Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бадмастиҳои зани тоҷик дар Русия


Додгоҳи ҳакамии ноҳияи Шилкинои кишвари Забайкалйеи Русия Бунафша Тоирова, як зани 32-сола аз Тоҷикистонро дар саркашӣ аз пардохти алименти фарзандонаш айбдор донист ва ба 3 солу 2 моҳи зиндон маҳкум кард.

Додгоҳи қитъаи 28-уми ноҳияи Шилкинои кишвари Забайкалйе дар минтақаи Сибири Русия зодаи Тоҷикистон Бунафша Тоироваро бар асоси моддаи 157-уми Кодекси ҷиноии Русия (саркашии батакрор аз таъмини молии фарзандон ё волидон) муҷрим шинохт ва бо иловаи ҳукми шартии қаблиаш ба 3 солу 2 моҳи зиндон маҳкум кард.

Барои саркашии пайваста аз пардохти алиментҳо тибқи ин моддаи Кодекси ҷиноии Русия то 1 сол корҳои маҷбурӣ ваё аз 3 моҳ то 1 соли зиндон ҷазо пешбинӣ шудааст, вале Бунафаша Тоирова, ба гуфтаи додситонҳо, ҳукми қаблиашро ҳанӯз адо накарда буд. Ӯро билофосила баъди қироати ҳукм ба ҳабс гирифтаанд.

Дар сомонаи додситонии кишвари Забайкалйе Бунафша Тоирова "мать-кукушка" (куку-модар) муаррифӣ шудааст. Куку паррандаест, ки дар лонаи паррандаҳои дигар тухм мегузорад ва масъулияти тарбияи фарзандонашро ҳам ба гардани он парранда бор мекунад. Дар забони русӣ ба занҳое "куку-модар" мегӯянд, ки парвои тарбияи фарзандони худро надоранд.

Додситони ноҳияи Шилкино Евгений Деринг гуфтааст, додгоҳ ҳанӯз дар августи соли 2011 сокини шаҳраки Первомайск Бунафша Тоироваро аз ҳаққи модарӣ маҳрум ва ба пардохти алименти фарзандонаш муваззаф карда буд, вале «ӯ аз моҳи феврали соли 2013 аз иҷрои ин ҳукми додгоҳ сарпечӣ мекард ва то имрӯз аз кӯдакони худаш 140 000 рубл (муодили қариб 4000 доллар) «қарздор» шудааст.»

Додситонии минтақа мегӯяд, Бунафша Тоирова барои пайдо кардани ягон ҷои кор талоше ба харҷ намедод, то қути фарзандонашро таъмин кунад. Чанд фарзанд доштани ин зан ва ба кадом далел аз ҳаққи модарӣ маҳрум шудани ӯ дар 3 соли пеш гуфта нашудааст, вале додситонӣ дар сомонааш ин зани зодаи Тоҷикистонро бо рангҳои хеле манфӣ тасвир кардааст: “Ин зан дар ҳеҷ куҷо кор намекунад, дар Маркази шуғли аҳолӣ сабтином нашудааст, ба кӯдаконаш кумаки молӣ намерасонад. Дар маҳалли зисташ ӯро характеристикаи манфӣ дода, мегӯянд, ки бадмастӣ мекунад ва бо афроди қаблан зиндонишуда равуо дорад. Ҳамсояҳо аз рафтори вай шикоят мекунанд. Болои ин ҳама, ӯ қаблан барои ҷинояти сангин маҳкум шуда, шартан аз озодӣ маҳрум шуда буд, вале ҳукми қаблиашро то ҳол адо накардааст.”

Бунафша Тоирова нахустин зани зодаи Тоҷикистон аст, ки дар Русия бо ҷурми напардохтани алименти фарзандонаш равонаи зиндон мешавад.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар минтақаи Сибир ва Шарқи дури Русия мегӯянд, дар ин паҳнои бузург аз Урал то уқёнуси Ором – тақрибан 200 -300 ҳазор тоҷикон ҳам паҳну парешон шудаанд. Ва дар миёни онҳо ҳастанд заноне, ки мисли Бунафша Тоирова ба таъбири маъруф “урусбашара” шудаву ҳуввияти тоҷикии худро дар арақу шароб ғарқ кардаанд.

Вале Ҳайдаралӣ Алиев, раҳбари ҷамъияти “Пайванд” дар вилояти бо Забайкалйе ҳаммарзи Красноярск ба Озодӣ гуфт, хушбахтона, чунин занони бадгашт ангуштшуморанд: “Дар вилояти Красноярск хушбахтона чунин занони тоҷик тамоман нестанд. Аксари занону духтароне ки инҷо меоянд, соҳиб доранд, ҳамроҳи хонаводаву шавҳарони худ меоянд. Ҳатто агар кадоме аз тоҷикҳо – чӣ мард, чӣ зан – пой ба роҳи беҷо монд, боз мо ҳастем инҷо, зуд ҳал мекунем чунин масъалаҳоро ва намегузорем ки обрӯи тоҷикҳо инҷо доғдор шавад.”

Ба гуфтаи Ҳайдаралӣ Алиев, тоҷикон дар Сибиру Шарқи дур асосан дар соҳаҳои тиҷорат, сохтмон ва коркарди чӯб кор мекунанд: ”Вале дар солҳои охир тоҷикони зиёде дар корхонаҳои мӯътабари Красноярск – КрАЗ (корхонаи мошинсозии Красноярск) ва ҳам дар корхонаи алюминсозиаш ҷои кор пайдо карданд ва бархе онҳо дар мақомҳои баланд ҳам кор мекунанд.”

Ба ҳисоби раиси ҷамъияти “Пайванд”, танҳо дар шаҳру вилояти Красноярск аз 12 то 15 000 муҳоҷири тоҷик кору зиндагӣ мекунанд. Шумори тоҷикҳо дар Забайкалйе - маҳалли зиндагӣ ва "қаҳрамонӣ"-ҳои Бунафша Тоирова, модари "куку"-и тоҷик ҳамагӣ чандсад нафар гуфта мешавад.
XS
SM
MD
LG