Масъулини идораи Бозрасии ҳифзи муҳити зисти минтақаи Кӯлоб мегӯянд, дар бораи афзоиши шумори гург ва ҳамлаи онҳо ба чорпоён сокинон шикоят кардаанд.
Сайҳомид, як сокини ноҳияи Шӯрообод мегӯяд, воқеан вақтҳои ахир шумори гургҳо ба таври бесобиқа афзоиш ёфтааст. Ба гуфтаи ӯ, аз ҷумла дар чанд рӯзи ахир ду сар буз ва як гусфандаш тӯъмаи гургони ҳамлагар гаштаанд.
Ӯ мегӯяд: «Солҳои пештар ҳам як-ду бузу гусфандамонро мехӯрданд, вале имсол қариб аз ҳамаро якта-нимта хӯрданд. Хай пеши гурга гирифта намешавад, дар як дара мола ҳай мекунӣ, ки аз як тараф медарояд. То меравӣ, ки чанд торо кафонда рафтаст.»
КАМОНҲОРО ГИРИФТАНД
Аҳмад Валиев, як сокини дигар мегӯяд, чанд соли пеш сокинон дар даст силоҳҳои шикорӣ доштанд, ки чорпоёни худро аз ҳуҷуми гургҳо ҳифз мекарданд. Аммо ба гуфтаи ӯ, бо баҳонаи халъи силоҳ ҳамаи камонҳои шикории сокинонро гирифтанд.
Вай афзуд: «Дар ҳақиқат камонҳои бисёриҳоро мӯҳлати ҳуҷҷатҳояшон тамом шуда буд, вале онҳоро милисаҳо гирифта, ҳисобот доданд, ки мо ин қадар силоҳҳои ғайриқонунӣ гирифтем. Агар ҳамонҳоро ҳуҷҷат карда, ба сокинон медоданд, ин қадар хуку гург зиёд намешуд.»
ИҶОЗАИ ШИКОРИ ШИКОРИ ГУРГУ ХУК
Дар ҳамин ҳол, Амирқул Ҷӯраев, сармутахассиси Бозрасии ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Кӯлоб мегӯяд, бинобар афзоиши теъдоди хуку гург дар навоҳии кӯҳистон Ҳукумати Тоҷикистон ва Раёсати ҷангали ҷумҳурӣ иҷоза додаанд, то коҳиши теъдоди ин ду ҳайвон, онҳо шикор шаванд. Ба гуфтаи ӯ, солҳои пеш иҷозаи шикори хук дода мешуд, вале дар ин баробар имсол иҷозаи шикори гург ҳам дода шуд.
Ҷӯраев мегӯяд: «Ҳам гург зиёд шудааст ва ҳам хук. Аҳолӣ шикоят кард. Гург ба ҳайвонот зарар мерасонад ва хук зироатҳои навкиштаро поймол мекунад. Барои ин иҷоза шудааст, то кам шудани шумораи гургу хук, онҳоро шикор кунанд. Мо бо мушоҳидаҳо ҳисоб мекунем, ки кадом ҳайвон аз меъёр зиёд шудааст, кадомаш кам. То кам шудани шумораи гургу хук, мо ба шикорчиён иҷоза додем, ки шикор кунанд.»
СОКИНОН ОСЕБ НАДИДААНД
Дар пайи ҳамлаҳои гургон ягон нафар аз сокинони маҳаллӣ осеб надидаанд, вале аз ҳамлаи хук дар ноҳияи Шӯрообод ду шикорчӣ ҷароҳати сабук бардоштааст. Феълан бар асоси иҷозатномаи махсус, дар навоҳии Балҷувон, Ховалинг, Мӯъминобод, Темурмалик ва Шӯроободи минтақаи Кӯлоб хуку гург бидуни ҷарима шикор карда мешавад. Дар ҳоле, ки соле пеш барои шикори гург аз 100 то 300 сомонӣ ҷарима пешбинӣ шуда буд.