Осиёи Марказӣ: Туркистон ё Эронзамин (2)

Раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ бо раисҷумҳури Туркия ва президенти Русия. Самарқанд, моҳи сентябри 2022

Камолуддин Абдуллоев, таърихнигор

Қисми аввал дар ин ҷост

Миллатгароии туркҳо

Қариб ҳамзамон бо забти Осиёи Миёна аз ҷониби русҳо, дар аввали нимаи дуюми асри XIX дар империяи Усмонӣ миллатгароӣ ба вуҷуд омад. Зиёиёни Усмонӣ этноними дунявии "турк" ва мафҳуми "туркизм"-ро, ки аз он бармеояд, эҳё карда, онҳоро ба адабиёт ва сиёсат дохил карданд. Онҳо бовар доштанд, ки на ислом ё усмонизм (ки идеяи империяро ҳамчун хонаи ҳамаи мардуми сокини он дастгирӣ мекунад), балки маҳз миллатгароӣ метавонад туркҳоро муттаҳид созад ва ҳаракати онҳоро ба сӯйи модерн таъмин намояд.

Миллатгароии туркӣ дар асри XIX ҳанӯз бародарони берун аз Анадолу (Анатолия)-ро фаро намегирифт. Аммо дар поёни аср, сарнавишти туркҳои Булғористон ва Русия онҳоро ба ташвиш овард. Якоб Ландау, муаллифи "Пантуркизм: Аз ирредентизм то ҳамкорӣ", бар ин назар аст, ки пантуркизм дар Туркия дар охири империяи Усмонӣ ҳамчун "маҳсулоти изофӣ"-и миллатгароии туркӣ пайдо шуда, ҳамзамон бо он рушд кардааст.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Рақобат" дар Бухоро. Чаро Хоҷаев ва Фитрат Муҳиддиновро "таҳаммул" накарданд?

Пайдоиши пантуркизм ба ирредент, яъне туркҳое, ки ҳамчун халқҳои бумӣ берун аз Туркия зиндагӣ мекунанд, вобаста буд. Дар ҳамин ҳолат, зиёиёни мусулмони асосан туркзабони Русия ва Осиёи Миёна ба Туркияи Усмонӣ майли зиёд пайдо карданд, ки ин ба тавлиди падидае бо номи пантуркизм мусоидат кард. Ин ҷунбиши ирредентистӣ дар худи Туркия боис ба вокуниши мусбат шуд. Асарҳое пайдо шуданд, ки дар онҳо туркҳо аз "гузаштаи туронӣ"-и пурифтихор, Чингизхон, ки ӯро ҷадди умумии туркҳо ва туркзабонон меномиданд, таъриф мекарданд.

Ба сабаби таблиғоти миллатгароӣ, дар туркҳо ва сипас дар туркзабонони Осиёи Миёна ғурури миллӣ бедор шудан гирифт, ки бо нажодпарастӣ ҳамсарҳад буд. Сарҳади байни миллатгароии туркӣ (туркизм) ва пантуркизм тадриҷан аз байн рафт. Дар ҳамон ҳангом туркҳо, туркзабонон ва маъмурони Русияи подшоҳӣ истилоҳи фаромӯшшудаи "Туркистон"-ро ба ёд оварда, онро ба таври васеъ истифода бурдан гирифтанд.

Бисёр муҳим аст, ки тафовути байни таблиғоти исломгароӣ ва миллатгароӣ дида шавад. Миллатгароӣ табиатан ҷунбиши дунявӣ аст, ки ҳамзамон бо буржуазия ва капитализм пайдо шудааст. Аз ин ҷиҳат ҷавонтуркҳо аз султони охирини Усмониҳо фарқ мекарданд. Ба ҳамин монанд, метавон дар бораи низои ҷавонбухориён (миллатгароён), ки аз ҷониби афсарони турк дастгирӣ мешуданд, аз як тараф ва амири Бухоро бо босмачиёни қабилавии ӯ бо сарварии Иброҳимбек - аз тарафи дигар, ёдовар шуд. Дар он мубориза ҳарду тараф мағлуб шуда, роҳи пирӯзиро ба тарафи сеюм, яъне Шӯравӣ, осону ҳамвор карданд. Аз бисёр ҷиҳат, маҳз Иброҳимбек бо нафраташ ба “ҷадидҳои бедин” сабаби ҳалокати Анвар-пошшо дар моҳи августи соли 1922 шуд. Вай инчунин кӯшиши раҳбари Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро (ҶХШБ) Усмон Хоҷаевро барои барангехтани шӯриш бо ҳадафи берун кардани нерӯҳои рус аз Бухоро дар охири соли 1921 бенатиҷа гузошт. Дар ин ҳодиса Иброҳимбек тарафи Русия ва Артиши Сурхро гирифт, ки онҳоро дар муқоиса бо ҳукумати ҶХШБ "шарри камтар" медонист.

"Туркистониён"-и муосир, ки ҳаводори босмачигарӣ ҳамчун ҷунбиши миллию озодихоҳӣ буданд, қасдан ё аз надонӣ ин фосилаи байни миллатгароён ва исломгароёнро пай набурданд. Онҳо ҷадидҳои бухороӣ ва туркистонӣ, босмачиёни гуногунро дар як саф бо тарафдорони "Туркистони озод" гузоштанд.

Идеяи "Туркистон" ҳамчун як доктрина ё таълимоти сирф сиёсӣ бо қавмият пайванди кам дорад. Ҳадди ақал аз он сабаб, ки он на дар муҳити туркзабони Фарғона ё Тошканд ё даштҳои Қазоқистон, балки дар Бухорои космополитӣ ва форсизабон, дар оилаҳои бонуфуз, сарватманд ва таъсиргузор, ки аз асри IX то имрӯз бо забони тоҷикӣ гап мезананд, ба вуҷуд омадааст.

Дар аҳди Шӯравӣ идеяи “Туркистон” аз ҷониби болшевикон ҳамчун хатар барои сохти шӯравии Осиёи Миёна дониста мешуд ва аз ин рӯ шадидан таъқиб мешуд. Маҳз бо ҳадафи бадном кардани он, дар соли 1924, мақомот тақсимоти миллию ҳудудии минтақаро анҷом доданд, ки дар натиҷа Туркистони хаёлӣ ба чор ҷумҳурии алоҳидаи туркзабон бар иловаи ҷумҳурии ягонаи форсизабон дар Иттиҳоди Шӯравӣ – Тоҷикистон (эронӣ ва ҳамзамон Шӯравӣ) тақсим карда шуд.

Зарбаи сахте, ки Шӯравӣ ба идеяи "Туркистон" зад, танҳо эътирози муҳоҷирони туркистониро дар Аврупо ба бор овард, ки ин аз маъруф набуданаш дар байни мардум шаҳодат медиҳад. Анҷумани ба ном Иттиҳоди Миллии Туркистон (Туркистон Милли Бирлиги) 23-юми ноябри соли 1924, фавран пас аз тақсимоти ҳудудӣ баргузор шуд. Дар он гуфта шуд, ки “болшевикон аз вазъи пешомада барои устувор кардани ҳокимияти худ дар Туркистон истифода бурда, сиёсати пораву пароканда кардани кишварро оғоз кардаанд".

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Камолиддин Абдуллоев. Туркҳо дар Бухорои Шарқӣ

Иттиҳоди Миллии Туркистон зарур донист, ки аз сиёсати Шӯравӣ пайравӣ накунад ва ба кумитаҳои миллӣ (узбекӣ, қазоқӣ ва ғайра) тақсим нашавад, балки сохтори пешинаи умумии туркистонии ташкилотро нигоҳ дорад. Ба ҷуз ин, таъкид карда шуд, ки “ба сабаби сиёсати болшевикии тақсимоти Туркистон ва ташкили ҷумҳуриҳои сунъӣ, аҳамияти истилоҳи "Туркистон" ба таври назаррас меафзояд".

