Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

2 ВИДЕО: Шикояти додарарӯси президент аз оилаи Абдуллоевҳо


Муҳибулло Саъдуллоев
Муҳибулло Саъдуллоев

Намояндаи Муҳибулло Саъдуллоев ва Холназар Достиев ҳамроҳ бо судиҷрочии Додгоҳи иқтисодӣ аз оилаи Абдуллоевҳо ба додситонии ноҳияи Шаҳритӯс шикоят бурдаанд.

Дар ҳоле, ки талоши мақомоти давлатӣ дар амри 50 ба 50 тақсим кардани бозори «Ином»-и Шаҳритӯс рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта ба нокомӣ анҷом ёфт, намояндагони Муҳибулло Саъдуллоев ва Холназар Достиев ҳамроҳ бо судиҷрочии Додгоҳи иқтисодӣ аз оилаи Абдуллоевҳо ба додситонии ин ноҳияи вилояти Хатлон шикоят бурдаанд.

Қосимҷон Қосимов, вакили дифое, ки дар баҳси додгоҳӣ барои гирифтани 50 фисади бозори “Инъоми” Шаҳритус аз Холназар Достиев ва Муҳибулло Саъдуллоев - додарарӯси президенти Тоҷикистон намояндагӣ мекунад, мегӯяд, Санавбар Абдуллоева ва писараш бо таҳқиру тавҳин ба иҷрои қарори Додгоҳи олии иқтисодӣ мамониат кардаанд.

Қосимҷон Қосимов, ки барои гуфтани назари ҷониби дигар ба дафтари Радиои Озодӣ омада буд, гуфт: “Мо бар асоси санаду қонун ва ҳалномаи суд соҳиби 50 дар сади бозор шудаем, аммо хонаводаи Абдуллоевҳо бо роҳи иғво аз тақсими саҳми ҷониби мо ҷилавгирӣ мекунад. Моро ва намояндагони ҳукумату судро тақиру таҳдид мекунанд. Ҷониби мо боре аз номи президенти кишвар истифода намекунанд, аммо онҳо номи президентро шиор карда, монеи иҷрои қонун мешаванд. Дар наворҳое, ки онҳо паҳн кардаанд, дида мешавад, ки на мо, балки худи онҳо аз номи президент сӯистифода мекунанд."

Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон қаблан саҳмияҳои ширкати «Ином», ихтиёрдори ин бозорро миёни ду нафар - Бурҳон Абдуллоев ва Холназар Достиев тақсим карда буд. Ба манзури иҷрои ин ҳукм, рӯзи 5 сентябр ҳайате аз намояндагони додгоҳ, кумитаи андоз, милиса ва ҳукумати ноҳияи Шаҳритӯс бо иттифоқи Муҳибулло Саъдуллоев --- додарарӯси президенти Тоҷикистон ва бародари хурдии раиси «Ориёнбонк» - Ҳасан Асадуллоҳзода, ки шарики тиҷоратии Холназар Достиев муаррифӣ мешавад, ба бозор омад, аммо ба муқовимати соҳибмулки дигар дучор шуд.

Дар навори видеоие, ки ба дасти «Озодӣ» расид ва ба гумони ғолиб, аз сӯи нафарони оилаи Абдуллоев сабт шудааст, баҳси тезутунди беш аз яксоатаро метавон мушоҳида кард. Дар он мақомоти давлатӣ мехоҳанд бозорро тақсим кунанд, аммо соҳибмулки дигар ин иҷозаро намедиҳад.

Рӯзи 14 майи соли равон Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон ҳукм бароварда буд, ки ин бозор миёни Бурҳон Абдуллоев ва Холназар Достиев 50 ба 50 тақсим шавад. Ин бозор соли 2006 ташкил шуда, бино ба санадҳои расмӣ, саҳмияҳояш ба Бурҳон Абдуллоев (20%), ҳамсараш Санавбар Абдуллоева (60%) ва писараш Ином Абдуллоев (20%) тааллуқ дошт. Дар асноди расмие, ки ба «Озодӣ» аз ҷониби онҳо пешниҳод шуд, ҷое аз соҳибмулкии Холназар Достиев ва Муҳибулло Саъдуллоев ба бозори «Ином» зикр намешавад.

Санавбар Абдуллоева
Санавбар Абдуллоева

Замоне, ки Додгоҳи олии иқтисодӣ саҳмияҳои бозорро тақсим шуд, Қосим Қосимов, вакили дифои онҳо ба расонаҳо гуфт, ки 50 дарсадро нафарони таҳти ҳимояташ «ҳадя» гирифтанд. Аммо чаро оилаи Абдуллоевҳо ба иҷрои ҳукми додгоҳ монеа эҷод кард?

Вакили дифои онҳо мегӯяд, бозор то ба ҳол қонунӣ ба оилаи Абдуллоевҳо дорад, зеро саҳмияҳои онҳо бекор нашудаанд ва барои он, ки ҳукми додгоҳро иҷро кунанд, бояд саҳмияҳои навро вазорати молияи Тоҷикистон тасдиқ намояд. Бузургмеҳр Ёров гуфт, Додгоҳи олии иқтисодӣ 11 август дар пайи шикояти Абдуллоевҳо хулоса дод, ки ҳалномаи тақсими 50 ба 50 аз 14 май камбудӣ дорад ва иҷро кардани он дуруст нест:

«Барои иҷро кардани ҳалномаи додгоҳӣ тарафҳо бояд боз ба додгоҳ муроҷиат кунанд. Мушаххас кунанд, ки масалан, қисмати рости бозорро ман мегирам, қисмати дигарашро вай. Моддаи 301 – 302 –

Бузургмеҳр Ёров, вакили дифоъ
Бузургмеҳр Ёров, вакили дифоъ

Кодекси гражданӣ мегӯяд, ки агар дар масъалаи тақсими амвол баҳс ба вуҷуд ояд, тарафҳо бояд ба суд муроҷиат кунанд. Имрӯз мебинем, ки иҷрочиёни суд, Муҳибулло Саъдуллоев ва кормандони ҳукумат ваколати додгоҳро аз худ кунанд, яъне суд муқаррар накардааст, ки кадом амвол ба кӣ бояд тааллуқ гирад, аммо инҳо мехоҳанд ба сари худ ин корро кунанд. Ин баромадан аз ҳадди ваколатҳои хизматӣ ва беҳурматӣ ба адолати судӣ аст.»

Дар ҳамин ҳол, Қосим Қосимов, вакили дифои Холназар Достиев ва Муҳибулло Саъдуллоев мегӯяд, шаҳодатномаҳои соҳибмулкии оилаи Абдуллоевро додгоҳ бекор кардааст ва Холназар Муҳаббатов аллакай ин шаҳодатномаро барои 50 дарсади бозор дорад. Оилаи Абдуллоевҳо бар ин аст, ки ин бозорро Муҳибулло Саъдуллоев, додарарӯси Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ва бародари раиси «Ориёнбонк» - Ҳасан Асадуллоҳзода бо истифода аз мақомаш мехоҳад аз худ кунад. Ҷониби муқобил ин даъворо рад карда, мегӯяд, аз оғоз ин бозор ба Муҳибулло Саъдуллоев тааллуқ дошт.

Баҳси бозори «Ином» ду сол ба ин сӯ идома дорад ва то ба ҳол 10 парванда дар ин маврид баррасӣ шудааст. Дар ҳоли ба додситонӣ муроҷиат кардани иҷрочиёни суд, баҳси бозори «Ином» ба як парвандаи дигар мекӯчад.

XS
SM
MD
LG