Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Тоҷпромбонк" барҳам хӯрд. Пули мардумро кӣ медиҳад? ВИДЕО


Муштариёни "Тоҷпромбонк" дар назди Додгоҳи иқтисодии Душанбе
Муштариёни "Тоҷпромбонк" дар назди Додгоҳи иқтисодии Душанбе

Фаъолияти "Тоҷпромбонк", яке аз бонкҳои муфлисшуда дар Тоҷикистон бо ҳукми Додгоҳи олии иқтисодӣ пурра қатъ шудааст. Парвандаи муфлисшавии бонк аз соли 2017 оғоз шуда буд. Вале ҳамоно баъзе муштариён мегӯянд, амонатҳои худро бозпас нагирифтанд.

Рустам Мирзозода
Рустам Мирзозода

Рустам Мирзозода раиси Додгоҳи олии иқтисодӣ 7-уми август зимни нишасти хабарӣ гуфт, бо ҳукми Додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе, аз 1-уми августи соли ҷорӣ фаъолияти "Тоҷпромбонк" пурра қатъ карда шуд. Вай гуфт, муҳлат барои барҳам додани ин бонки муфлисшуда "дигар тамдид карда нашуд".

Хабари пурра барҳам додани бонк, ташвиши муштариёни "Тоҷпрмбонк"-ро бештар кардааст. Онҳо нигаронанд, ки дар ниҳоят амонатҳояшон дигар бозпас дода намешавад.

Гузориши видеоиро инҷо бинед:

 Пасандозҳои муштариёни "Тоҷпромбонк-и барҳамхӯрдаро кӣ бармегардонад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:08 0:00

Гулрафтор Назарова, сокини Душанбе яке аз муштариёни ин бонк аст ва мегӯяд, амонатҳои гузоштаашро натавонист пурра бигирад. "Ман 260 ҳазор сомонӣ гузошта будам. Дар як ошёнаи баланд як хона доданд, боқимондаи пул бонк монд. 30 ҳазор сомониро кам-кам гирифтем, 22 ҳазор сомонии дигараш мондааст. Мегӯянд бонк тамом шуд, дигар намешавад. Мо чӣ кор кунем?”-афзуд ӯ.

Дар ҳамин ҳол Зулфия Саидзода, додраси Додгоҳи иқтисодии Душанбе гуфт "амонатҳои шахсони воқеӣ ба маблағи 148 миллиону 138 ҳазор сомонӣ ба пуррагӣ иҷро шуд. Яъне 5726 нафар пурра маблағҳояшонро гирифтанд. Як қисми амонатгузорон боқӣ мондаанд, ки бо сабаби баҳснок будани моликияташон, аз қабул кардан худдорӣ карданд. Вале "Тоҷпромбонк" маблағи нақд надошт, ки ба амонатгузорон диҳанд".

Дар оғози барҳамдиҳӣ, уҳдадории "Тоҷпромбонк" дар назди мизоҷонаш 174 миллион сомонӣ буд. Мақомоти Тоҷикистон соли 2017 аз муфлисшавии “Тоҷпромбонк” ва оғози барҳамхӯрии он хабар доданд. Пас аз он мудирияти махсус дороиҳои бонкро ба фурӯш гузошта, бозпас додани амонати муштариёнро шуруъ кард. Вале мудирияти муваққатии бонк ахиран гуфт, сабаби пурра пардохт нашудани қарзи бонк аз муштариён он аст, ки теъдоде дигар аз муштариён аз бонк қарз гирифта, қарзҳоро барнамегардонанд.

Мушкили бозпас гардондани пули амонатгузорон дар соли 2016 доғ шуд. Дар он замон "Тоҷпромбонк"-у "Фононбонк" ва "Тоҷиксодиротбонк"-у "Агроинвестбонк" бо мушкили пардохтпазирӣ дучор ва дертар муфлис эълон шуданд. Ба иттилои расмӣ, аз миёни ин чор бонк фақат “Фононбонк” пурра барҳам хӯрда буд. "Тоҷпромбонк" ҳоло дуюмин бонк аст, ки мақомот аз пурра қатъ шудани фаъолияти он хабар доданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG