Қосим Қосимов, вакили дифоъи Муҳибулло Саъдуллоев, додарарӯси раисиҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 13 ноябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки “тақсимоти бозор тавассути ҳайати кумиссиюни тақсимоти бозор бо ширкати иҷрочиёни додгоҳи иқтисодии вилояти Хатлон ва дар чорчӯби ҳалномаи Додгоҳии олии иқтисодии Тоҷикистон аз 14 майи соли ҷорӣ байни соҳибкорон Холназар Достиев ва Бурҳон Абдуллоев ҷараён дорад.”
Ба гуфтаи ҷаноби Қосимов, алакай “мошинбозор” ва “молбозор” аз сӯи ин комиссиюн ба ҳар ду соҳибкор тақсим карда шуд ва ҳоло тақсимот дар бозори умумии “Ином” ҷараён дорад. Ҷаноби Қосимов, ки ба унвони намояндаи тарафи Холназар Достиев дар ин тақсимот ширкат дорад, мегӯяд, ин тақсимот ба фаъолияти соҳибкорон халале намерасонад ва соҳибкорон низ роҳат пайи кори худ ҳастанд.
Дар ҳамин ҳол, соҳибкор Санавбар Абдуллоева, раиси бозори “Ином” ва хонуми Бурҳон Абдуллоев, дар як сӯҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ дар мавриди ин тақсимот изҳори нигаронӣ кард ва гуфт, ки “инҳо ҳақ надоранд, ки бозорро тақсим кунанд, чунки Наим Мансурзода, раиси Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон ба ман санадеро додааст, ки набояд тақсимоти бозор сурат бигирад. “
Санавбар Абдуллоева, гуфт, кумиссиюни тақсимот, ки дар ҳайати он кормандони пулис низ ҳастанд, нагузоштанд, то раванди тақсимот аз ҷониби онҳо ба навор гирифта шавад ва Ином Абдуллоев, писари ӯро лату кӯб карда ва ба шӯъба бурдаанд.
Хонум Абдуллоева гуфт, ки соҳибкорон аз тақсимоти бозор эътироз кардаанд. Вале Қосим Қлсимов, вакили дифои Холназар Достиев мегӯяд, вазъ дар бозор ором аст, ягон эътирозе нест ва соҳибкорон низ ба кору бори худ машғул ҳастанд.
Баҳси байни хонаводаи Абдуллоевҳо ва додарарӯси президент Муҳибулло Саъдуллоев ва шарики тиҷории ӯ Холназар Достиев бар сари ҳаққи моликият бар бозори “Ином” дар маркази ноҳияи Шаҳритӯс чанд сол боз идома дорад. Дар моҳи майи соли равон Додгоҳи олии иқтисодӣ қарор кард, ки ин бозор байни тарафҳо баробар – 50 ба 50 тақсим карда шавад. Додгоҳ ин нуктаро далел овард, ки гӯё Абдуллоевҳо 4 сол пеш нисфи бозорро ба Саъдуллоев ва Достиев тӯҳфа кардаанд. Абдуллоевҳо инро рад мекунанд.
Дар тобистони имсол Санавбар Абдуллоева монеъи талоши якуми иҷрочиёни додгоҳ барои тақсими бозор шуд. Навори он тақсимот дар Интернет нашр шуд ва сарусадои зиёде ба по кард. Ба дунбол, додгоҳи маҳаллӣ Санавбар Абдуллоеваро барои мамониат ба кори иҷрочиён 120 сомонӣ ҷарима баст.