Профессор Темур Хоҷаоғлу, писари Усмон Хоҷаев, дар суҳбат бо муаллифи ин сатрҳо нақл кард, ки Усмон Хоҷаев худро туркистонӣ, бухороӣ, баъзан турки қарлуқ меномид, аммо ҳеч гоҳ узбек не.

Таърихи мухтасари мубориза барои Туркистон

Ба андешаи мо, туркистонгароӣ ва мубориза барои "Туркистони Озод" таърихи хубе надорад. Он бо босмачигарӣ, Анвар-пошшо, "Легиони Туркистон", ҳамкорони низомӣ гауптштурмфюрер Боймирзо Ҳайит, Валӣ Қаюмхон, Рӯзӣ Назар (бо охиринаш муаллиф соли 1995 дар Амрико мулоқот карда буд) алоқаманд аст. Одилона мешавад агар бигӯем ки Иттиҳоди Миллии Туркистон ҳамчун созмони миллатгароёни туркистонии Аврупо ва Туркия бо Олмони фашистӣ робита надошт, аммо баъзе аз тарафдорони он худро бо ҳамкорӣ бо фашистон доғдор карданд.

Дар замони Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ раҳбарони муҳоҷирон аз Осиёи Миёна дар Афғонистон аз ҳисоби босмачиёни собиқ ва "ҳукумати дар табъид" дастаҳо ташкил мекарданд, то дар сурати пирӯзии Олмон бар Иттиҳоди Шӯравӣ ба Тоҷикистон ва Узбекистон ворид шаванд. Онҳо аз ҷониби агентҳои олмонӣ ҷалб карда шуда буданд. Пирӯзии Артиши Шӯравӣ дар наздикии Сталинград дар моҳи феврали соли 1943 ба шикасти нақшаҳои қасосгиронаи онҳо барои бохт дар ҷанги шаҳрвандӣ ва ташкили "Туркистон" бо ёрии Олмони фашистӣ оварда расонд.

Онҳо баъди ҷанг бо баҳонаи он ки танҳо бо ҳадафи озод кардани Туркистон ва Бухоро аз болшевикон ба хидмати Олмони фашистӣ рафтаанд, аз додгоҳи Нюрнберг халос шуданд. Ин далел дар солҳои "ҷанги сард" бисёр хуб кор мекард. Рӯзӣ Назар пас аз Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ ҳаёти худро бо Идораи истихбороти Амрико ва гурӯҳи неонатсистии "Гургони хокистарӣ" пайваст.

"Туркистониён" дар солҳои 1980 дар Афғонистон ба ҷалби сарбозони узбеки фирорӣ аз Артиши Шӯравӣ машғул буданд. Боймирзо Ҳайит соли 1992 ба Узбекистон рафт. Вай мунтазири эътирофи расмии худаш ва идеяи "Туркистон" дар сатҳи миллӣ буд, аммо хато кард. Дар рӯзи сеюми сафараш бо талаби мақомоти узбек маҷбур шуд, ки бинобар эътирози ширкатдорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ Узбекистонро тарк кунад.

Ҳоло туркистониёни Туркия, муҳоҷирони насли сеюм, ки ҳеч гоҳ дар Осиёи Марказӣ назистаанд, аз сиёсат канорагирӣ мекунанд. Ба гуфтаи раҳбари онҳо, таърихшинос ва сиёсатмадор Аҳад Андиҷонӣ, муаллифи китоби ҷолиби "Мубориза барои Туркистон дар хориҷа: Аз ҷадидия то истиқлол" (Turkestan Struggle Abroad: From Jadidism to Independence), онҳо мекӯшанд “аъзои муфиди ҷомеаи Туркия бошанд ва дар баргузории маъракаҳои фарҳангӣ ва муколамаҳои иҷтимоӣ-сиёсӣ ширкат кунанд".

