Мадинаҷон Рауфова ва шавҳараш мегӯянд, соли 2020 зару зевари худро дар "Имон Интернешнл" гузошта, барои рушди тиҷорат 240 ҳазор доллар қарз гирифтанд. Пас аз ду соли он баҳси гуё ҳақиқӣ набудани тиловорӣ рӯ задааст. Дар ҳоле ки, ба гуфтаи зану шавҳар, намояндагони бонк аввал тиловориро санҷида, сипас пазируфта буданд.
Абдуҳафиз Исматов, намояндаи Бонки Миллӣ дар вилояти Суғд, гуфт, "ин ҳолат бо маслиҳати пешакӣ аз ҷониби таҳлилгари қарзӣ, мутахассиси баҳодиҳии тиловорӣ ва муштарӣ пеш омадааст."
"Як корманди мо, ки таҳлилгари тило мебошад, ҳанӯз дар ҷустуҷӯ қарор дорад," – гуфт Акбар Иноятов, намояндаи "Имон Интернешнл" дар ҳамин нишаст, аммо ному насаби ӯро ошкор накард.
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Суоле, ки зеҳни Рауфовҳоро банд медорад, ин аст, ки чаро дар вақти қабули тиловорӣ чунин шубҳа набуд ва танҳо баъди ду сол ба миён омад? Масъулони "Имон Интернешнл" дар посухи хатӣ ба муроҷиати хабарнигори Радиои Озодӣ навиштанд, ки ин камбудро ҳангоми санҷиш ошкор карданд.
Акбар Иноятов, намоянда аз мудирияти ташкилот, дар нишасти хабарӣ ҳолатро ба гунаи дигар шарҳ дод: "Онҳо талаб карданд, ки як қисми тилоро баргардонед, то фурӯхта, қарзро бидиҳем. Тибқи дархости онҳо яке аз халтачаро кушодем. Маълум гашт, ки як қисми он "бижутерия" мебошад. Пас аз он санҷиши пурра гузарондем ва ҳамин ҳолат ошкор шуд."
Мадинаҷон Рауфова, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, мегӯяд, ки "на кушодани халтачаро дидам, на тило ва на "бижутерия"-ро. Ҳамаи айбро ба гардани ман бор карданд."
Мақомоти интизомӣ дар моҳи октябри соли 2022 Мадинаҷон Рауфова ва як корманди "Имон Интернешнл"-ро дар пайванд ба ин баҳс боздошт ва сипас ба зиндон маҳкум карданд. Ҳоло ҳарду бар ивази пардохти ҷарима дар озодӣ ҳастанд.
Шикояти Мадинаҷон Рауфова барои гирифтани тилои ба замонат гузоштааш аз созмони қарздиҳии "Имон Интернешнл" дар аксар зинаҳои ҳуқуқӣ натиҷа надодааст. Акнун, ба гуфтаи ӯ, масъулони "Имон" мехоҳанд, дар ивази қарзи пардохтнашуда ду ҳавлии Рауфовҳоро бигиранд.
Баҳси бонкҳо бо муштариён дар Тоҷикистон масъалаи нав нест. Дар пайванд ба ин даҳҳо шаҳрвандони корафтода аз беадолатӣ ва риоя накардани шартномаи додугирифт нисбат ба бонкҳо ба Додгоҳу Додситонӣ муроҷиат мекунанд, вале на ҳамеша метавонанд, ки ҳаққи худро биситонанд.