Пайвандҳои дастрасӣ

Сафири Туркия: "Ҳадафи мо эҷоди мушкил барои тоҷикон нест"


Умут Аҷар, сафири Туркия дар Тоҷикистон
Умут Аҷар, сафири Туркия дар Тоҷикистон
  • Чаро Туркия барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводид ҷорӣ кард?
  • Сафари Раҷаб Таййиб Эрдуғон ба Душанбе чӣ шуд?
  • Туркия мехоҳад, Тоҷикистон узви Созмони Кишварҳои Туркӣ шавад? Радиои Озодӣ ба ин ва чанд суоли дигар аз сафири Туркия дар Тоҷикистон, Умут Аҷар, посух гирифт.

Радиои Озодӣ: Суҳбатро аз суоли асосӣ ва ҳассос оғоз мекунем. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки Туркия дар як шабонарӯз ва бе огоҳ кардани Душанбе барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводид (виза) ҷорӣ кардааст. Чаро?

Умут Аҷар: “Фикр мекунам, дар ин маврид нофаҳмӣ шудааст. Қабули қарор дар бораи раводид ва огоҳ кардани ҷониби Тоҷикистон ду раванди гуногун аст. Қарор рӯзи 5-уми апрел бо имзои раисҷумҳури мо баромад ва рӯзи 6-уми апрел расман эълон шуд. Баъд аз нашр дар рӯзномаи расмӣ эътибор пайдо кард. Табиист, ки бе гирифтани иҷозаи раисҷумҳур ба ҷониби Тоҷикистон огоҳинома дода наметавонистем. Ҳамагӣ як рӯз пас аз ин тасмим Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар нотае хабардор карда шуд, ки оғози дархости раводид 20-уми апрел аст. Дар ин бора вазорат низ дар изҳороти худ ба матбуот хабар дод.”

Радиои Озодӣ: Бархе ба ин боваранд, ки ҳодисаи "Крокус" дар Русия ва таҳаввулоти минбаъдаи амниятӣ ва геополитикӣ сабаби ин тасмим аст. Дуруст?

Мо бисёр нороҳатем, ки ин масъала дар гузашта сабаби низоъ ва даргириҳо байни ду кишвар шудааст.

Умут Аҷар: “Низоми раводиди кишварҳо одатан ба ду сабаб асос ёфтааст: мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва амният. Албатта, ин масоил дар қарори Туркия барои ҷорӣ кардани раводид низ нақш доранд. Дар ҳамин давра Туркия тасмим гирифт, ки ба баъзе аз кишварҳои дигар раводиди транзитӣ ҷорӣ кунад. Иддао дар бораи даст доштани шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳодисаҳои террористие, ки дар Туркия, Эрон, кишварҳои аврупоӣ ва Маскав рух доданд, таваҷҷуҳи ҷомеаи Туркия ва ҷаҳонро ба худ кашиданд. Табиатан наметавон интизор дошт, ки мақомоти амниятии Туркия нисбат ба масъалае, ки ин қадар мавриди баҳс қарор дорад ва мавзӯи рӯз аст, бетараф бимонад. То муайян гардидани сабабҳои ҳолати мазкур ва пайдо шудани роҳҳои ҳалли онҳо зарурат ба миён омадааст, ки ба таври муваққатӣ раводид ҷорӣ гардад. Ҳадаф аз тасмим эҷоди мушкил барои бародарони тоҷики мо дар сафар ба Туркия нест. Ҳадафи мо ин аст, ки тавассути афзоиши ҳамкориҳо ва табодули иттилоот байни ниҳодҳои амниятии ду кишвар ҳарчӣ зудтар низоми ҷоришудаи раводидро аз байн бардорем.”

Радиои Озодӣ: Интизор мерафт, ки Раҷаб Таййиб Эрдуғон ба Тоҷикистон биояд, чӣ шуд?

Умут Аҷар: “Мисли ҳар як сафир аз дидани президенти мо дар кишваре, ки кор мекунам, бисёр шод хоҳам буд. Тавре дар ёд доред, вазири мо дар моҳи январ зимни сафараш гуфта буд, ки талош хоҳем кард, президенти кишварамон имсол ба Тоҷикистон сафар кунад. Ман дар нишасти матбуотӣ ин ниятамонро изҳор доштам ва таъкид кардам, ки то ҳол сана муайян нагардидааст. Ҳамчун назари шахсии худам гуфтам, ки мо тарҷеҳ медиҳем, ки ин сафар дар замони зебое чун баҳор сурат гирад. Агар бори дигар таъкидаш лозим бошад, мо кӯшиш мекунем, ки сафари имсола анҷом ёбад, аммо ҳанӯз санае муайян нашудааст.”

Радиои Озодӣ: Вазири корҳои хориҷии Туркия дар ҷараёни сафари худ ба Осиёи Марказӣ дар бораи пешрафт дар баҳси марзии Тоҷикистону Қирғизистон маълумот дод. Ин изҳороти вазир ақидаеро ба вуҷуд овард, ки Туркия як кишвари миёнарав аст. Оё дар ҳақиқат Туркия дар ин таҳаввулот ва гуфтушунидҳо саҳм дорад?

Мутаассифона, мебинем, ки созмонҳои террористӣ ва баъзе аз доираҳо талош доранд, ки Тоҷикистонро манбаи терроризм ва Туркияро кишвари транзитӣ муаррифӣ кунанд.