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Адиб Холид. Нигоҳе ба Ҷадидия аз дурии имрӯз

Темур Ҳоҷауғлу, писари Усмон Ҳоҷаев, профессори филологияи турк, ҳамкор ва дӯсти муаллифи ин сатрҳо, менависад, насли дуюми муҳоҷирони туркистонӣ ночор чунон меҳисобанд, ки дар айни замон дар ҷойи "Туркистони Ғарбӣ" давлатҳои мустақили алоҳидаи Осиёи Марказӣ вуҷуд доранд ва "Туркистони Шарқӣ" зери ҳукмронии боэътимоди Чин мондааст. Ҳоҷауғлу одилона эътироф мекунад, ки савқ додани сокинони минтақа ба самти ҳувияти фаромиллӣ - туркистонӣ – аз эҳсоси афзояндаи мансубияти миллӣ - узбекӣ, қазоқӣ, туркманӣ, қирғизӣ, қарақалпоқӣ – пойинтар аст.

Оё "Туркистон" имкони комёбӣ дорад?

Нуқси асосии идеяи шомил кардани минтақа ба як "Туркистон" дар он аст, ки ба зидди беш аз 20 миллион аҳолии ғайритурк (тоҷик)-и минтақа нигаронида шудааст. Танҳо нисфе аз онҳо дар Тоҷикистон ҳастанд. Тоҷикон дар замони ҳукумати Шӯравӣ ба давлатдории худ даст ёфтанд, фарҳанг, забон, адабиёт ва илми беназирро рушд доданд. Онҳо ҳеч гоҳ аз ҳувияти миллии худ даст намекашанд.

Тоҷикон дар "лоиҳаи туркистонӣ" таҳдиди ассимилятсия, табъизи нажодӣ, аз даст додани соҳибихтиёрӣ ва таҳмили ҳукмронии сиёсии берунаро мебинанд. Дар айни ҳол, Тоҷикистон, ки бо Қирғизистон мушкили марзӣ дорад ва пас аз солҳо муносибати сарди наздик ба душманӣ равобиташ бо Узбекистон гарм шудааст, комилан ниёзе ба муқовимат бо ҳамсоягони туркзабонаш надорад.

Вақте сухан дар бораи "Туркистон" меравад, Узбекистон, ки аз ҷиҳати қавмӣ ва таърихӣ ба тоҷикон наздик аст, мавқеи муҳтотона дорад. Абдулло Абдуқодиров, муовини аввали мудири Оҷонси ислоҳоти стратегии Узбекистон, аз номи Тошканд изҳор дошт, ки Созмони Ҳамкории Туркӣ “барои ҳама кишварҳо, бо дар назар гирифтани манофеи Эрон, Русия ва Тоҷикистон, бояд формулаи қобили қабулро пайдо кунад, ки онҳо набояд паёми ҷаҳони туркро бо манфиатҳои мардуми худ душманона бидонанд.” Дар вокуниш ба кӯшишҳои Анкара барои дохил кардани Ҷумҳурии Туркияи Шимолии Кипр ба Созмони Ҳамкории Туркӣ, Тошканд бар ин назар аст, ки "Тоҷикистон дар фазои ҷаҳони туркӣ қарор дорад" ва онро дар баробари Русия бояд ба созмон даъват кард.

Умедҳо ба комёбии пантуркизм дар охири чоряки аввали асри XXI хаёлӣ ба назар мерасанд. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Аврупо тарафдори пантуркизм нестанд, чун ба ҳифзи Туркияи секулёр ва ғарбгаро манфиатдоранд. Русия, ки ақаллиятҳои зиёди туркӣ дорад ва Осиёи Марказиро майдони манфиатҳои худ мешуморад, низ ҷонибдори пантуркизм нест.

