Чаро Лахши Тоҷикистон ҳар рӯз меларзад? АКСУ ВИДЕО

Сокинони ноҳияи Лахш, дар шарқи Тоҷикистон мегӯянд, як ҳафта боз замин меларзад ва аз тарси хароб шудани хонаҳояшон, шабро дар берун рӯз мекунанд. Дар пайи ду заминларзаи қавӣ дар рӯзҳои 3-ум ва 5-уми май манзилҳои сокинони беш аз панҷ деҳа дар ҷамоати Алға ва Лахши ин ноҳия зиён дидааст. Ба гуфтаи сокинон, наздик ба сад манзили зист дар пайи заминларзаҳо садама дидааст, вале мақомот мегӯянд, ҳоло шумораи манзилҳои осебдидаро дақиқ накардаанд.

Донишмандони зилзилашинос дар Тоҷикистон мегӯянд, ки ларзиши замин дар ин минтақа ҳам як падидаи табиӣ аст, ки дар фосилаи ҳар 10-12 сол бо нерӯи саххтаре сурат мегирад.

Макони зист дохили мошин

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Такрори заминларза дар Лахши Тоҷикистон

Ҷунайдулло Шамурзаев, сокини деҳаи Дувонаи ноҳияи Лахш ҳоло ҳамроҳ бо 11 узви хонаводааш дар дохили як мошини боркаш берун аз деҳа зиндагӣ мекунад. Ӯ рӯзи 8 апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, бар асари заминларза деворҳои хонааш кафидааст ва зиндагӣ дохили онҳо хатарнок аст.

Ӯ гуфт, ки “даруни хона даромадан дигар илоҷ надорад, чун ҳамаи деворҳо кафидаанд ва агар як бори дигар замин ҷунбад, эҳтимол ҳама болои сар мерезад.”

Ҳарчанд, ба гуфтаи ӯ, ҳаво сард аст, вале илоҷе ба ҷуз аз зиндагӣ дар дохили мошин надоранд. Ҳамдеҳагони дигари Ҷунайдулло, ки хонаҳояшон аз заминларза осеб дидааст, дар майдони бозе дар канори деҳа зери хаймаҳои шахсӣ ва дохили мошинҳои боркаш шабро рӯз мекунанд.

Ду хатар аз заминларза

Даруни хона даромадан дигар илоҷ надорад, чун ҳамаи деворҳо кафидаанд ва агар як бори дигар замин ҷунбад, эҳтимол ҳама болои сар мерезад.
Сокинони ноҳияи Лахш, дар шарқи Тоҷикистон мегӯянд, як ҳафта боз замин меларзад ва аз тарси хароб шудани хонаҳояшон, шабро дар берун рӯз мекунанд.

Исҳоқ Аббосов, сокини дигари ҷамоати Алғаи ин ноҳия гуфт, манзили зисташ зери кӯҳ қарор дорад ва лаҳзаҳои заминларзаҳо аз боло ба манзилаш сангпораҳо рехтаанд. Вай гуфт, дар зилзилаҳои ахир девори манзилаш хароб шуд. ”Аз боло санг меояд ва зистан хавфнок аст”, - гуфт ӯ. Ба гуфтаи сокинон, дар баробари кафидани деворҳои хона, ҳангоми заминларза, инчунин сангрезии шадид низ сабт шудааст, ки бар асари он сокинон зиён дидаанд.

Баъзе аз сокинон дар хайма зиндагӣ мекунанд.

Амирбек Назаров, сокини дигари ин ноҳия гуфт, умедворанд, ки ҳукумат дар ҳалли мушкил барояшон кӯмак мекунад. “Ба ҳар ҳол худи сокинон зарар надидаанд, шукр мекунем. Ҳоло аз ҳукумат намояндаҳо омада аз ҳоли мардум хабар гирифтанд. Бовар дорем, ки ба мо кӯмак мекунанд ва вазъият хуб мешавад”, - гуфт ӯ.

Комиссия зарадидагонро дақиқ мекунад

Дар ноҳияи Лахш барои муайян кардани зиёни заминларза комиссияи давлатӣ таъсис ёфтааст. Қутбуддин Муродов, сардори Ситоди ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандӣ дар ноҳияи Лахш рӯзи 8 май ба Радиои Озодӣ гуфт, комиссия зарар аз заминларзаро аниқ мекунад.

Ӯ гуфт: “Комисия баҳогузорӣ бояд кунад. Мо дар як деҳа баҳогузориро тамом кардем. Бояд ситод хулосаи худро пешниҳод кунад. Ҳоло кӯмакҳо ба сокинон мерасанд, вале баъди аниқи шудани зарар кӯмакҳои расмӣ низ расонида мешаванд.”

Музаффар Маҳмудов, муовини раиси ноҳия Вахш низ гуфт, ки ҳукумати маҳаллӣ бо супоришҳои ҳукумати марказӣ тамоми талошро барои кӯмак ба зарардидагон анҷом медиҳад.

Ноҳияи Лахш, дар шарқи Тоҷикистон дар марзи Қирғизистон ҷойгир аст. Ин ноҳия беш аз 60 ҳазор аҳолӣ дорад. Умқи заминларзаҳои як ҳафтаи охир дар ҳудуди Қирғизистон ва Тоҷикистон дар 8 километр дуртар аз ин ноҳия ҷойгир аст.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Лаҳзаи тарсноки заминларза дар Лахш

Маркази зилзилашиносии Амрико мегӯяд, шиддати заминларза дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки тақрибан ҳар рӯз дар соатҳои мухталиф мушоҳида шудааст, аз рӯи ҷадвали 12-баллии Риҳтер - аз 4 то 5,9 дараҷаро ташкил додааст.

Дар Тоҷикистон, ки дар як минтақаи зилзилахези ҷаҳон ҷойгир аст, донишмандон ба сокинон машварат медиҳанд, ки ҳангоми вуқӯи зилзила ба воҳима дода нашаванд.

Аз ҷумла, Собит Неъматуллоев, муҳаққиқи собиқадори зилзила гуфт, ки ларзиши замин як падидаи табиӣ аст ва дар фосилаи ҳар 10-12 сол тайғирёбӣ дар қишрҳои замин мушоҳида мешавад. Эҳтимолан ҳоло ҳам чунин як ҷараёне мушоҳида мешавад.

Мутахассисони ҳолатҳои фавқулода ба сокинони мулкӣ машварат медиҳанд, ки ҳангоми ларзиши замин беҳангомаву тарс муҳимтарин чиз – санаду мадраки худро ба даст гирифта ҳамроҳ бо кӯдакону пиронсолони хона ба ҷои амне дар кӯча ё хиёбоне дур аз бинову сохмонҳои баландошёна бираванд. Дар ин сурат пешгирии фоҷеа дар миёни инсонҳо шонси зиёд дорад.