Умут Аҷар: “Орзуи бузургтарини мост, ки баҳси сарҳадии ду кишвари дӯсту бародари Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳарчи зудтар бо музокирот ҳаллу фасл шавад. Мо бисёр нороҳатем, ки ин масъала дар гузашта сабаби низоъ ва даргириҳо байни ду кишвар шудааст. Вазири мо изҳорот дошт, ки аз рӯи паёмҳои мусбате, ки дар моҳи январ аз мақомоти ҳарду кишвар гирифт, интизор меравад, мушкилӣ дар муддати кӯтоҳ ҳалли худро ёбад. Дар ин раванд, агар тарафҳо дархосте дошта бошанд, албатта, Туркия ба унвони як кишвари мусоидаткунанда тамоми талошҳоро ба харҷ хоҳад дод. Гуфтушунидҳо таҳти роҳбарии президентҳои ҳарду кишвар мусбат идома доранд ва мо аз ин бисёр хушнудем. Ниҳоятан хушбин ҳастем, ки баҳси марзӣ дар давоми соли ҷорӣ ҳал хоҳад шуд."

Радиои Озодӣ: Яке аз масъалаҳои ҳассос дар равобити кишварҳои Осиёи Марказӣ Созмони Кишварҳои Туркӣ аст. Махсусан барои Тоҷикистон, як кишвари форсизабон дар минтақа. Гуфта мешавад, ки Туркия мехоҳад Тоҷикистон ба ин созмон узвият ё ҳадди ақал нозир шавад, дуруст аст?

Умут Аҷар: “Вазъи феълии Созмони Кишварҳои Туркӣ имкон намедиҳад, ки Тоҷикистон узви комилҳуқуқ ё нозир шавад. Ҳамкорӣ метавонад дар доираи мақоми “шарикӣ” сурат гирад. Дар сурати ба даст овардани созиш миёни кишварҳои узв, метавон моделҳои нави шарикиро баррасӣ ва самтҳои ҳамкориро муайян кард. Туркия мисли баъзе аз кишварҳои дигари узв чунин мешуморад, ки рушди ҳамкории зич миёни Тоҷикистон ва Созмони Кишварҳои Туркӣ фоидаовар хоҳад буд.”

Радиои Озодӣ: Гуфта мешавад, Туркия яке аз роҳҳои доғ барои пайвастани шаҳрвандони Тоҷикистон ба созмонҳои террористист. Чанде пеш Созмони Милал низ ба ин нукта таъкид кард. Чӣ мегӯед?

Умут Аҷар: “Мутаассифона, мебинем, ки созмонҳои террористӣ ва баъзе аз доираҳо талош доранд, ки Тоҷикистонро манбаи терроризм ва Туркияро кишвари транзитӣ муаррифӣ кунанд. Ин даъвоҳо тамоман беасосанд. Дар ин самт аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳида ягон изҳорот дода нашудааст. Туркия дар тӯли солҳои зиёд бо бисёре аз созмонҳои террористӣ мубориза мебарад. Мо набояд иҷоза диҳем, ки лоббиву доираҳои зидди Туркия ва Тоҷикистон ба симои кишварҳои мо осеб расонанд.”

Радиои Озодӣ: Шоҳиди нопадид шудани баъзе аз паноҳҷӯёни тоҷик дар Туркия ҳастем, бахусус паноҳҷӯёни сиёсӣ. Овозаҳое ҳаст, ки Туркия онҳоро ба Душанбе месупорад...

Умут Аҷар: “Дар ин бора сафорати мо маълумоте надорад. Азбаски ин масъала ба шаҳрвандони Тоҷикистон дахл дорад, фикр мекунам, аз мақомоти Тоҷикистон маълумот талаб кардан дурусттар аст. Туркия аз ҷумлаи кишварҳое аст, ки бештари паноҳандагонро мизбонӣ мекунад ва дар қатори кишварҳои аз ҳама бештар боздидшаванда дар ҷаҳон аст. Соли гузашта беш аз 50 миллион хориҷӣ бо оромию осудагӣ аз кишвари мо дидан карданд.”

Радиои Озодӣ: Суҳбатро аз мушкили раводид оғоз кардем, бо он анҷом медиҳем. Гуфта мешавад, хароҷот аз нархи раводид болотар буда, ҳаққи раводид 60 доллар ва хароҷоти дарёфти он 100 доллар аст. Масъалаи ришвахорӣ ва миёнаравӣ низ ба чашм мерасад. Маълумот доред?

Умут Аҷар: “Мо барои раводид ягон муассисаи миёнаравро истифода намебарем. Мо маълумоту ҳуҷҷатҳои заруриро ба матбуот мубодила кардем ва дар сомонаи худ ҷой додем. Раванд ба таври шаффоф сурат мегирад. Ҳама ҳуҷҷатҳои дархостшуда бидуни ниёз ба ягон миёнарав дастрас карда мешаванд. Телефонҳо ва ҳисобҳои шабакаҳои иҷтимоӣ барои суолҳо ва дархости иттилоотӣ дастрас ҳастанд. Агар лозим бошад, ба ману консули мо муроҷиат кардан мумкин аст. Агар дар ариза ягон камбуд ё мушкилот вуҷуд надошта бошад, дархости раводид ҳадди аксар дар 3-4 рӯз анҷом меёбад.”

XS
SM
MD
LG