Мухолифони асосии пантуронизм ва пантуркизм худи элитаҳои кишварҳои туркии Осиёи Марказӣ шуданд. Барои онҳо пантуркизм боиси аз даст додани қудрати истисноии онҳо дар доираи кишварҳои мустақил, таҳмили ҳукмронии сиёсии берунӣ (туркӣ, узбекӣ, қазоқӣ ва ғайра) ва аз даст додани қисми соҳибихтиёрии миллӣ мегардад. Онҳо, ки пайравони миллатгароии қавмӣ ва давлатӣ ҳастанд, бар ин боваранд, ки мардуми онҳо дорои арзишҳои фарҳангии беназири худ мебошанд, ки онҳоро аз ҳамсоягонашон фарқ мекунонанд. Дохил кардани "пантуркизм" ба истилоҳоти сиёсӣ дар муносибатҳои байни кишварҳои минтақа боис ба нигаронӣ, ҳатто душманӣ хоҳад шуд.

Бори дигар таъкид мекунем, ки ин идеология ба сифати асоси ҳамкории минтақаӣ, пеш аз ҳама аз он сабаб, ки хусусияти нажодӣ дорад ва Тоҷикистон ва тоҷиконро истисно мекунад, мувофиқ нест. Ҳамсояҳои минтақаии Осиёи Марказӣ низ нигарон ҳастанд. Чини коммунистӣ, ки 70 сол пеш "Туркистони Шарқӣ"-ро ба Вилояти Мухтори Шинҷон-Уйғур табдил дод, аз бозгашти истилоҳи барояш нохушоянд, ки хатари эҳёи ҷудоиталабии уйғурро ба ҳамроҳ дорад, хушҳол нест.

Ба ҳамин монанд, Афғонистони умтадан эронӣ, ки аз асри XIX паштунҳоро аз шарқ ба шимол кӯчонида, номҷойҳоро иваз кардааст, то ҳама осори "Туркистони Афғонистон"-ро аз харитаҳои ҷуғрофиёӣ пок кунад, низ сабаберо барои истиқбол аз қарори Анкара дар бораи эҳёи истилоҳи "Туркистон" намебинад.

Ба дунболи он Эрон меояд, ки ҳамсояи дигари Осиёи Марказӣ аст. Ин кишвар, ки ҳампаймони Русия ва Тоҷикистон аст ва аз 16 то 40 дарсади аҳолии онро туркҳои озарбойҷонӣ ташкил медиҳанд, низ аз эҳтимоли эҳёи пантуркизм сахт нигарон аст.

Заминаи фарҳангии "Туркистон" низ устувор ба назар намерасад. Бархилофи Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистон, ки забони ягона доранд ва раҳбарону мардуми ин кишварҳо метавонанд бе тарҷумон суҳбат кунанд, Созмони Ҳамкории Туркӣ бояд бо ин воқеият рӯ ба рӯ шавад, ки дар ҷаҳон забони ягонаи туркӣ вуҷуд надорад ва ҳамчунин бояд ҳал кунад, ки кадом алифборо бипазирад, китобҳои дарсии умумии туркиро бо кадом забон нашр кунад, таърихи умумиро кӣ нависад ва харҷи нашри онҳоро кӣ бидиҳад.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Абераи Аҳмади Дониш мехоҳад, қадри бобокалонашро бидонанд. ВИДЕО

Ба ҷуз ин, Туркманистон – ҳалқа ё пайванди муҳим байни хешовандони худ – аз як тараф Туркия ва Озарбойҷони туркзабон воқеъ дар паси баҳри Хазар ва аз тарафи дигар Узбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистони қипчоқзабон - ба кӯшишҳои Туркия барои ҷалби он ба Созмони Ҳамкории Туркӣ муқовимат мекунад. Мақомоти ин кишвар дар моҳи октябри соли ҷорӣ Форуми байнулмилалии "Пайванди замонҳо ва тамаддунҳо - асоси сулҳ ва рушд"-ро бахшида ба 300-солагии шоир Махтумқулӣ баргузор карданд.

