Панҷ муҳофизакору тундрав ва як ислоҳталаб – Номзадҳои президентӣ дар Эрон

Шаш довталаби курсии президент дар Эрон

Ба сабаби марги Иброҳим Раисӣ, раисҷумҳури муҳофизакори Эрон, ки ҳангоми афтодани чархбол ҷон бохт, рӯзи 28-уми июн дар ин кишвар интихоботи президентӣ баргузор хоҳад шуд.

Барои нишастан ба курсии холимондаи ӯ шаш нафар номзад шудаанд. Аксаран муҳофизакору тундрав ҳастанд ва бо Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ робита доранд. Онҳоро Шӯрои нигаҳбони Эрон интихоб кардааст.

МУҲАММАДБОҚИР ҚОЛИБОФ

НОМЗАДИ "ДОИМӢ"

  • 62-сола
  • Муҳофизакор
  • Раиси Маҷлис (порлумон)
  • Шаҳрдори пешини Теҳрон
  • Сардори собиқи пулиси Эрон
  • Фармондеҳи пешини нерӯҳои ҳавоии Сипоҳи посдорон

САИД ҶАЛИЛӢ

РАҲБАРИ ПАСИ ПАРДА

  • 58-сола
  • Тундрав
  • Намояндаи раҳбари олии Ҷумҳурии Исломӣ дар Шӯрои амнияти миллии Эрон
  • Собиқ музокиракунандаи аршади барномаи ҳастаӣ
  • Узви пешини Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ. Дар ҷанги солҳои байни Эрону Ироқ (1980-1988) аз пой маҳрум гаштааст

АЛИРИЗО ЗОКОНӢ

НОМЗАДИ "НИҲОНӢ"

  • 58-сола
  • Тундрав
  • Шаҳрдори Теҳрон
  • Вакили пешини порлумон
  • Раҳбари собиқи созмони Басиҷи донишҷӯии Сипоҳ

МУСТАФО ПУРМУҲАММАДӢ

РӮҲОНИИ МАҲБУБИ НИЗОМ

  • 64-сола
  • Муҳофизакор
  • Вазири собиқи корҳои дохилӣ ва адлия
  • Ӯро ба нақши муҳим доштан дар қатли маҳбусони сиёсӣ дар соли 1988 муттаҳам медонанд
  • Ҳамеша ба вазифаҳои калидӣ таъйин шудааст

АМИРҲУСЕЙН ҚОЗИЗОДА ҲОШИМӢ

НОМЗАДИ "БЕ ҲАЁҲУ"

  • 53-сола
  • Тундрав
  • Муовини раиси порлумон
  • Роҳбари Бунёди шуҳадо, созмони зери таҳрими Амрико
  • Вакили пешини порлумон

МАСЪУД ПИЗИШКИЁН

НОМЗАДИ ИСЛОҲТАЛАБ

  • 69-сола
  • Ислоҳталаб
  • Вазири собиқи тандурустӣ
  • Намояндаи вилояти Озарбойҷони Шарқӣ дар порлумони Эрон
  • Муовини собиқи раиси Маҷлис