Қосим Қосимов, вакили дифои Муҳибуллоҳ Саъдуллоев - додарарӯси президенти Тоҷикистон гуфт, ки аз мӯҳтавои номаи Санавбар Абдуллоева, яке аз моликони бозори "Ином"-и воқеъ дар маркази ноҳияи Шаҳритӯс ба унвони ҳамсари президент Азизамоҳ Раҳмонова ҳанӯз хабар надорад, аммо таъкид кард, ки беҳтар мебуд, агар ин хонум ба додгоҳ муроҷиат намояд.
Қосим Қосимов рӯзи 28 октябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳарчанд хонум Абдуллоева ҳамчун шаҳрванд ҳаққ дорад ба ҳар куҷое нома бинависад, аммо дар масъалаи баҳси додгоҳии бозори "Ином" ӯ бояд ба қонун эҳтиром бигузорад ва баҳсашро бо роҳҳои қонунӣ, яъне аз тариқи додгоҳҳо ҳаллуфасл кунад, на тавассути номанависӣ ва истифода аз минбари матбуот.
Ба гуфтаи ӯ, баҳси бозори "Ином"-и ноҳияи Шаҳритусро Додгоҳи олии иқтисодӣ бар асоси қонун ҳал кардааст ва ҳама арзу шикоятҳои баъдӣ ҳам бояд дар чаҳорчӯби қонун ҳаллу фасл шаванд.
Санавбар Абдуллоева, раиси бозори "Ином"-и ноҳияи Шаҳритӯс дар номае саркушода ба унвони Азизамоҳ Раҳмонова - ҳамсари раисиҷумҳури Тоҷикистон хостори мусоидат дар ҳалли мушкилоти ин бозор шудааст. Ӯ рӯзи 28 октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, баъди он ки даҳҳо номаҳои фиристодааш ба дасти президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нарасид, тасмим гирифт бо як номаи саркушода аз тариқи матбуот ба ҳамсари президент Азизамоҳ Раҳмонова, ки апаи Муҳибулло Саъдуллоев - рақиби ӯ дар баҳсҳо бар сари саҳмияҳоин бозор - мебошад, муроҷиат намояд. Вай мегӯяд, далели аз тариқи матбуот муроҷиат карданаш ин аст, ки бовар надорад, ки бо роҳҳои дигар арзи ӯ ба самъи бону аввали кишвар расонда хоҳад шуд.
Санавбар Абдуллоева, шавҳари ӯ Бурҳон Абдуллоев ва писари онҳо Ином чанд сол боз бо Муҳибулло Саъдуллоев ва шарики ӯ Холназар Достиев бар сари саҳмияҳои бозори "Ином" даъво доранд. Саъдуллоев ва Достиев мегӯянд, ки гӯё 50 дарсади саҳмияҳои ин бозорро аз Абдуллоевҳо тӯҳфа гирифтаанд. Абдуллоевҳо инро рад мекунанд.
Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон дар моҳи майи соли равон қарор кард, ки саҳмияҳои бозори "Ином" байни Абдуллоеваҳо аз як тараф ва Достиеву Саъдуллоев аз тарафи дигар 50 ба 50 тақсим карда шавад. Абдуллоевҳо чунин тақсимотро ноодилона меноманд.
Номаи Санавбар Абдуллоева ба Азизамоҳ Раҳмонова аз нахустин мавридҳои муроҷиати мустақим ва он ҳам аз тариқи номаи саркушода тавассути матбуот ба бонуи аввали Тоҷикистон дар робита ба рафтори хешовандони ӯст.
Матни худи номаро инҷо пурра меорем:
Мо ҳама хуб медонем, ки шавҳари Шумо - Президенти мамлакат Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон, барои кишвари мо - Тоҷикистони азиз чӣ қадар хизмат кардааст. Нодида гирифтани ин ҳақиқат ношукрї аст. Шурӯъ аз раҳонидани ҷумҳурӣ аз вартаи ҳалокат дар ҷанги гражданӣ, то роҳсозиҳову нақбсозӣ ва барпойдории соҳаи маорифи вайрону валангор ва тандурустии футуррафта. Гӯё, ки шавҳари Шумо ва Президенти моро Худованд барои ҳамин вазифа дар вақти муайян дар вазифаи муайян барои ҳалқи мо интихоб кард.
Одамони рамӯзфаҳм инро ҳам мефаҳманд, ки саҳми Шумо - янгаи гиромӣ, бонуи аввали Тоҷикистон ҳам, дар ин ҳама муваффақиятҳои Ҷаноби Олӣ ҳаст. Баъди ин ҳама талошу пайкор ва заҳмату ташвиши як миллату як кишвар Шумо будед, ки бегоҳ ҳамсари худро бо табассум пешвоз мегирифтед ва бо меҳрубониҳои худ, мисли ҳар зани мусалмон, хастагиашро берун меовардед ва рӯзи дигар бо қувваи нав назди мардум гуселаш мекардед. Ин корҳо хизмат ба Ватан ҳам ҳаст. Ман ва онҳое, ки мисли ман фикр мекунанд, аз Шумо, янгаи азиз, барои ҳама пешрафтҳои Тоҷикистон миннатдорем. Худо шоҳид аст, ки инро аз таҳи дил, самимӣ мегӯям.
