Се рӯз боз нархи нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ пайдарҳам пойин меравад ва акнун нархи як бушка дар баъзе бозорҳо ба 79,82 доллар баробар шудааст. Чунин вазъ баъзе кишварҳои содиркунандаи нафтро нигарон кардааст, зеро дар сурати бештар поин рафтани нарх, будҷаи соли ояндаи онҳо ба мушкил рӯ ба рӯ хоҳад шуд.
Бори аввал дар чаҳор соли охир нархи як бушка нафт аз 80 доллар поин омадааст, дар ҳоле ки моҳи августи соли ҷорӣ нархи он 102 долларро ташкил медод. Дар мусоҳибае аз Фаридуни Хованд- таҳлилгари умури иқтисодӣ дар Пориси Фаронса пурсидам, сабаби аслии поин омадани нархи нафт чист?
Хованд: Сабаби аслӣ пайдоиши нафту гази шейл (сланцевый) дар баьзе аз кишварҳо, ба хусус дар Амрикост. Амрикоиҳо бахши аслии нафту газеро, ки ворид мекарданд, акунун аз ҳисоби нафту гази шейл ба даст меоранд. Ҳоло Амрико дар ҳоли табдил шудан ба кишвари аввали тавлидкунандаи нафту газ дар ҷаҳон аст, дар ҳоле ки Амрико кишвари аслии воридкунандаи нафти ҷаҳон буд. Ин омили авал аст.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дуввум, иқтисоди ҷаҳонӣ дар марҳилаи кунунӣ дар вазъи муносибе нест. Ба ҷуз аз Амрико ва то ҳаде Британия бақияи кишварҳои пешрафтаи санъатӣ дар минтақаи пули евро ва ҳамчунин Ҷопон ва кишварҳои навзуҳур, мисли Чин, иқтисодашон дар беҳтарин вазъият нест, барои ҳамин нафти заёд ворид намекунанд. Далели севвум ҳам вуҷуд дорад. Кишварҳое мисли Арабистони Саъудӣ тавлиди худро ба шиддат боло бурдаанд, то аз бозорҳои худ маҳрум нашаванд. Чунин амр сабаб шудааст, ки арзаи нафт ба бозорҳои ҷаҳонӣ афзоиш ёбад, дар ҳоле ки тақозо чандон зиёд нест.
Озодӣ: Ҳоло Русия ба таҳримҳои Ғарб дучор аст ва дар ин кишвар чунин фарзияе ҳам матраҳ мешавад, ки гӯё поин бурдани нархи нафт ба хотири муҷозоти Русия бошад, барои дахолаташ ба умури Украина, зеро Русия ҳам яке аз кишварҳои тавлидкунандаи нафт аст. Назари шумо дар ин бора чӣ аст?
Хованд: Ин як назария аст ва бар пояи тавтеа бино шудааст ва гӯё кишварҳои ғарбӣ ва Амрико бо ҳамдастии Арабистони Саъудӣ хостаанд, ки қимати нафтро кам кунанд ва иқтисоди Русияро аз ҳам бипошанд. Ин назария дар Русияву Венесуела ва Эрон тарафдор дорад. Вале ман ин назарияро дуруст намедонам. Чунки бо коҳиши қимати нафт, худи Амрико ҳам зарар мебинад. Амрикоиҳо замоне метавонанд нафту гази шейл тавлид кунанд, ки арзиши ҳар бушка нафт болотар аз 65-70 доллар бошад.
Озодӣ: Ба назари шумо дар оянда арзиши нафт пойинтар хоҳад рафт ё дар ҳамин сатҳ боқӣ хоҳад монд?
Хованд: Агар тиқтисоди дунё дар ҳамин сатҳ боқӣ бимонад, имкони поинтар рафтани арзиши нафт вуҷуд дорад. Вале арзиши нафт наметавонад зиёд поин равад, чунки дар Амрико шуморе аз сармоягузориҳои бузурге, ки барои нафту гази шейл анҷом гирифтааст, дигар сарфаи иқтисодӣ нахоҳад дошт ва боиси таътил хоҳад шуд. Ба ҳамин сабаб ба фикри ман талош хоҳанд кард, ки аз коҳиши беш аз ҳади қимати нафт ҷилавгирӣ шавад.
Озодӣ: Бисёре аз кишварҳо бо назардошти 80 доллар нархи нафт будҷаи соли ояндаи худро танзим карданд. Агар нарх поинтар равад, онҳо будҷаи худро бознигарӣ хоҳанд кард?
Хованд: Бидуни шак. Агар қимати нафт аз ин ҳам поин равад, хеле аз кишварҳои содиркунандаи нафт дучори мушкил хоҳанд шуд. Масалан, Эрон барои соли ҷорӣ будҷаи худро бо назардошти 100 доллар нархи як бушка нафт танзим кард. Дирӯз Ҳасан Рӯҳонӣ -раисиҷумҳури Эрон гуфт, ки даромади арзии кишвараш 30 дарсад коҳиш пайдо кардааст ва ин табъан рӯи будҷа таъсир мегузорад. Баъзе аз кишварҳвои дигар, мисли Русия ба хусус, бо мушкилоти зиёде рӯ ба рӯ хоҳанд шуд. Вале кишварҳои сарватманди араб, мисли Арабистони Саъудӣ ва дигар кишварҳо дар минтақаи Халиҷи Форс манобеи зиёди арзӣ дар сандуқҳои бонкии худашон доранд ва инҳо метавонанд муддати зиёде дар муқобили суқути нархи нафт муқовимат кунанд.