Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти як тоҷик дар Амрико ба гумони риоя накардани таҳрими зидди Русия


Салимҷон Насриддинов
Салимҷон Насриддинов

Мақомоти Амрико се шаҳрванди Русияро, ки яке аз онҳо ҳамзамон табааи Тоҷикистон аст, ба гумони риоя накардани таҳримҳои зидди Маскав боздошт намудаанд.

Николай Голтсев, Кристина Пузирёва ва Салимҷон Насриддинов ба содироти маҳсулоти мамнӯи техникӣ ба Русия муттаҳаманд. Гуфта мешавад, ин маҳсулот дар ҷанги Русия алайҳи Украина истифода шудааст.

Хабар рӯзи 31-уми октябр нашр шуд. Радиои Озодӣ то ин дам вокуниши наздикони Салимҷон Насриддиновро дар мавриди қазия ба даст наовард.

Хабаргузории "Франс Пресс" Салимҷон Насриддинови 52-соларо "шарики эҳтимолии" Николай Голстев ва ҳамсараш Кристина Пузирёва номбар кардааст.

Иван Арвело, маъмури вижаи Департаменти Амнияти Миллии Амрико, дар баёяние гуфт, сегона ба фиристодани маҳсулоти зери таҳрим ба арзиши тақрибан 10 миллион доллар ба Русия гумонзад ҳастанд.

Вазорати адлияи Амрико дар изҳороте гуфт, баъзе аз намунаҳои маҳсулоти фиристодаи онҳо дар дрону тонкҳо ва чархболҳои мусодирашудаи Русия дар Украина дида шудааст.

"Ин ширкатҳо маҳсулоти электрониро аз истеҳсолкунандаҳои амрикоӣ харида, ғайриқонунӣ ва бо пеши по задани таҳрим ба Русия фиристодаанд," – гуфта шудааст дар изҳороти вазорат. Дар ҳоле, ки ба гуфтаи манбаъ, онҳо медонистанд, ки маҳсулоти техникӣ бо ҳадафи низомӣ истифода хоҳад шуд.

Ба гузориши расонаҳо, маҳсулот ба воситаи ширкатҳои SH Brothers ва SN Electronics харида шудааст. Ҳарду ширкатро дар Бруклин сабтином кардаанд.

Додситонии федеролии минтақаи шарқии Ню-Йорк мегӯяд, "беш аз 1,1 миллион доллар даромад"-и онҳоро дар бонкҳои дохилӣ кашф ва рӯзи сешанбе мусодира кард.

Салимҷон Насриддинов, ки 5-уми ноябр 53-сола хоҳад шуд, Донишгоҳи политехникии Тоҷикистонро хатм карда, сипас дар Русия кору зиндагӣ ва тиҷорат кардааст.

Вай чанд сол пеш ба Амрико кӯчид ва соли 2021 дар маъракаи тоҷикони Иёлоти Муттаҳида дар Ню-Йорк иштироку суханронӣ кард. Дар баъзе аз аксҳо дар саҳифааш дар Фейсбук дар канори раиси ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ва сафири Тоҷикистон дар Вашингтон тасвир ёфтааст.

XS
SM
MD
LG