Созиши Душанбе ва Анкара дар ин бора 28-уми марти имсол барои тасдиқ ба Маҷлиси Намояндагон, палатаи поёнии порлумон фиристода шудааст. Радиои Озодӣ рӯзи 10-уми апрел бо муҳтавои он шинос шуд.
Бар асоси ин ҳуҷҷат, аз ҳисоби буҷаи Туркия барои таълими "ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон" ду миллион лира ҷудо мешавад. Онро барои "нақлиёт, хӯрок, хобгоҳ ва омӯзиш”-и афсарони тоҷик дар Туркия харҷ хоҳанд кард.
Созишнома пешбинӣ мекунад, ки низомиёни тоҷик дар марказҳои таълимии ҳарбии Туркия метавонанд омӯзиш гиранд. Созиши Душанбе ва Анкара дар бораи омӯзиши низомиёни тоҷик барои панҷ сол пешбинӣ шудааст.
Ба хориҷи кишвар фиристодани низомиён барои тадрис як таҷрибаи маъмул дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон аст. То ин вақт афсарони тоҷик дар доираи созишномаҳои байнидавлатӣ барои таълим ба Русия ва Қазоқистон фиристода мешуданд.