Онҳо мегӯянд, дар давраи Президентии Ислом Каримов борҳо дар ин маврид муроҷиату кушишҳо намуданд, вале натиҷа надод. Аз ҳукумати феълӣ умед доранд, ки ба шахсияти халқу миллатҳои ин кишвар таваҷҷуҳи яксон зоҳир кунад.
Сайид Қурбонов, олим, профессор ва абераи Аҳмади Дониш ҳоло ба омӯзиши дастхатҳое машғул аст, ки чанд сол пеш аз вайронаҳои ҳавлии бобокалонаш ёфтааст. Ӯ мегӯяд, ин дастхатҳо ва китобҳои нодирро аз байни деворҳои хонаи Аҳмади Дониш ёфт шудаанд.
“бинед дар кадом ҳолат аз мағзи девор баромадааст. Чанд ҷойҳояш ҳоло ҳам лою хок аст. Ин дастнависи хеле бузург аст ва ингуна дастнавис нест. Мо хеле зиёд китоб ёфтем ва аксарият муқова надорад. Аксарияташ дар мағзи девор пӯсидааст. Сад сол гузаштааст”- гуфт, Сайид Қурбонов, абераи Аҳмади Дониш.
Дар наздикии боғи Исмоили Сомонӣ ва маркази шаҳри Бухоро кӯчае аст, ки дар он Аҳмади Дониш соли 1826 ба дунё омада, то соли 1897 дар он зистааст.
Волидони ӯ аз рӯйи зарурат, аз ноҳияи Шофиркоми канори Бухоро ба инҷо омадаву муқимӣ гаштаанд. Ба гуфтаи пайвандони Дониш, ҳавлии онҳо дар гузашта калонтар будааст, вале соли 2018 барои васеътар кардани роҳи мошингузар ниме аз онро кӯчондаанд ва ҳоло манзили навсохти ӯро меҳмонхона кардаанд.
Авлодонаш ба ғайр аз асару навиштаҳо, чанд ашёи рӯзгори донишмандро ҳам ҳифз кардаанд. Саид Қурбонов, абераи Аҳмади Дониш бо ишора ба соате, ки аз бобобузургаш мондааст, гуфт, онро нависанда аз шаҳри Санкт Петербург оварда буд.
“Бо ҳамин соат намоз мехондаанд. Ин соатро як маротиба босмачиҳо гирифтанӣ буданд, аммо истифода карда натавонистаанд. Баъд дар замин партофта, рафтаанд. Ҳоло ҷойи шикастапораҳояшро часпондаем”- гуфт, Сайид Қурбонов,
Пайвандони нависанда ва рушанфикри тоҷик, Аҳмади Дониш аз он норозиянд, ки ба шахсияти ӯ дар ин шаҳр хуб арҷгузорӣ накардаанд.
Ба номаш осорхона ё маркази илмие таъсис надодаанд ва насли нав тақрибан дар бораи донишманди “маорифпарвару ислоҳотхоҳи тоҷик” маълумоте надорад. Сайид Қурбонов гуфт:
“Як ду кӯчаи тангро ба номаш гузоштаанд, ки охираш бастааст. Ман гуфтам, ки ақаллан дар банер нависед, ки Аҳмади Дониш кӣ буд, чӣ гуна маърифатпарвар буд. Ҳатто навишта додам. Муроҷиат кардам, нашуд“
Ба ғайр аз чанд тангкучаи Бухоро, ки ба номаш ниҳодаанд, ҳамзамон дар мадрасаи Кукалдош як гушаи хурдеро бо аксу асарҳояш ба маърази тамошо гузоштаанд. Ин ҳам ба он хотир аст, ки Аҳмади Дониш баъди таҳсил дар назди модараш ва омӯзиши Қуръон, дар ин мадраса таҳсил кардааст. Вале нафарони огоҳ аз нақшаҳои меъмории осорхонаҳо мегӯянд, мақомоти шаҳр дар пайи бозсозиҳо эҳтимол осорхонаеро ба номаш гузоранд.
Таваккал Чориев, вакили порлумон аз ҳавзаи Бухоро гуфт: “Дар наздикии Арк мадрасае бо номи Раҳмонқул қарор дорад, ки дар он Аҳмади Дониш таҳсил гирифтааст. Дар онҷо бо ҳусни хату тарҳрезии он машғул шудааст. Ҳамон мадрасаро дар назар гирифтан мумкин аст. Аҳмади Дониш барои пешрафти Бухоро ва беҳ кардани мардуми он хеле саҳм гузоштааст”.
Аҳмади Дониш, маъруф ба Аҳмади Калла яке аз олимони барҷастаи илму адаби тоҷик ва маорифпарвари ислоҳотхоҳ шинохта мешавад, ки дар асри 19 зистааст. Вай дар давраи салтанати Амир Насрулло яке аз хидматчиёни давлатӣ буд.
Баъди се бор сафараш ба Санкт Петербург ӯ хостори ислоҳот дар умури кишвардорӣ гашт ва баъд аз рад шудани пешниҳодҳояш аз дарбор рафт.
Ӯ боқимондаи ҳаёташро барои навиштани асарҳое ба монанди «Рисола дар назми тамаддун ва таовун» сарф кард, ки ба шоҳу кишвардор тарзи дуруст идора кардани давлату халқро меомӯзонад. Наводир-ул-вақоеъ низ яке аз асарҳои маъруфи ин донишманд аст.
Эҷодиёти нависанда танҳо бо ҳамин доира маҳдуд нашуд. Минбаъд, яъне дар аввали аср 20 ҳам он сабабгори бедории гурӯҳи нисбатан зиёди зиёиёну талабагон ва ниҳоят яке аз манбаҳои ташаккулёбии ҳаракати ҷадидия гардид.
Аз ин ҷост, ки дар китобҳои дарсии мактабӣ ҳаёту эҷодиёти ӯро меомузанд ва дар Тоҷикистон чандин хиёбону мактабро ба номаш гузоштаанд.
Гуфтугӯ