Дар шаҳру навоҳии Хатлон бо садо додани азон шумори зиёди ҷавононе ба сӯи масҷидҳо роҳ мегиранд. Мавҷи онҳо андешаеро ба миён овардааст, ки аҳолӣ бештару бештар мазҳабӣ мешавад. Аммо ҳанӯз даҳҳо нафари дигаре ҳам ҳаст, ки қаноати равонии худро дар маю шароб меҷӯянд. Агар чанд сол пеш одамон кӯшиш мекарданд, майнӯшӣ ва сархушии онҳоро касе набинад, ҳоло афроди зиёде дида мешаванд, ки дар ғояти сармастӣ арбадаҷӯӣ мекуунанд ё дар кӯча аз пой афтода, то ҳушёр шуданашон дар мазҳари ом мехобанд.
Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон мегӯяд, дар 9 моҳи соли ҷорӣ дар ин вилоят 120 нафарро дар ҳолати мастӣ ҳушдор додааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 80 маврид, ё 3 маротиба бештар аст.
Як намояндаи ин ниҳод, ки нахост аз ӯ ном бурда шавад, мегӯяд, шумораи майзадаҳо ва мавридҳои моҷароҷӯии онҳо ба андозае зиёд шудааст, ки вилоят ба як “ҳушёрхонаи тиббӣ” ниёз дорад: “Агар барои афроде, ки маст мешаванд, ҳушёрхона бошад, хуб мешавад, ки то ҳушёр шудан онҷо нигоҳ дошта шаванд. Аммо ҳоло ин гуна шароит нест. Дар замони Шӯравӣ дар шаҳри Кӯлоб як ҳушёрхона буд, вале ҳоло ягонто нест.”
Дар ҳамин ҳол, дар маркази бемориҳои нашъамандии вилояти Хатлон низ мегӯянд, ки дар вилоят бояд маркази махсусе барои нигоҳдории майзадаҳо таъсис дода шавад, чун афроди маст даст ба ҷиноятҳо мезананд ё дар беҳтарин ҳолат дар роҳ меафтанду мехобанд ва “ба ҳусни шаҳр зарба мезананд.”
Ба гуфтаи мардум ва ҷомиашиносон, беш аз ҳама нафароне рӯ ба шароб меоранд ва пайваста маст мегарданд, ки зиндагии фақирона доранд ва ба гуфти худашон, барои лаҳзае фаромӯш кардани мушкилоти зиндагӣ дари майхонаро мекӯбанд.
Рустам, як шаробфурӯш аз ноҳияи Панҷ ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳарчанд муштариёнаш асосан мардуми камбизоатанд, дар миёни онҳо мансабдорон низ ҳастанд, ки дар рӯзҳои истироҳат ва гӯё “барои ҳифзи саломатӣ” шароб менӯшанд. Аммо аксари афроде, ки пушти дари дӯкони ӯ ҷамъ меоянд, ба шахсони сердаромад монанд нестанд ва бархе аз онҳо ҳатто хоҳиш мекунанд, ки шаробро барояшон қарз бирезанд. Рустам мегӯяд, ки баъди афзоиши шумори шаробнӯшон дар ноҳияи Панҷ барои онҳое, ки “тасфи дилашон”-ро дар дарёи шароб хунук кардан мехоҳанд, як дӯкони хурди шароб боз кардааст: “Муштариёни ман камбағалу талбандаву ятим ё афродеанд, ки зан надоран, ҷои кор надорад, ки меоянду менӯшанд. Шаробнӯшҳо зиёд шудаанд. Ҳозир талабот зиёд шудааст ба ин чиз.”
Мастии ин шаҳрвандон барои хонаводаи онҳо низ дарди сар меорад. Инобат, сокини шаҳри Қӯрғонтеппа, модари се фарзанд ва шахсе аз хонаводаи суннатӣ, мегӯяд, аз майзадагӣ ва хархашаҳои шавҳараш ба танг омад ва ӯро маҷбур кард, ба Русия ба муҳоҷират равад, то шояд онҷо тарки шароб кунад: “Шавҳарам барои коркунӣ баромада мерафт, вале шаб маст ба хона бар мегашт, ки дар пойҳояш рост истода наметавонист. Маро лату кӯб мекард ва агар кӯдаконамон нон мегуфтанд, дод мезад, ки аз ин кораш мо хаста мешудем. Иллати ҳамаи ин шаробнӯшии ӯст, ки гоҳо вақте дарро ба рӯяш мебастам, сангборонамон мекард.”
Идораи “Тоҷикстандарт”-и вилояти Хатлон мегӯяд, дар чанд соли охир дар ҳама шаҳру навоҳии ин вилоят дӯконҳои фурӯши маводҳои спиртӣ боз шуда, навъҳои гуногуни шаробро ба фурӯш мегузоранд. Дар баъзе аз рустоҳо сокинон ба таври пинҳонӣ шароби дастӣ низ ба савдо гузоштаанд.