Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номзадии Аҳмадинажод рад шуд, Қолибофу панҷ каси дигар роҳ ёфтанд


Маҳмуди Аҳмадинажод
Маҳмуди Аҳмадинажод

Шӯрои нигаҳбони Эрон барои ширкат дар интихоботи президентии ин кишвар дар рӯзи 28-уми июн танҳо ба шаш нафар роҳхат додааст.

Ситоди интихоботии Ҷумҳурии Исломӣ рӯзи 9-уми июн гуфт, инҳо Мустафо Пурмуҳаммадӣ, Саид Ҷалилӣ, Муҳаммадбоқир Қолибоф, Алиризо Зоконӣ, Амирҳусейн Қозизода ва Масъуд Пизишкиён ҳастанд.

Қаблан даҳҳо нафар барои президентӣ дар Эрон худро номнавис карда буданд.

Маҳмуди Аҳмадинажод, раисҷумҳури собиқ; Алии Лориҷонӣ, раиси пешини Маҷлис ва Исҳоқ Ҷаҳонгирӣ, ислоҳталаб ва муовини собиқи президенти Эрон дар ин қатор буданд, вале барои ширкат дар интихобот иҷоза нагирифтаанд.

Пас аз ҳалокати Иброҳим Раисӣ, ҳаштумин раисҷумҳури Эрон, дар сонеҳаи ҳавоӣ дар рӯзи 19-уми май Теҳрон интихоботи президентии пеш аз муҳлат эълон кард.

Бо таваҷҷуҳ ба норозигии мардум аз низом ва буҳронҳои гузашта, пешбинӣ мешавад, ки шумораи каме дар интихобот иштирок кунанд. Ҳоло салоҳиятҳои раёсати ҷумҳуриро дар Эрон Муҳаммад Мухбир, муовини Иброҳим Раисӣ ба дӯш дорад.

XS
SM
MD
LG