Раҳбарони Туркия ва Озарбойҷон дар нишаст ҳузур надоштанд, вале президентҳои Русия, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Эрон, Покистон, Муғулистон ва Арманистон буданд. Пас аз президенти Туркманистон Сардор Бердимуҳаммадов нахустин шуда Масъуд Пизишкиён – раисҷумҳури Эрон сухан ронд. Форуми Ашқобод метавонад ҳамчун вокуниши бозигарони минтақаӣ ба ташаббуси Туркия барои ворид кардани "Туркистон" ба сиёсати байнулмилалӣ низ баррасӣ шавад.

Хулоса

Туркия Осиёи Миёна ё Туркистон нест, балки пайванди муҳим байни фарҳанги аврупоӣ ва Шарқ аст, аз ҷумла Сурия ва Ироқи ҳамсоя. Туркия комилан одилона худро вориси Усмониҳо ва Византия медонад. Дар ҳоле ки Осиёи Миёна дар қисми зиёди таърихи чорҳазорсолаи худ бахше аз Эрони Бузург (Эронзамин, Эроншаҳр) – зодгоҳи ҳиндуориёиҳо буд. Ин истилоҳи комилан илмӣ аст ва ҳеч рабте бо сиёсат надорад.

Аз асри VI милодӣ Эрони Шарқӣ, ки аҳолии онро мардуми муқимӣ (пеш аз ҳама аҷдоди тоҷикон) ташкил медоданд, худро дар марзи макони зисти қабилаҳои кӯчманчии туркӣ пайдо карданд. Дар аввали асри XI туркҳо дар байни дарёҳои Ому ва Сир қудрат гирифтанд. Аз он вақт инҷониб ҳамзистии симбиотикӣ, яъне маҷбурӣ ва то ҳадди имкон муфид бо ҳамсояи сершумор ва ҷанговар стратегияи наҷоти тоҷикон гардид.

Дар ниҳоят, тоҷикон на танҳо тавонистанд ҳувияти эронии худро нигоҳ доранд, балки фарҳанги худро ба ҳамсоягон низ ёд доданд. Ин то моҳи октябри соли 1924 идома ёфт. Замоне ки бо кӯшиши ҳукумати Шӯравӣ ба "Туркистон" хотима дода шуд ва Тоҷикистон, инчунин, чаҳор ҷумҳурии туркзабон ташкил ёфтанд. Дар охири соли 1991 ҳамаи панҷ ҷумҳурии Осиёи Миёна (Марказӣ) мустақил шуданд.

Охирсухан

Дар аввали моҳи октябри соли 2024 дар Донишкадаи давлатии омӯзгории Бухоро конфронси байнулмилалии илмӣ-амалии "Мероси пешгомони Туркистон: таҷрибаи таърихӣ ва худогоҳии миллӣ" баргузор гардид. Олимон аз Тоҷикистон набуданд, вале меҳмонони фахрӣ аз Туркия ҳузур доштанд. Онҳоро ба дидани хона-музейҳои фаъолони барҷастаи ҷунбиши ҷадидӣ: сарвазири Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро Файзуллоҳ Хоҷаев ва писарамакаш, аввалин президенти Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро ва аз соли 1923 раҳбари муҳоҷирати зиддишӯравии Туркистон Усмон Хоҷаев, бурданд. Дар наворҳое, ки дар YouTube гузошта шудаанд, шунида мешавад, ки чӣ тавр соҳибони хона – бозмондагони оила бонуфузи бухороии Хоҷаевҳо – бо ҳамдигар паст-паст бо забони тоҷикӣ гап мезананд.

Аз Идора: Матолибе, ки дар гӯшаи "Блогистон" ба нашр мерасанд назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.