Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нафт арзон шуд. Бензин кай арзон мешавад?


Коҳиши нархи нафт аз нигоҳи рассоми танзнавис Сергей Елкин
Коҳиши нархи нафт аз нигоҳи рассоми танзнавис Сергей Елкин

Дар 4 моҳи охир 20 дарсад коҳиш ёфтани қимати нафт ва ба 83 доллар барои як бушка нафти навъи Brent расидани нари ин маводи сӯхт кишварҳои тавлидкунандаи нафтро ғамгин, вале кишварҳои истеъмолкунанда, аз ҷумла Тоҷикистонро хушҳол кардааст.

Нархи нафт аз моҳи июн то имрӯз 20 дар сад коҳиш ёфтааст. Коршиносону мутахассисон мегӯянд, ба назар мерасад, ки кишварҳои олам аз бензин ба истилоҳ “сер” шуданд, зеро нархи бензини навъи Brent аз 110 доллар барои як бушка дар чаҳор моҳи пеш то 83 доллар барои як бушка дар моҳи октябр пойин рафт. Гуфта мешавад, ки коҳиши нархи нафт ду сабаб дорад:

Яке, афзоиши тавлиди нафти шелл ё ёмасангӣ дар Амрико – ин кишвар тайи се соли охир истихроҷи шабонарӯзии ин навъи нафтро як миллион бушка боло бурд ва ба бузургтарин тавлидкунандаи нафти хом дар дунё табдил шуд.

Сабаби дуввум, аз нигоҳи коршиносон, коҳиш ёфтани талабот ба нафт, аз ҷумла, дар Аврупост.

Мутахассисон мегӯянд, коҳиши нархи нафт барои кишварҳои тавлидкунандаи маводи сӯхт, аз ҷумла, Русияву Эрон, ки буҷаашон пойбанди содироти нафт аст, паёмадҳои сангини иқтисодӣ хоҳад дошт. Алексей Кудрин, собиқ вазири молияи Русия, мегӯяд, ки пойин рафтани нарқи нафт дар кӯтоҳмуддат ба иқтисодиёт зарбаи ҷонкоҳ хоҳад зад.

Киштии нафт дар Бандар-Аббоси Эрон
Киштии нафт дар Бандар-Аббоси Эрон

Вазири феълии молияи Русия Антон Силуанов ҳафтаи гузашта гуфта буд, ки бар асари таҳримҳои байнулмилалӣ ва коҳиши нархи нафт Маскав маҷбур хоҳад шуд, ки тайи шаш соли оянда аз ироаи 576 миллиард доллари иловагӣ барои бахши мудофиа сарфи назар кунад. Ҳамчунин маълум нест, Маскав бонкҳову ширкатҳои давлатии худро, ки аз бозори молияи Ғарб канда шудаанд, бо сармояи зарурӣ таъмин кунад. Аз пойин рафтани қимати нафт Эрон ҳам осеб хоҳад дид, зеро эътидоли буҷаи кишвар ба 140 доллар барои як бушка будани нархи “тиллои сиёҳ” бастагӣ дорад.

Аз ин вазъ Арабистони Саъудӣ ҳам каме нигарон шудааст, зеро барои дар сатҳи мӯътадил нигаҳ доштани буҷа бояд қимати як бушка нафат дар бозори ҷаҳонӣ на пойинтар аз 80 доллар бошад.

Аммо коҳиши қимати нафт ба кишварҳои аз ҷиҳати энержӣ ғании Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, Қазоқистон чӣ таъсир хоҳад дошт?

Олжас Худойберганов, мушовири раиси Бонки Марказии Қазоқистон рӯзи 16 октябр дар саҳифааш дар Фейсбук навишт, ки ҳатто то 60 доллар барои як бушка коҳиш ёфтани қимати нафт вазъи иқтисодии кишварро ба мушкил мувоҷеҳ нахоҳад кард.

Магбат Спанов
Магбат Спанов

Иқтисоддони маъруфи қазоқ, профессори Донишгоҳи тиҷорати байналмилалӣ Магбат Спанов дар сӯҳбат бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ тайид кард, ки дар кӯтоҳмуддат ин гуна пойнрафти қимати нафт таҳдиде барои иқтисоди Қазоқистон надорад аммо дар дарозмуддат он метавонад барои ҳукумати Остона дарди сари зиёд эҷод кунад. Магбат Спанов дар шарҳи изҳороти Олжас Худойберганов мегӯяд:

Магбат Спанов: Ман фикр мекунам, ки ин гуфтаҳо дуруст аст, зеро даромад аз нафт дар Қазоқистон ба таври мустақим ба буҷа намеравад. Ба буҷа фақат андоз аз маоши кормандони корхонаҳои нафтӣ ворид мешавад. Дар Қазоқистон ҳама фойида аз бахшҳои нафту газ ва металлургияи кӯҳӣ ба ҳисобҳои Бунёди миллии нафт интиқол меёбанд ва ин Бунёд бар пояи қонун, новобаста ба қимати нафт дар бозори ҷаҳонӣ, бояд ҳамасола ба буҷа 8 миллиард доллар ворид кунад. Бо назардошти он ки дар Бунёди миллии нафт ҳамроҳ бо маблағи Хазинаи тиллову асъори Бонки миллӣ дар маҷмӯъ беш аз 100 миллиард доллар нигаҳ дошта мешавад, давлат метавонад муддати тулонӣ сармояи Бунёди милли нафтро ба буҷаи кишвар интиқол диҳад.

Озодӣ: Аммо ҷаноби Спанов, шояд коҳиши қимати нафт барои кишварҳои Осиёи Марказӣ нафъе ҳам дошта бошад, бигирем, боиси коҳиш ёфтани қимати бензин шавад?

Магбат Спанов: Не. Бубинед, мутаассифона, дар кишварҳои минтақаи мо қимати нафт камтар марбути иқтисод ва бештар олудаи сиёсат аст. Бигирем, вақте, ки қимати бензин боло рафт, бисёр ширкатҳои нафтрасони мо онро бо болоравии қимати нафт рабт доданд, аммо вақте, ки қимати нафт мекаловид ё коҳиш меёфт, ҳеҷ гоҳ бензин арзонтар намешуд. Аз сӯи дигар, қимати бензинро дар Осиёи Марказӣ фурӯшандагони маводи сӯхти Русия муқаррар мекунанд. Бигирем, имрӯз қимати бензин дар Қазоқистон назар ба Русия 30 дарсад пойинтар аст, вале мебинем, ки тамоюл сӯи афзоиши нархи бензин аст.

XS
SM
MD
LG