Барои чӣ ба Шумо менависам? Масъалае, ки дар борааш ба Шумо муроҷат мекунам, кори мақомоти масъул ва ашхоси мансабдор аст, аммо ҳеҷ яке аз онҳо бо сари баланд ҳақиқатро нагуфту ҳақ кор накард. Не, мегӯянд, ки “шумо ҳақ ҳастед...”, аммо паст ва илова мекунанд, ки “хайр аз дасти мо чӣ меояд”. Янгаи азиз, ман маҷбур шудаам, ки ба Шумо муроҷиат кунам, хеле маҷбур шудаам. Агар Шумо ҳамчун зан – модар маро нафаҳмед, касе маро нафаҳмид. Ба Худо, ман дигар намедонам ба куҷо муроҷиат кунам.
Апаи азиз, ба гумонам, тамоми мардуми Тоҷиикистону ҳатто берун аз он аз мушкили ман хабар доранд. Ман Санавбар Абдуллоева, аз Шаҳритус, ҳамсари ҳамон тоҷире ҳастам, ки бо бародари Шумо – Муҳбуллоҳ Саъдуллоев баҳсҳои судӣ дошту дорад. Бовар дорам, Шумо хабар надоред, ки бародаратон Муҳибуллоҳ бозори шавҳарам - ягона василаи рӯзгузаронии мову фарзандонамонро кашида гирифтанӣ аст.
Янгаи азиз, ин бозорро ману шавҳарам ҳама дороиамонро фурӯхта, дар гӯшаи вайронае обод кардем. Ман зани шаҳрӣ, тарки Душанбе кардаву панҷ писарам гастарбайтер нашавад гуфта соли 2006 ба Шаҳритус рафтам. Бо ҳамин дастонам хишт мекашонидаму барои 70-80 одам ғизо мепухтам...Рӯзҳое ҳам буданд, ки бо фарзандони хурдсолам таги селофан хоб мерафтем, то корхонаамон обод шавад... Бурдаи нони фарзандонамонро нисф карда, қарзу қавола карда, бо азоби зиёд корхонаву бозор сохтем, ки якҷо бо писаронам роҳаташро бинем, аммо, мутаассифона, бародари Шумо ҳама осоиши зиндагии моро барҳам зад… Акнун ман як зани хонагии тоҷик маҷбурам дар ба дари суду прокуратура гардам, миёни мансабдорону адвокатҳову журналистон додхоҳе кобам...
Бародаратон аз мо солҳои сол ҳақ мепурсид, ба ӯ медодем, зеро шавҳарам фикр мекард, ки шарти соҳибкорӣ дар ин ноҳия ҳамин аст. Ҳисоби ин пулҳоро Худо надонад, шавҳараму Муҳибуллоҳ намедонанд. Соли 2011 бозоре, ки бо сад ҳавасу орзу ба номи писарам “Ином” ном мондем, бо кадом иллате сӯхту чанд муддат ҳаққи ӯро дода натавонистем, Муҳибуллоҳ ғазаб карду моро ба миқдори 100 ҳазор сомонӣ ҷарима ё ба истилоҳ, «иск» баст. Ин маблағро ҳам бо мушкилоти зиёд ёфта ба ӯ додем. Гумон кардем, баъди ин моро ба ҳоли худ мемонад. Аммо атрофи ӯ Қорӣ Нусрату Шайх Муҳаммадҷону Абдулазиз гуфтанӣ одамони тасодуфӣ пайдо шуданду боз маблағҳои ҳангуфти дигар аз мо талаб кард. Билохира, рӯзе гуфт, ки тамоми бозорро ба ӯ диҳем. Не гуфтему дар бало мондем.
Апаи муҳтарам, зиёда аз 3 сол мешавад, ки додаратон бо мо, он ҳам барои моли худи мо, даст ба гиребон аст. Ман барои додхоҳӣ ба ҳама мақомотҳои дахлдор муроҷиат кардам. На суд ва на прокурор ба додамон нарасиданд. Ба хотири хеши Ҷаноби Олӣ, яъне бародари Шумо будан, ҳама парвандаҳоро ба фоидаи Муҳибуллоҳ ҳал мекунанд. Бо аризаҳои додаратону машваратчиёни худхоҳу бевиҷдонаш алайҳи шавҳарам Абдуллоев Бурҳон 18 (!) парвандаи ҷиноятӣ боз шуд. Ин парвандаҳо он қадар беасос буданд, ки касе аз прокурорҳо ва кормандони Агентии мубориза зидди коррупсия нахостанд дар ин парвандаҳои беисботу дурӯғ саҳм гиранд. Ман ба хулосае омадам, ки заҳматҳои Президенти мамлакат тамоман барбод нарафтаанд. Давлат ва адолат дар кадом шакле, ки набошад бо андозааш вуҷуд дораду Худованд пуштибони халқаш аст.
