инсон намеҳаросад. Маъмулан шикори гургон ба таври гуруҳӣ сурат мегирад ва аз ин хотир, ҷилавгирӣ аз ҳамлаи онҳо ҳам кори осон нест.

Тибқи иттилои шӯъбаи корҳои дохилаи ноҳия Рӯшон ва ҳам шикорчиёни маҳаллӣ, дар муддати қариб як моҳи амалиёти зидди гургҳо, танҳо ду сар гург ҳадафи тири инсон қарор гирифтааст. Дар зимистон ва остонаи баҳор, ба иттилои мутахассисон, бо коҳиши ғизову кам шудани сайди шикор, гургҳо махсусан хатарнок мешаванд.

Радиои Озодӣ
XS
SM
MD
LG