Янгаи азиз, ба мулоқоти Президент дар Шаҳритус маро нагузоштанд, ки ворид шавам. Ман натавонистам арзамро ба худи он кас бирасонам. Додаратон тариқи шиносҳояш дар мақомот ҳама роҳҳоро ба сӯи Президент-кафили ҳуқуқу озодиҳоям ба рӯям баст. Хостам аризаамро ба дасташон супорам, аммо гирди хонаамро кормандони милиса иҳота карда, намонданд, то ба вохурӣ равам. Чун исрор кардам, маро маҷбур ба мошин шинонда, ба ШВКД бурданду бе ҳич асосе наздики се соат нигоҳ доштанд. Ҳол он ки ман соҳибкорзане ҳастам, ки барои беш аз 1000 одам ҷойи корӣ офаридааму хеҷ хатаре ба ҷамъият надорам.
Дар натиҷа, ин ҳама ноадолатӣ ва зулму истибдод алайҳи ман, янгаи азиз, аз бародари Шумо – Муҳибуллоҳ боқӣ монд ва байни мардум достони хеле ҳузнангез шуд. Мардуми ноогоҳ ин ҳама ноадолатиро марбут ба Шумову Президенти мамлакат медонанд, ки ман бо онҳо розӣ шуда наметавонам. Ин ҳамагӣ як шаҳрванди Тоҷикистон аст, ки ба мо зулм мекунад ва машваратчиёнаш ҳастанд, ки аз камтаҷрибагии ӯ истифода бурда, номи Шумову шавҳари меҳрубонатонро сиёҳ карданӣ мешаванд. Янгаи азиз, магар як бозор ё ҳатто даҳ бозор меарзад, ки номи поки Шумо ва шавҳари бузургворатонро доғдор кунад? Ба гумонам, ин ҳама ашёи рӯзгор асту хеле поинтар аз манзалати Шумо!
Магар Ҷаноби Олӣ барои ҳамин ҷумҳуриро аз вартаи ҳалокат раҳонид, ки имрӯз аз номи ӯ ва бар зидди хоҳиши ӯ ба раъият зулм кунанд?
Апаи азиз, маро зӯр омад, ки ба Шумо муроҷиат кунам, зеро касе ба доди ман расидан намехоҳад ва ба назар мерасад, ки ин ҷо дахолати Шумо ё Ҷаноби Олӣ зарур аст. Шунидам, ки пеш аз сафари Ҷаноби Олӣ ба Хатлон Шумо ҳам ба вилоят сафар доштед. Хеле мехостам дар ҳузури шумо бошаму арзи худро расонам.
Руст намекунам, ки гурӯҳҳои бадхоҳи хориҷӣ ҳам чанд бор хостанд моро барои пиёда гардонидани ғаразҳои худ истифода баранд, аммо розӣ нашудем. Агар бозори мо, ризқу рӯзии мо барои тинҷиву оромии Тоҷикистон зарур бошад, аз баҳраш мегузарем. Баъди ин ҳама ноадолатӣ ману панҷ писарам ба Ватан, Президенти худ ва Шумо янгаи меҳрубон, содиқем!
Ман ҳамчун як модари мазлум ба Шумо янгаи бузургворам муроҷиат мекунам, ки садди роҳи бародари хурдии худ шавед, то аз ин беш ба мо зулм накунад. Гумон дорам, ҳоло шумо барои Муҳибулло ба ҷои модар ҳастед аз ин лиҳоз, ба гапатон гӯш медиҳад. Мо аз Шумо ба ҷуз адолат чизе дигар талаб надорем. Биёед, мо ду модар ин ҳама зулму ноадолатиро барҳам занем, то беш аз ин ба обрӯи оламшумули Ҷаноби Олӣ ва шавҳари Шумо латма ворид нашавад. Аз Шумо илтимос мекунем ба додаратон фаҳмонед, ки моро ба ҳоли худ гузорад. Шукр кунад, ки тиҷорату даромадҳо дорад, моро аз як дороии худ маҳрум насозад. Бигзорад, ки мо ҳам озод нафас кашему дами осоишта занем. Моли кас ба одам на обрӯ медиҳаду на баракат.
Апаи азиз, инак, дасти ману домони поку боиффати Шумо! Аз барои Худо ва ба хотири нарехтани обрӯи шавҳаратон дар қазияи мо адолатро барқарор кунед, то мову фарзандонамон то ҳастем, Шуморо мисли модари худ эҳтиром кунем.
Охирин умедам Худованд аст, аммо ба ӯ муроҷиат накардам, чунки медонам, ки қаҳри он Қаҳҳор беандоза шадид аст. Ман бошам, мисли Шумо модарам ва синаи раҳм дорам. Маро бубахшед, ки ин номаро тариқи матбуот ба шумо равон кардам, зеро бовар надорам, ки ба тарзи дигар он ба шумо расад.
Худованд нигаҳбони Тоҷикистону мардумони адолатпарвараш бошад!
Санавбар Абдуллоева, ноҳияи Шаҳритӯс